Jump to content

Тундгароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Радикализм)
Намунаҳое аз таблиғоти тундгароёнаи рост ва чап аз даҳаи 1960

Тундгароӣ, ё радикализм (англ. radicalism) — ҳавохоҳию тарафдорӣ аз «дигаргуниҳои бунёдӣ»-и ҷомеъа ва ниҳодҳои иҷтимоъии мавҷуд.

Радикал, аз назари луғавӣ ба маънои аслу реша аст ва дар улуми иҷтимоӣ ба он андешаҳое мегӯянд, ки иқдомоте тунду сахт ва решаиро дар беҳбуди ҷомеа хоҳонанд ва дигаргуниҳои бунёдиро дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ талаб мекунанд.

Радикалҳо дигаргуниҳои фаврӣ ва қатъӣ ворид намуданро ҳатто бо роҳи зӯрӣ дуруст мешуморанд. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илмию сиёсӣ дар асри 18 аввалин бор дар Англия вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 истифода гардидааст. Ба таври оммафаҳм калимаи радикализм маънои изҳори амали қатъӣ ва канорагирӣ карданро дорад. Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён муносибати номатлуб доштани худро бо низомҳои сиёсии мавҷуда баён намуда, ҳалли масъаларо дар барҳам додани онҳо диданд. Аз ин рӯ, радикализм бо сохти сиёсии мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст ва саъй мекунад, ки авзоъро дар дохили ҷомеа ноором созад[1].

  1. Радикализм чист?. www.tajmedun.tj. 1 феврали 2024 санҷида шуд.