Факултети биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети филологияи тоҷик яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1932. Соли 2010 факултети фанҳои табии ба факултетҳои «Биология ва химия» ва «География ва экология» ҷудо шуд.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Факултети биология ва химия ҳамсоли ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров аст. Соли хониши 1932 – 1933 дар донишгоҳ шуъбаҳои физикӣ-техникӣ ва агробиологӣ таъсис ёфтанд, ки дар онҳо ҳамагӣ 140 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Сонитар дар асоси шуъба факултетҳои алоҳида ташкил ёфтанд ва шуъбаи агробиология номи факултети табиатшиносӣ ва химияро гирифт. Таъсисгарони кафедраи химияю биология устодон А.А.Диброва ва Б.М.Комаров буда маҳз, онҳо дар рушди илми табиатшиносӣ хидмати арзанда ва шоиста кардаанд. Аввалин дастпарварони факултет 16 нафар ҷавонон буданд, ки 11 нафари онҳо тамоюли табиатшиносӣ доштанд. Қобилияти баланди донишандӯзии хатмкардаҳо Муборак Иброҳимова ва Зайниддин Осимовро ба назар гирифта, онҳоро барои кор дар донишгоҳ нигоҳ доштанд. Дастпарварони факултет З. Осимӣ ва С. Абдуллоевро бо роҳхат ба шаҳрҳои Маскаву Ленинград барои идомаи таҳсил роҳӣ намуданд. Дере нагузашта номзадони илмҳои химия Л. Раҷабов, муаллимон Б. Рауфов ва О. Каримов сафи устодонро пурра карданд. Охири солҳои сиюми асри гузашта кафедраи химияи умумӣ ба кафедраҳои химияи органикӣ ва ғайриорганикӣ ҷудо шуд. Сарварии кафедраро А.Диброва бар уҳда дошт. Ҳамчунин номи устодони ин соҳа Р. Ашӯров, З. Осимов, А. Ҳотамов, О. Каримов ва М. Ализода чун олим ва устодони соҳибкасб вирди забонҳо гардида буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолияти илмии олимон ва омӯзгорони факултети табиатшиносӣ ба пешбурди хоҷагии халқ махсусан саноати сабук ва химия нигаронида шуда буд. Б.М.Комаров набототи кӯҳи мевағул ва маҳалҳои атрофии онро меомӯхт. Омӯзгор Асад Отаев барои аз набототи ҳавзаи Сирдарё рӯёнидани рангҳои гуногун тадқиқот мебурд, ки онҳо дар саноати сабуки Тоҷикистон истифода мешуданд. Дар ин айём устодони факултет на танҳо бо илму таълим, балки бо нерӯи тани худ барои ғалабаи бузург санг гузоштаанд. Аввалин шуда омӯзгори кафедраи ботаника Қодир Назаров ба ҷанг рафт, пас он ба ӯ устодон А.Отаев, З.Осимов, А.Ҳомидов, А.Сулаймонов ва М.Ализода пайрави карданд. Дар оғози солҳои 60-ум кафедраҳои зоологияю география таъсис ёфта дар онҳо корҳои тадқиқоти илми низ бурда мешуданд. Дар гузашта мидирони кафедра А.А.Отаев, М.Т.Тоҷибоев, О.Д. Дадобоева, И.Т.Турақулов, М.Ҷ.Бобоҷонова ва ҳоло бошад Р.Ш.Ҳакимова идома доранд. Солҳои 70-уми садаи XX бо ташаббус ва заҳматҳои устодон А.Отаев, Б.Ҳайдаров, Қ.Назаров ва Р.Норматов ва дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти донишгоҳ дар мавзеи Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров минтақаи таҷрибавию истеҳсолии факултет таъсис дода шуд. Дар ин минтақа донишҷӯён дониш, маҳорат ва таҷрибаи амалии худро аз фанҳои ботаника, зоология, физиология, генетика ва селексия такмил медиҳанд ва донишҳои назариявии худро дар амалия санҷида самараи ҷустуҷӯҳои илмии худро мебинанд. Аз моҳи декабри соли 2010 факултети фанҳои табии ба факултетҳои «Биология ва химия» ва «География ва экология» ҷудо шуд. Дар айни замон декани факултети «Биология ва химия» д.и.б профессор М.Ҷ.Бобоҷонова мебошанд. Устодони имрӯзаи факултет докторони илм профессорон Т.К.Хобилов, Р.Охунов, М.Ҷ.Бобоҷонова, С.Б.Каримов, номзадони илм М.Мухаммадҷонов, И.Тӯрақулов З.Р. Раҷабова, М.М. Муҳаммадқулов, Р. Ҷӯлиев, И.Р. Эргашбоев, Р.Ш. Ҳакимова, З.Д.Домуллоева, Ш.Р. Мирзобаҳодурова, М. Обидова, А. Иброҳимов, Ё.Р. Ҳомидов, М. Сабуров, Д. Ортиқова, М.Т. Каримова, С. Ҳакимхӯҷаев, Х.О. Хидиров, н.и.педагоги Ч. Хӯҷанбердиев, З. Ахмедова дар рушду нумӯи корҳои таълимию илмӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисоси биология хеле калон аст. Алҳол дар факултет 5 кафедра амал мекунад, ки роҳбарии онҳоро устодони соҳибунвон бар уҳда доранд.

Дастпарварони факулта[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]