Jump to content

Нуруддин ибни Абдурраҳмон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Нуруддин ибни Абдураҳмон)
Нуруддин ибни Абдурраҳмон

Нуруддин ибни Абдурраҳмон ибни Абдулқодири Гӯянда (? — қарни XV) — мусиқидон, навозанда ва оҳангсози форс-тоҷик, писари Абдулқодири Гӯянда.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст.

Дар санъати сарояндагӣ, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари машҳури худ «Ҷомеъу-л-алҳон»-ро ба ӯ бахшидааст. Муддате дар дарбори ҳокимоии турки усмонӣ хизмат кард ва рисолаи мусиқии илмӣ-назариявии «Мақосиду-л-адвор»-ро дар пайравии падараш таълиф намуд. Аз ҳунармандони турк шогирдони зиё­де дошт, пас аз вафоти ӯ писараш Абдулазизи Мароғӣ анъанаҳои ӯро давом дод.

  • Нуруддин ибни Абдураҳмон // А — Гавҳар. — Д. : СИЭСТ, 1978. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 1).