Рашидии Самарқандӣ
Зодгоҳ | |
---|---|
Кишвар |
Абумуҳаммад ибни Муҳаммад Рашидии Самарқандӣ (форсӣ: ابومحمد بن محمد رشیدی سمرقندی; ? — қарни XII) — шоир, донишманд ва ахтаршиноси форс-тоҷики дарбори Карахониён.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳарчанд ки соли таваллуд ва вафоти Рашидии Самарқандӣ маълум нест ва дар бораи вай маълумот хеле кам ва ноқис аст, вале аз шоирони маъруфи асри худ будааст. Рашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад ибни Муҳаммад яке аз шоирони форсу тоҷик аст, ки дар асрҳои ХI ва ибтидои асри ХII зиндагонӣ кардааст. Дар Самарқанд илмҳои расмии замонаашро омӯхтааст.
Маълумоти нисбатан пурраро дар бораи Рашидӣ муаллифи «Таърихи адабиёти форсӣ» Ҳерман Этте додааст. Рашидӣ баъд аз хатми мадраса ва камолоти таҳсилу такмили маҳорати шоирӣ дар доираҳои адабии Қарохониён ва Салҷуқиён хидмат кардааст. Шоири дарбори Хизрхони Қарохонӣ (аввали асри XII) будани вай ва дараҷаи саидашшуароӣ доштани ӯро нақле, ки Низомии Арӯзӣ дар "Чаҳор мақола оид ба муносибати ӯ ба Амъақи Бухороӣ овардааст, тасдиқ менамояд
Рашидӣ бисёр ҳозирҷавоб ва базлагӯй буд, ки махсусан барои шоири дарбор лозим буд. Боре Хизрхон дар суҳбат бо Амъақ пурсидааст, ки ӯ дар бораи шеърҳои Рашидӣ чӣ мулоҳиза дорад. Амъақ ҷавоб додааст, ки «хуб аст, вале андак бенамак аст». Дар ин суҳбат Рашидӣ ҳозир набуд, вақте ки ҳозир шуд, подшоҳ ба ӯ гуфтаи Амъақро нақл карда, ҷавоб гуфтанро тақозо намуд. Рашидӣ бадеҳатан гуфтааст:
- Шеърҳои маро ба бенамакӣ
- Айб кардӣ, раво бувад шояд:
- Шеъри ман ҳамчу шакару шаҳд аст,
- Андар ин ду намак намебояд.
- Шалғаму боқилост гуфтаи ту,
- Намак, эй қалтабон, туро шояд.
Ровӣ нақл мекунад, ки шоҳ аз ин ҷавоб хурсанд шуд. Дар суҳбати ӯ одатан ҳар рӯз чор табақ тило мегузоштанд. Он рӯз подшоҳ ҳар чор табақ тилоро ба Рашидӣ бахшид.
То кадом дараҷа дуруст будани нақлро тасдиқ кардан душвор аст, вале ин далели он аст, ки Рашидӣ маҳорати ҳозирҷавобӣ, латифагӯӣ ва табъи хуш доштааст.
Хусусияти дигари ҷолиби диққат дар эҷодиёт ва ҳиссиёти Рашидӣ ватандӯстӣ ва ифтихори миллист. Масалан, дар замони ҳукумронии феодалҳои турк муносибат ба шоирони классики миллии давраи ҳукумронии феодалҳои тоҷик Сомониён тағйир ёфт. Баъзе шоирони дарбор аз қабили Муиззӣ ва. Хоқонӣ онҳоро ҳаҷву тамасхур карданд. Рашидӣ ҳамчун шоири ватанпарвар тарафи эшонро гирифта, эҷоди он шоиронро ҳимоя кардааст. Масалан, ӯ дар бораи миқдори мероси адабии Рӯдакӣ маълумоти қиматбаҳое дода, вайро зебандаи сарварии шоирон донистааст. Шояд аз сабаби барои шоирони ватандӯст номусоид будани шароити дарбори Карахониён бошад, ки Рашидӣ аз ватан ҳиҷрат карда, аз шаҳре ба шаҳре, аз дарборе ба дарборе гаштааст. Вай аз дарбори Карахониён ба дарбори Салҷуқиёни Хуросон Туғоншоҳ (ҳукумрониаш байни 1174—1186) ва Мозандорон Ҳисомуддавла Ардашер (1172—1207) рафта, шоири дарборӣ шудааст.
Рашидӣ асосан шоири қасидасаро мебошад. Қасидаҳои ӯро аз ҷиҳати шакл ба қасидаҳои Анварӣ баробар медонанд, вале аз ҷиҳати мазмун аз вай пасттар мешуморанд. Рашидӣ ҳам монанди Анварӣ илова ба шоирӣ, аҳли илм — мунаҷҷим ҳам будааст ва аз шоирони забардасти замони худ ба ҳисоб рафта, ӯро ба дараҷаи устодӣ мешинохтаанд. Қасидасарои моҳиру машҳур Заҳири Форёбиро шогирди ӯ медонанд.
Рашидӣ дар охири умраш аз хидмати дарбор ва умуман дунёҷӯӣ даст кашида, гӯшанишин шудааст. Ниҳоят дар шаҳри Табрез вафот кардааст ва қабраш дар қабристони «Мақбаратушшуаро»-и Сухроб будааст.