Неолит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Неолит Замони неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар ҳел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нисбатан мукаммал ва бехтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеч асаре набуд, ба таври васеъ паҳн мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табии дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидои пайдо мешаванд. Тахминан 9–7 ҳазор сол қабл аз ин асри нави санг оғоз ёфтааст. Дар Осиёи Миёна се умумияти мадании таърихиро, ки аз якдигар бо шароити зиндаги ва осори худ фарқ мекунанд, метавон аёнан мушохида намуд. Дар ҳамин мархила дар хаёти чамъияти инсони тагӣироти таърихи руй медихад. Инсоният аз масраф ва захираи неъмат ба тавлид ва истехсоли он кадам мегузорад – чои шикор ва гизогундориро зироат ва чорводори ишгол менамояд. Ин дигаргуниро гохо «инкилоби неолит» меноманд. Албатта, воқеан ин тавр нест, балки ин ном факат шартист. Дар тули доманаи Копетдог он вактхо масканҳои ахли маданияти Чайтун – кабилахое, ки аз тамоми кавму тоифаҳои сокини Иттифоки Совети пештар ба зироат шуруъ намудаанд, вокеъ гардида буданд. Онхо дар дехкадаҳои кабилави, дар хонаҳои кулухи зиндагони мекарданд. Чорводори низ аз машгулиятҳои асосии онҳо ба шумор мерафт. Асбобу олоти дехконии онвакта аксаран аз досҳои содаи сангичахмоки иборат буданд, ки онҳо 36, 5 фоизи олатҳои тадқиқшударо ташкил менамоянд. Аз навъҳои зироат бештар гандум ва чав кошта мешуд. Дар катори аслихаву абзори сангичахмоки пораҳои зарфи гили хам пайдо гардиданд, ки аз мавчудияти кулоли дар он замон гувохи медиханд. Зарфхо дасти сохта, баъзан бо хатҳои ислими ва нақшунигори туросо оро дода мешуданд. Ин холо бостонтарин намунаи осори кулолии Осиёи Миёна мебошад. Ба санъати сафолиёти Чайтун хеле фаровон будани асбобҳои майдаи санги хос аст. Дар ин чо пайкони тир ё найза мутлако дучор нашуд. Аз афти кор, асбоби мехнат ва чанг аз сангҳои майда сохта шуда, баъд васл карда мешу[1]. Дар ҳамон даврахо барои сафолпази кураву хумдонҳои махсус вучуд доштанд, гарчанде худи асбобҳои сафоли кам истехсол мешуд. Дар яке аз бошишгохҳои маданияти Чайтун – дар Чупонтеппа кабрхое ёфт шуданд, ки хусусияти ба худ хос доранд ва ин хусусият дар давраҳои сони хам ба назар мерасад ва он иборат аз ҳамин аст, ки кабр дар худи бошишгох дар руи хавли ё дар дохили хонахо канда мешуд. Дар байни бошишгохҳои ин маданият Пассочиктеппа макоми махсус дорад ва махз дар ҳамин чо биное ёфт шуд, ки, аз афти кор, бинои чамъияти мебошад. Дар яке аз деворҳои ин бино бо ранги сиёху сурх сурати даррандагону чаррандагон ва нақши ачоиб кашида шудаас[2]. Ин сурат яке аз бостонтарин суратҳои руидевори дар СССР мебошад. Дар давраи неолит сокинони сохилҳои камбориши чануби Туркманистон барои обёри зохиран факат дамиши обро истифода мебурданд. Барои ин махсус чуйхо меканданд ва палхо месохтанд. Дар айни хол дар мачрои мобайнии дарёву дарёчахо вокеъ будани баъзе бошишгоххо шояд далели он бошад, ки оби он дарёву дарёчахо барои обёрии заминҳои лаби дарё истифода бурда мешуд. Чорводори хеле равнак ёфта бошад хам, ба туфайли шикор низ хеле гушт (дар Чайтун кариб 25%) ба даст оварда мешуд, ғайр аз ин пусту устухони чорво низ дар рузгор ба кор мераф[3]. Дар макони ин маданият – Чайтун низ чандин мучассамачаҳои гилии хайвонот ва одамонро ёфтаанд. Ин мучассамахо, ба акидаи В.М.Массон, маъбадҳои кабилави мебош[4]. Замон ва таърихи мавчудияти ёдгориҳои асосии маданияти Чайтун хазораи VI пеш аз милод аст. Кабилахое, ки ба умумияти дигар тааллук доштанд, дар дашту чулгаҳои Осиёи Миёна, хусусан дар вохаи Бухоро ва канораҳои баҳри Арал хаёт ба сар мебурданд. Ёдгориҳои аз онҳо бокимондаро бо номи «маданияти Калтаманор» ёд мекунанд. Вай асосан маданияти шикорчиён ва моҳидорон буда, бо ҳамин ҷиҳат аз маданияти пеш аз ин зикршуда тафовут дорад. Калтаманорихо, зохиран, дар мархалаҳои охири тараккиёти худ ба ром кардани хайвонот ва аз худ кардани зироати ибтидои шуруъ намудаанд. Санаи маъмули мавчудияти ин умумияти кабилави хазораи IV–III пеш аз милод аст. ҳамин тарик, дар он замон инкишофи номавзуни маданиятҳои асри санг ба амал меояд. хафриёти Чонбозкалъаи 4, ки аз он чо бокимондаҳои манзили калони гирдашакли аз чубу камиш сохташудаи ба чамоаи кабилавии иборат аз 100 нафар ва бештар аз он тааллукдошта пайдо гардид, хаёти кабилаҳои калтаманорро хеле барчаста тасвир менамояд. ҳамин навъ манзили боз хам калонтар дар кароргохи Ковати 7 ёфт шуд. Хусусияти маданияти Калтаманор аз олатҳои хурди сангичахмоки ва инкишофи техникаи васла зохир мегардад. Санги чахмок аз кухи Султонуиздог ба даст оварда мешуд. Дар ин чо кони санг ва устохонаи сохту пардохти олоти сангичахмоки (Бурли 3), ки ба давраи Калтаманор тааллук доштааст, пайдо гардид. ҳамчунин аз масканҳои бостона бисёр асбобҳои сафоли, аз ҷумла сафолҳои нақшунигорин ёфт шудан[5]. Дар кухистон ва махалҳои назди кухсори Осиёи Миёна умумияти кабилавии севум – маданияти хисор макон ёфта буд. Ин воқеа хам «неолити кухистон» аст, яъне давраест, ки бо шароити махсуси зиндагонии одамони даранишин тавсиф меёбад. Нахустин мухаккики маданияти хисор А.П.Окладников ҷиҳатҳои нихоят фарқкунандаи олатҳои сангии ин маданиятро, ки кисми асосии онҳоро асбобу абзори кайроксанги ташкил додаанд, хотирнишон намуда буд. Бозёфти чунин асбобу олот дар Осиёи Миёна мебошад. Хусусияти дигари ин маданият иборат аз он аст, ки дар байни ёдгориҳои он аз асбобҳои сафоли хеч як асаре дида намешавад. Ба акидаи А.П.Окладников, ахли маданияти хисор аввалин барзгарони вилоятҳои кухистон буда, дар баробари зироат ва чорводори шикор хам дар хаёти онҳо мавкеи худро нигох медоштааст. Бозёфтҳои Туткавул (сохили чапи дарёи Вахш дар наздикии Норак), ки он чо дар масоҳати калоне макони бисёртабака ва пуросори онвакта тадқиқ мешавад, таърихи пайдоиш ва чараёни инкишофи маданияти хисорро равшантар хохад намуд. Дар Туткавул чор табакаи маскун (ду табакаи маданияти мезолити хазораи Х–VIII пеш аз милод ва ду табакаи мутааллик ба худи маданияти хисор) кашф гардид. Дар табакаҳои маданияти хисор бокимондаҳои оташдони нимдоираи аз санг чидашуда, иичунин «хоначахо»-и махсуси аз девораҳои чандкабатаи санги биноёфта пайдо шуданд. Ин гуна суфачахо, ки зохиран ҳамчун бунёди манзилҳои сабукбори чуби хизмат мекардаанд, дар хафриётҳои Шарки Наздик низ дарёб гардиданд[6]. Дар байни бештар аз 40 хазор маснуоти асри санг, ки аз хафриёти Туткавул ба даст омадааст, табарҳои хуби суфта, кордҳои тез, абзорҳои дастии хонаги: дарафш, парма, белча ва бисёр олатҳои сохту пардохти чуб мавчуданд. Аслихаи асосии шикори аз найза ва синон иборат буд, ки ба дастаҳои чуби ё устухони тег нишонда, бо мум ва ширеш маҳкам мекарданд. Кисмати асосии ёдгориҳои маданияти хисорро олатҳои калони санги кайроки ташкил менамоянд. Асбобу олоти устухони хеле кам ба назар мерасад. Аз хафриёти ин ноҳия устухонҳо – аввалин осори антропологии ахли маданияти хисор низ ёфт шуданд. Мувофики усули радиокарби муайян карданд, ки табакаи болоии маскуни хисор 5150±140 сол пеш аз милод вучуд доштааст. Мукаррар кардани асосҳои иктисодии мархалаи туткавулии маданияти хисор нихоятдарача душвор аст. Вале аз мадракҳои археологи чунин бармеояд, ки он маскани шикорчиён ва гундорандагони неъматҳои табии набуда, балки одамони навакак ба шаклҳои истехсолкунандаи хочаги кадамгузошта мебошанд. Иктисодиёти сокинони бостонаи Туткавул бештар ба мархалаи «пайдоиши зироат ва чорводори» наздик аст. Як катор нишона ва аломатхо гувохи медиханд, ки чорводори мавкеи асоси доштааст. Дар байни устухонҳои микдоран ками хайвонот, ки аз табакаҳои маскуни берун оварда шудаанд, устухони буз ва гусфанди хонаги ба назар мерасанд. холо дар дасти мо баъзе далелхое мавчуданд, ки барои муайян кардани худуди интишори маданияти хисор имкон медиханд. Ин навъ ёдгорихо асосан вохаҳои сарзамини имрузаи Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ёдгориҳои мушобехи ин, ки дар дигар ноҳияҳои кухистони Осиёи Миёна, аз ҷумла дар шимоли Тоҷикистон, Фаргона ва сохилҳои Иссиккул дучор меоянд, мутаассифона, то хол дуруст омухта нашудаанд. Таърихи мавчудияти маданияти хисор ва санаҳои асосии осори он низ муайян карда шуд. Маълум гардид, ки ин маданият на камтар аз се хазор сол (хазораҳои VI–III пеш аз милод) давом кардааст. Ёдгориҳои давраи аввали ин маданият дар Туткавул, давраи миёна дар Куи Булёни Дангара ва нихоят давраи охири он дар Теппаи Гозиёни хисор махфуз мондаан[7]. Масъалаи гузаштан аз маданияти хисор ба фулуз ҳанӯз ба дарачаи кофи тадқиқ нагардидааст.

  1. Массон В.М., 1971, сах 27
  2. Дар ҳамон чо, с.51.
  3. Дар ҳамон чо, с. 81–89.
  4. Массон В.М., 1966 б, с. 88.
  5. Толстов С.П., 1948 а. с. 59–66; Виноградов А.В., 1968; Коробкова Г.Ф., 1969.
  6. Иraidwood R.J. 1967, р. 106-107.
  7. Коробкова Г. Ф., Ранов В. А., 1968.