Таърихи Русия:Давраи табадуллотҳои дарборӣ
Давраи табаддулоти дарборӣ. Империя Рус дар садаи XIX Баъди вафоти Петри 1 давраи табаддулоти касри оғоз шуд(эпоха дворцовых переворотов.). (Расми.21) Аз соли 1725 то соли 1762 шаш шоҳ иваз шуд. Аз соли 1725 то 1727 дар шоҳигарии русҳо Екатеринаи 1, зани Пётри 1, дар тахт буд, аммо шоҳи асили сиёсат дар ин давра А.В. Меншиков буд ва давлатро идора мекард. Баъди вафоти Екатеринаи 1, Пётри II ба тахт мешинад, лекин ногоҳ соли 1730 вафот мекунад. Ҳамин тавр дар тахти давлат дорӣ ҷияни Пётри 1- Анна Иоановна (1730-1740) ва маҳбуби ӯ Бирон боқӣ монд. Соли 1740 дар натиҷаи табаддулоти дарборӣ ба тахт дар муддати кӯтоҳ Анна Леопалдовна нишаст. Соли 1741 бошад, бо ёрии артиш ва сиёсатӣ Фаронсаю Шведсия ба тахт духтари Пётри 1- Елизавета, ки Русияро 20 сол ҳукмронӣ(1741-1761) мекунад менишинад. Баъд Пётри III ҳукмрон мешавад як сол, ки сиёсати ӯ на онқадар шуҳрат дошт дар Русия. Июни соли 1762 боз як табаддулоти дарборӣ ба амал омад, ки дар натиҷа зани ӯ Екатеринаи II (Рис.22)ба тахт нишаст. Ҳамин тавр давраи табаддулоти дарборӣ дар садаи XVIII ба охир расид, ки дар ин вақт давлатдорони рус танҳо мубориза бар тахт бурдан аммо ба корҳои давлатӣ аҳамият надодан. Дар садаи XIX Русия империя бузург боқӣ монд, лекин сиёсати дохилӣ ва мушкилиҳои ҷиддӣ давлатро намонд, ки пеш равад. Масалан яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳуқуқи крепостноӣ буд: деҳқонон қариб ҳуқуқи шаҳрванди надоштан онҳо аз мулкдорон вобаста будан яъне озод набудан. Ҳуқуқи крепостноӣ пешравии Русияро нигоҳ медошт лекин ба давлат нафъ дошт. Александри I (1801 – 1825 гг.) (Рис.23), ҷияни Екатеринаи II, давлатдории худро аз ислоҳоти давлатӣ оғоз кард: системаи давлатдории худро иваз кард, ҳуқуқи крепостноиро маҳдуд кард, мактабҳои умумӣ сохта ба истифода дод боз литсею университетҳо барои деҳқонон кушода шуд. Лекин ба воқеаҳо ҷанги шаҳрвандии 1812 мушкили эҷод намуд, мисли он ки давлатдории ӯро ба 2 давра тақсим мекард. Давраи якум бо сиёсатмадорӣ оқилу доно М.М Сперанский, ки ӯ бо тартиб додани ислоҳот машғул буд. Дар давраи дуюм бо иштироки А.А.Аракчеева мустаҳкамкунии полиси давлатӣ ба амал меояд: полиси ҳарбӣ сохта мешавад, аммо ҳолати деҳқонон бад мешавад. Ҳаракати декабристон, ки бо шуриши яроқнок соли 1825 ба охир расид дар майдони Сенати шаҳри Санкт-Петербург(Рис.24), зиёдшавии муборизаи ҳукумати марказӣ ва деҳқонони русро нишон дод. Сиёсати Николаи I (1825 – 1855 гг.) (Рис.25) бар хилофи талаби замон буд ва он Русияро ба бӯҳрони иқтисодию-иҷтимоии миёнаҳои садаи XIX оварда расонид. Александри II (1855 – 1881 гг.) (Рис.26), ки Николаи I-ро иваз кард, дар охир ислоҳоти бузургро ба анҷом расонид: ҳуқуқи крепостноиро манъ кард, ба деҳқонон ҳуқуқ дода шуд, ки замини худро аз боён харида тавонанд ва озод бошанд(1861). Ислоҳот тамоми соҳаҳои давлатдориро дарбар мегирифт. Аммо ин ислоҳотҳо равиши инқилобро тезу тунд кард. Барои он ки дар асл ҳуқуқи крепостнои дар манъ карда нашуд. Соли 1881 дар натиҷаи ҳамлаи террористи Александри II-ро куштанд дар Петербург, баъдтар дар онҷо калисо сохтанд Спас-на-Крови (Рис.27). Ҳаракати мустаҳкам кардани давлат аз тарафи шоҳи нав Александр III (1881 – 1894 гг.) танҳо ҳолати Русияро бад кард Дар айёми ҳукмронии охирин императори рус Николаи II (1895 – 1917 гг.) (Рис.28) равиши инқилоб дар Русия ногоҳ авҷ гирифт ва дар натиҷа шикасти сохти монархи ба вуҷуд омад. Инқилоб нишон дод, ки сохти давлатдорӣ ва ҷамъият дигар шуд. Ҳамин тавр империяи Русия ба охир расид ва давраи нави шурави оғоз ёфт.