Низории Кӯҳистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Низории Кӯҳистонӣ
Зодгоҳ:
Санаи марг:

1320

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

шоир

Низории Кӯҳистонӣ (Ҳаким Саъдуддин ибни Шамсиддин ибни Муҳаммади Низорӣ (ё ки Кӯҳистони); 12471320) — шоир ва сарояндаи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Низории Кӯҳистонӣ соли 1247 дар шаҳри Бирчанди Кӯҳистон таваллуд ёфтааст. Падари ӯ аз ашрофони заминдор, аз пайравони ҳаракати исмоилия буда, фарзандашро ҳам бо ҳамин руҳия тарбия кардааст:

Маро модар ба шири ишқ парвард, Падар таълим дар девонагӣ кард. Зи тан бо ҷон бурун ояд чунин шир, Валекин то киро доданду кай хвард (хурд).

Низориро аввал ба мактаб, баъд ба мадраса доданд. Тартиботи мактаби исмоилиҳо аз мактабҳои мусулмонӣ, ки бо зарби чӯб таълим медоданд, фарқ намекард:

Ба мактаб арчи фиристодаям наку монад, Гирифт нохуни ҷанги ба зарби чӯби адиб.

Низори бештар мустақилона таҳсили илм кардааст. Дар асрҳои ӯ номи шоирон ва файласуфон: Фирдавсӣ, Низоми, Хайём, Сӯзани, Саноӣ, Аттор ва дигарон бисёр во мехӯрад. Дар фалсафа ба Форобӣ, Ибни Сино ва Хоҷа Насриддини Тӯсӣ пайрави кардааст. Вай аз ҷавони ба хизмати идораи маъмурии ҳокими муғул Туғохон, ки дар кӯҳистон фармонравои дошт, дохил шуда, бо роҳи хизмати расми борҳо ба кишвари Рай, Кӯҳистон ва Сиистон сафар кардааст. Ҳангоми сафарҳояш шаҳру деҳи ҳароб ва мардуми мазлуми парокандаву гурезаи онҳоро дида, ба ҳокимони золими муғул нафрин хондааст:

Ба Коин омадаму тангдил бурун рафтам, Кадом Коин, Коини хароб буду беоб.

Вай аз соли 1280 сар карда, то августи соли 1281 ба Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон сафар кардааст. Сафарҳо донишу ҷаҳонбинии ӯро вусъат доданд ва дар «Сафарномаи»-и манзуми ӯ акс ёфтаанд. Баъди бозгашт аз сафар чанде дар хизмати дарбор будааст. Вале хасудон, рақибу айбҷуёни нотавонбин ӯро ба хиёнати дарборӣ айбдор кардаанд. Баҳонаи тӯҳмат он буд, ки дар ғазалҳояш ғояи исмолиҳоро тараннум кардааст:

Дар вазорат муттаҳам карданд хуссодам ба визр, Ман ба дил дар Каъбаи сидқу ба хотир дар мазор.

Низори баъд хизмати дарборро тарк карда, гушанишиниро ихтиёр мекунад:

Чун аз он морони заҳрафкан халоси ёфтам, Ин замон дар кунҷи узалат менишинам ганҷвор.

Тахминан соли 1300 ӯро аз имтиёзҳое, ки дошт, маҳрум карданд ва шоир дар мӯҳтоҷи ба корҳои эҷодӣ машғул мешуд:

Хусраво, бандаи мамлук Низории интизор, Ҳаст ҳам муфлису ҳам мустаҳаку ҳам мӯҳтоҷ.

Низори соли 720 ҳиҷрӣ (1320 мелодӣ) дар зодгоҳаш вафот кардааст. Эҷодиёти адабии ӯ аз ҷавони оғоз ёфта, то охири умраш давом кардааст. Мероси адабии Низорӣ аз ғазал, қасида, маснавӣ, рубоӣ, қитъа, таркиббанд, тарҷеъбанд, муноҷот ва ғайра иборат буда, чил ҳазор байт аст. Қасидаҳояш бештар тавсифу таърифи ҳокимонро дар назар дорад, ки баъдҳо Низорӣ аз онҳо даст кашидааст. Ғазалҳояш маънои ҳаётдӯстӣ дорад. Айшпарасти (гезонизм) аз ду ҷиҳат дар эҷодиёти Нозирӣ зоҳир гаштааст: Яке ҳаётдӯстӣ алайҳи тарқи дунъё:

Зоеъ макун ҳаёт, ки овозаи биҳишт- Овозаи хуш бувад, вале маол аст он зи дур. Бар хоқи зиндадилон, эй Низориё, Биншин, ки ҷумла бехабаранд аз биҳишту хур.

Дигаре, ҳаётдӯстӣ ва лаззати ҳаётро ба ғам, зулм ва золимон мукобил гузоштан:

Дили золим куҷову раҳм куҷо?! Бесутун бехабар зи Фарҳод аст. Ҳама иблису деву ифританд, З-одами худ касе нишон додааст? Дар чунин давр, хок бар сари он, Ки бад-ин зиндагӣ дилаш шод аст? Бода мехур, Низориёву махур Ғами дунё, ки сар ба сар бод аст.

Низорӣ як силсила достон ва маснавиҳо дорад. Масалан, «Сафарнома»-и манзум (1281), «Адабнома», (дар вазни «Шоҳнома», с.1295-1296), «Моҷарои шабу рӯз» (с.1300), «Азхару мазҳар» (дар пайравии «Хусравнома»-и Аттор, с.1300), «Дастурнома» (бар вазни «Искандарнома», с.1310-11), «Дар одоби муошират» (ба равияи «Бӯстон»-и Саъдӣ), ки арзиши баланди адабӣ доранд. Аз ин панҷ достону маснавӣ бармеояд, ки Низорӣ ҳам «Хамса» доштааст, вале «Хамса»-и ӯ на дар пайравии Низомӣ эҷод шудааст.

ҒАЗАЛИЁТ[вироиш]

Ёрам, ки зи ман намекунад ёд, Ҷон асту зи тан намекунад ёд. Бигзашт маро сабо ба кӯяш, Дигар зи чаман намекунад ёд. Баргашт магар ба кӯи Юсуф, Аз байти ҳазан намекунад ёд. Бо лӯълӯи обдори дандон-ш, Аз дури Адан намекунад ёд. Аз гиряи зору ашки шӯрам Он пистадаҳан намекунад ёд. Мискин дили манн бирафту дигар Аз кунҷи ватан намекунад ёд. Инкор макун агар Низорӣ З-он аҳдшикан намекунад ёд.

Ба коми дил бидидам хештанро, Гирифтам дар бар он симинбаданро. Ба дастам дод зулфе, к-аз насимаш Ҷигар хун гардад оҳуи Хутанро. Бибӯсидам баногӯше, ки аксаш Тароват дод барги настаранро. Санавбарқомате, к-аз рашки соқаш Ба гил дармондпо сарви чаманро. На дар паҳлӯ, ки бар чашмаш нишонад, Агар чун гул диҳад коре суманро. Ҷаҳоне дар шакар гирад ҳар он гаҳ, Ки ҳамчун писта бикшояд даҳанро. Чу бинмояд сари дандон ба ханда, Бирезад оби рӯ дури Аданро. Зи бӯяш зинда вомонад Низорӣ, Ба хокаш гар фиристад пираҳанро.