Jump to content

Рӯзи ваҳдати миллӣ (Тоҷикистон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Рӯзи ваҳдати миллӣ)

Рӯзи Ваҳдати миллӣ — яке аз ҷашнҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳар сол 27 июн баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар саммити байнулмилалӣ (соли 2016)

27 июни соли 1997 — пас аз 8 давра гуфушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 — 27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.

Баргузории ҷашн

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.[1]

Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд.

27 июн — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқаррар шудааст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола дар саросари кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.[2].

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]