Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II
Jump to navigation
Jump to search
Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II - ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи II:
- Шахсоне, ки мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатиро ишљол менамоянд ва вазъи ҳуқуқии онҳо бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- шахсоне, ки мансабҳои асосӣ ва пешбарандаи давлатии хизмати давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ишљол мекунанд ва чун қоида бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд;
- дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои нав, ки бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II ё ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III ё ордени Зарринтоҷ дараҷаи III мукофотонида шудаанд, сарфароз мегарданд.[1]
Ордени Зарринтоҷ дараҷаи II дорои нишон буда, онро:
- мардҳо бо тасма дар гардан;
- занҳо бо банти тасмагӣ дар тарафи чапи сари сина меовезанд;