Тошхӯҷа Асирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Тошхӯҷаи Асирӣ)
Jump to navigation Jump to search
Тошхуҷа Асирӣ
Тошхуҷа Асирӣ
Санаи таваллуд:

соли 1864

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

соли 1915

Навъи фаъолият:

шоир, маорифпарвар

Тошхуҷа Асирӣ - (1864,Хуҷанд - 1915) шоир, маорифпарвари тоҷик.

Ҳолнома[вироиш]

Тошхуҷа Асирӣ соли 1864 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар оилаи ҳунарманди сангиосиётарош таваллуд ёфтааст. Асирӣ таҳсили ибтидоиашро дар Хуҷанд гирифта, соҳиби хату савод шуд. Баъд барои такмили дониши худ ба шаҳри Қӯқанд, ки яке аз марказҳои илмию адабии Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт, рахти сафар барбаст. Асирӣ усули таҳсили мадрасаҳои Қӯқандро напазируфта, тарки таҳсил кард ва илмҳои маъмули замонаашро мустақилона омӯхт. Асирӣ ба доираи адабии Қӯқанд наздик мешавад. Сарвари ин доираи адабӣ Муқимӣ ва Фурқат буданд ва онҳо низ дар мактаби маорифпарварии Аҳмади Дониш тарбия ёфта, дар инкишофи адабиёти ӯзбек саҳми калон гузоштанд. Дар он рӯзгор Қӯқанд ба ҳайати Русия дохил мешуд ва таъсири илму маданияти рус ба он хеле калон буд. Аз ин ҷост, ки Асирӣ дар Қӯқанд забони русиро омӯхт ва ба адабиёту маданияти он аз наздик ошно шуд. Пас аз 8 соли зиндагӣ ва таҳсил Асирӣ боз ба Хуҷанд баргашт ва ба касби меросии сангиосиётарошӣ машғул гардид ва дар баробари ин шеър эҷод мекард. Асирӣ соли 1915 дар шаҳри Хуҷанд аз дунё чашм пушид.

Сарчашма[вироиш]