Jump to content

Нилуфариҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нилуфариҳо
Нилуфари сафед
Нилуфари сафед (Nymphaea alba)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Nymphaeaceae Salisb. (1805)

Нилуфариҳо (лот. Nymphaeáceae) — оилаи рустаниҳои дупаллагӣ.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гиёҳҳои бисёрсолаи обӣ. Баргашон калон-калон (диаметраш то 2 метр) буда, одатан дар рӯи об шино мекунанд. Гули дуҷинса (диаметраш 35 сантиметр) до­ранд.

8 ҷинс — тугмачагули обӣ, нилуфар, гули садра, эвриала, камоба лаълигул (виктория), бразения ва барклая ва қариб 100 намудашон дар ҳама ҷо (ғайр аз Арктика, Ан­тарктика, даштҳо ва баландкӯҳҳо) паҳн шудаанд. Дар ИҶШС намудҳои ҷинси тугмачагули обӣ, нилуфар ва эвриала месабзанд. Дар боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои ҶШС Тоҷикистон 11 намуд ва 4 навъи дурагаи нилуфар (кабомба — Cabomba caraliniana, тугма­чагули обӣ — Nuphar luteum, эвриала — Euryale ferox, лаълигул — Vic­toria cruciana, гули садра — Nelumbo nucifera ва ғайра), ки мансуби в ҷинсанд, ҷамъ оварда шудаанд.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар замонҳои қадим дар Тоҷикистон гули садра мерӯид. Инро олимони тоҷик аз нишонаҳои баргҳои гули садра, ки дар таҳшинҳои давраи сеюм ёф шудаанд, муайян карданд. Ҳоло дар шароитҳои табиии Тоҷикистон нилуфариҳо намеруянд.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».