Jump to content

Кабудсурфа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Сурфакабудак)
Сурфакабудак
Мальчик, больной коклюшем, на осмотре.
Мальчик, больной коклюшем, на осмотре.
МКБ-10 A3737.
МКБ-9 033033
DiseasesDB 1523
MedlinePlus 001561
eMedicine emerg/394  Шаблон:EMedicine2
MeSH D014917

Кабудсурфа, кабудсулфа, сурфакабудак, сулфакабудак, (фр. coqueluche; лот. Pertussis) — як навъ бемории шадиди сироятӣ. Ба кабудсурфа хуруҷи сурфаи ташаннуҷӣ хос буда, он ҳар сари чанд вақт падид меояд. Ангезандаҳои кабудсурфа бактерияҳои қаламчамонанд мебошанд. Кабудсурфаро кабудсурфа 1906 олимони белгиягӣ Борде ва франсавӣ Жангу кашф кардаанд. Қаламчамикроби қатраҳои балғам ва луоби бемор ҳангоми сурфа ба ҳаво паҳн шуда, баъд бо роҳи нафас ба организми одами солим мегузарад.

Аз кабудсурфа фақат ҳангоми тамос бо бемор сироят ёфтан мумкин аст, чунки ангезандаи он ноустувор буда, берун аз организм зуд маҳв мешавад. Кабудсурфа ба воситаи анҷоми хона намегузарад. Ба кабудсурфа бештар кӯдакони аз 1 то 5-сола, баъзан то 1-сола гирифтор мешаванд. Баъди беморӣ иммунитети устувор боқӣ мемонад. Ҳолатҳои такрор ёфтани беморӣ ниҳоят кам рӯй медиҳанд.

Баъди сироят ёфтан, давраи ниҳонии кабудсурфа 2 — 15 рӯз (ба ҳисоби миёна 5 — 9 рӯз) давом карда, дар ин муддат беморӣ зоҳир намешавад. Минбаъд бемор кам-кам сурфида, сурфа рӯз аз рӯз сахттар, ҳарорати бадан баланд мешавад; кӯдак инҷиқ ва хобу иштиҳо бад мегардад; ин давра то 2 ҳафта тӯл мекашад ва онро давраи назлавӣ меноманд. Тамоми зуҳуроти беморӣ тадриҷан авҷ гирифта, аҳволи кӯдак бад, сурфа бардавом ва вазнин мегардад, дар охири ҳафтаи дуюму авв. ҳафтаи сеюм он хусусияти хуруҷмонанд пайдо мекунад. Беморӣ ба давраи сеюм (ташаннуҷӣ) мегузарад, ки давомоти он 1 — 5 ҳафта аст. Хуруҷи сурфаи ташаннуҷӣ аломати асосӣ ва доимии кабудсурфа мебошад. Сурфа бо ду-се такони чуқур оғоз ёфта, баъди он паи ҳам силсилаи таконҳои кӯтоҳ ба амал меоянд; билохир хуруҷ бо нафасгирии чуқури мушобеҳ ба ҳуштак кашидан (аз ташаннуҷ танг шудани ҳанҷара) ба итмом мерасад. Сипас аз нав таконҳои сурфа оғоз меёбанд. Вазнинии беморӣ ба давомот ва теъдоди хурӯҷҳо вобаста аст. Хуруҷи сурфа дар кӯдакони хурдсол бардавом (то 2 — 3 дақ.) буда, аз таконҳои кӯтоҳи нафасбарорӣ (модоми нафас гирифтан овози ҳуштак ба вуҷуд намеояд) иборат аст. Дар аснои хуруҷ чеҳраи бемор сурх, сипас кабудтоб мегардад, аз чашм ашк мерезад, баъзан раги хуни пардаи сафеди чашм мекафад, забон аз даҳон баромада, венаҳои гардан варам ва беморон ғайриихтиёр қазои ҳоҷат ва пешоб мекунанд. Хуруҷ бо ҷудо шудани балғами ғализ, баъзан бо қай ба итмом мерасад. Хуруҷи сурфа дар як шаборӯз аз 5 то 30 маротиба ва баъзан бештар такрор меёбад. Рӯю пилк варам карда, пӯсти рӯй мумкин аст хунрез гардад. Дар фосилаи байни хуруҷҳои сурфа кӯдакон худро нағз ҳис мекунанд. Сурфа тадриҷан суст ва хуруҷҳо кам гашта, давраи офият оғоз меёбад (1 — 3 ҳафта давом мекунад).

Давомоти беморӣ аз 5 то 12 ҳафта аст. Бемории кӯдакон то 30 рӯзи аввал сироятнок мебошад. Моягузаронии оммавӣ боиси пайдоиши шакли ноаёни кабудсурфа гардид; дар ин давра сурфа хеле сабук мегузарад ё тамоман нест мешавад. Газаки шуш (махсусан дар кӯдакони аз 1 то 3-сола), хунравии бинӣ, таваққуфи нафас оризаи кабудсурфа аст. Дар кӯдакони ширмак ва заиф кабудсурфа мумкин хеле вазнин гузарад; давраи назлавӣ кӯтоҳ, баъзан дер, давраи ташаннӯҷӣ дарҳол оғоз меёбад; аксар вақт хуруҷи сурфа боиси таваққуфи нафас мегардад.

Кабудсурфаро духтур табобат мекунад. Кӯдакро дар хонаи алоҳида мехобонанд ё каташро парда кашида ҷудо мекунанд. Хонаро мунтазам шамол дода, фарши онро бо латтаи намнок пок кардан лозим аст. Фақат дар сурати таби баланд ва авҷ гирифтани оризаҳои ногувор беморро бистарӣ мекунанд. Агар кӯдаки бемор худро нағз ҳис карда, ҳарорати бадани ӯ мӯътадил бошад, бояд тобистон тамоми рӯз ва зимистон (ҳарор. 10 — 150С) 4 — 6 соат аз кӯдакони солим ҷудо дар ҳавои тоза сайругашт кунад. Ба кӯдак зуд-зуд (дар як шаборӯз то 10 маротиба) ғиз медиҳанд (фақат баъди итмоми хуруҷи сулфа ё қай). Хӯрок бояд серғизо ва хушҳазм бошад (макабудсурфа, творогу хӯроки суюқи соида, шавла, пюреи сабзавотӣ, тухми нимхом, гӯшти беравған, моҳӣ). Кӯдакро дар вақти хуруҷи сурфа ба даст мегиранд ё мешинонанд, ҳангоми сурфаи сахт сарашро каме хам мекунанд, то ки луоби дар даҳон ғуншуда зуд берун ояд.

Ваксинатсия тадбири аз ҳама самарабахши пешгирии кабудсурфа аст. Бо ин мақсад аз ваксинаи АКДС (ваксинаи сурфакабудаку хуноқу кузоз) истифода мебаранд. Онро аз 3-моҳагӣ (баъди ҳар 1,5 моҳ як борӣ 3 маротиба) мегузаронанд; ваксинатсия пас аз 1,5 — 2 сол такрор карда мешавад. Беморро 30 рӯзи аввал ва кӯдакони бо бемор тамос доштаро 14 рӯз ҷудо нигоҳ медоранд.

  • Қамардинов Х.Қ. (ва диг.), Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000;
  • Коровкин М. А., Почему дети болеют, М., 2003;
  • Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005;
  • Детские инфекции, М., 2005;
  • Акимова Г. Е., Расту, играю, развиваюсь!, Екатеринбург, 2006;
  • Камардинов Х. К., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.