Фалаки Шервонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Nizami adına Ədəbiyyat Muzeyinin binasının pəncərəsində Fələki Şirvani rəsmi (1).JPG

Фалаки Шервонӣ (порсӣ: فلکی_شروانی ) — яке аз шоирони қасидасарои форсу тоҷик (асри 12)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Начмуддин Абунизом шоири қасидасарои форсу тоҷик буда, роҷеъ ба соли таваллуди ӯ дар сарчашмаҳо маълумоте ҷой надорад. Соли вафоташро 1181 муқаррар кардаанд, Дар Шамоҳи ном мавзеъ таваллуд шудааст. Тахаллуси шоириаш Фалаки буда, ба илми нуҷум мароқи хос дошт. Дар дарбори Шервоншоҳон рӯз мегузаронид ва дар ситоишу васфи амирон қасидаҳои мадҳӣ мегуфт. Бо туҳмате ҳабс шуд ва пас аз наҷот дере нагузашта вафот кард. Бино ба гуфти муҳаққиқон Фалаки Шервонӣ дар хаҷми 7000 байт девоне доштааст, вале аз он тақрибан 2000 боки мондааст. Девонаш дорои қасоид, ғазал ва рубоиёт аст. Қасидаҳояш бештар мадҳӣ буда, дар онҳо ба суханороию лафзбози диққат додаст. Ба қасидаҳояш мазмунҳои илмӣ ва истилоҳоти нуҷуми рох ёфтаанд. Дар эҷодиёти Фалаки Шервонӣ анъанаҳои сабки хуросонӣ бо сабки ироқи махлут шудааст. Шоир дар истифода аз санъати бадеӣ маҳорати комил дорад.

Чунончи:

Гули симини маҳ бишкуфт чун з-абри сиёҳи шаб,
Ҳазорон қатраи борон бар ин нуҳ сабзавор афтод.

Таъбири «бишкуфтани гули симини маҳ», ки тадоӣ аз ҳусну малоҳати моҳи пурра дорад ва баёни як манзараи зебоест, аз зарофати табъи шоир ва нигоҳи амиқи ӯ бар манозири табиат гувоҳӣ медиҳад. Шоир як лаҳзаи воқеияти зиндагиро, яъне лаҳзаи баъди боронро, ки абрҳо пароканда шуда, моҳ мебарояд, чунин зебо тасвир кардааст.

Ё ҷои дигар мехонем:

Қамар дар кахкашон мурғест, к-аш дар ошёни шаб
Ба гирди хирмани ӯ арзани зар бешумор афтод.

Дар ин байт шоир дар коргоҳи таҳайюлоти хеш осмони пурситораро ба арзани зар монанд кардааст. Моҳ гӯё мурғест, ки аз ин неъмати худовандӣ баҳравар аст. Тасвири манозири табиат дар ашъори шуарои муомир ва классик мақоми аввалдараҷа дорад. Зеро шоир, ки хушачини гулистони маънист, ҳамеша аз тароват ва рангрезиҳои табиати афсункор баҳра мебарад ва акси онро дар чакидаҳои хомаи тахайюлаш мерезад. Мавзуи тасвири табиат дар ашъори кулли шуаро муқаддам аст. Бинобар ин ин масъала дар эҷодиёти Фалакӣ низ ба зеботарин вуҷуҳот таҷаллӣ мекунад. Чунончи дар абёти мазкур мехонем:

Миёни шоҳидони боғ, эй сарви сихи, инак
Бунафша ходиме кажгардану нилишиор афтод.

Бунафша, ки як гулест, дар тасвири шоир тимсоли хосаеро касб намуда, ки баёнгари хусусият ва авзои он аст. Субҳ ин як лаҳзаи вокеияти зиндагӣ, лаҳзаи дамидани рӯшноӣ, яъне бартарии рушанӣ бар торикист. Аммо дар тасвири шоир субҳ чун хурусест, ки лаъл, яъне хуршед бар сар дорад:

Хуруси субх, агар аз лаъл точе дорадаш бар сар,
Аруси лоларо аз мушк холе бар узор афтод.

Ташбеҳи субҳ бар хурус бар ду ваҷҳ аст. Аввалан бар ваҷҳи он ки субҳ паёме аз рӯшноӣ ва сафо медиҳад. Яъне хабари расидани рушани ва баромадани хуршедро мерасонад. Чунончи хурус вақти субҳ мардумонро аз ғафлат раҳоӣ мебахшад. Дуввум, бар ваҷҳи зоҳирӣ. Чун субҳ сафед аст ва бар тоқи сар хуршед дорад, хурус низ сафеду тоҷи сурх бар сараш аст. Дар мисраи дуюми байти мазкур шоир аз лола арӯсе меофарад, ки бари рухсор холи сиёҳ дорад. Ин ҷо маҳорати шоири ва нигоҳи умқназари шоир бармеояд. Яъне шоир касест, ки аз хурдтарин аҷзо ва ночизтарин лаҳазоти зиндагӣ тимсоле ё тасвире меофарад, ки хонанда ҳамарӯза дар ҳаҷми фаъолияти хеш борҳо бар онҳо бархурд мекунад, аммо нодида мегузарад. Шоир онест, ки ҷузъияти зиндагиро бо тамоми шукуҳу тароват ва хосияташ пешоруи хананда боз мекунад. Расолати умр, ҳақиқати зиндагиро ошкор месозад. Ҳар нафаре, ки чунин масъулиятро ба душ дорад ва рамзу рози зиндагиро тавассути тарҳрезиҳои бадеӣ, бо зеботарин ва самимитарин вуҷуҳот баён месозад., шоир ном дорад.[1]

Аз қасоид[вироиш | вироиши манбаъ]

Дихад аз сабза орое чаман, к-у соядор афтод.
Чи шуришхо, ки дар бозори гарми навбахор афтод.
Чу дил гул дид аз шоди даруни боги ҷон бишкуфт,
Чу гул зар дид аз ханда синон ба руи хор афтод.
Миёни шохидони бог, эй сарви сихи, инак
Бунафша ходиме кажгардану нилишиор афтод.
Хуруси субх, агар аз лаъл точе дорадаш бар сар,
Аруси лоларо аз мушк холе бар узор афтод.
Туро дар гунча насрин асту бар барги суман сунбул,
Аз ин ғам лоларо аз бод дар сина губор афтод.
Ба қад чун сарви озоди дар огушат аз он гирам,
Ки ин банда зи роҳи буса доим бар канор афтод.
Чаманро аз гулу булбул чу шуд баргу наво ҳосил,
Чу ман уро хавои мадхи шохи комрон афтод.
Намакдони зар аз Мохи ба суи Бара шуд моил,
Чу душ аз сакфи миноранг ташти зарнигор афтод.
Фалакро косаҳои нукра дар дарёи кор афтод.
Дили даре суи лаб бар, ки боз он киштии зарин
Зи мавчи тираи дарёи пурдур дар канор афтод,
Ба хишти хум иморат кун саводи калъаи дилро
Ба хишти зари сурх аз бурчи ин нили хисор афтод,
Гули симини мах бишкуфт чун з-абри сиёҳи шаб,
Хазорон катраи борон бар ин нух сабзавор афтод.
Қамар дар кахкашон мургест, к-аш дар ошёни шаб
Ба гирди хирмани ӯ арзани зар бешумор афтод.
Аз ин хузрои пурабхар чу шери чарх сар бар гард
Фалак минои пургахвар чу теги шаҳриёр афтод.

Аз муқаттаот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ду чазъи ту, ки бодоми сиёҳаш хоҳанд,
Ба ду чашми ту, ки чодуи табохаш хонанд.
Ба ду лаъли ту, ки болои нучумаш хонанд,
Ба ду зулфи ту, ки лолои сиёҳаш хонанд.
Ба ду унноб, ки сармояи шахду шакаранд,
Ба ду шамшод, ки пирояи моҳаш хонанд,
К-ахтарон дар шаби хачри рухи ҷон афрӯз аст,
Бадрро чун махи наврӯз дутохаш хоҳанд.


Гарчи баъдфеъл аст душман, мафканаш,
К-у зи бад кирдори худ паст уфтад.
Ин суханро ёд кун, к-он пир гуфт:
Мастро мафкан, ки худ маст уфтад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]