Jump to content

Фатҳалихони Сабо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фатҳалии Сабо)
Фатҳалихони Сабо
Таърихи таваллуд: 1765
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1822
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Фатҳалихони Кошонӣ, мутахаллис ба Сабо (1765, Кошон, Устони Исфаҳон1822) — шоир, нависанда ва маликушшуарои дарбори Фатҳалишоҳи Қоҷор.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Падари вай, Оқомаҳмудхон Дунбулӣ, аз хонадони бузурги Дунбулӣ буда, писари Амирфозилбек, писари Аббосманзурхон Дунбулӣ, писари Амиршарифбек Дунбулӣ будааст.

Зодрӯзи вай ба дурустӣ маълум нест ва бо истидлоле, ки Маликушшуаро Баҳор дар муқаддимаи худ бар китоби «Гулшани Сабо» карда, дар ҳудуди соли 1765 мелодӣ дар Кошон иттифоқ уфтодааст. Сабо дар синни 59 ё 60-солагӣ ба таърихи 1822 мелодӣ дар Теҳрон даргузашт.

Аз ӯ писаре ба номи Муҳаммадҳусайнхон монд, ки баъдҳо бо тахаллуси Андалеб дар шеър ва шоирӣ ба шӯҳрат расид. Муҳаммадҳусайнхон низ ду писар ба номҳои Маҳмудхон Маликушшуаро (шоир, хаттот, наққош) ва Муҳаммадхон Надимбошӣ дошт.

Фатҳалихон ибтидо аз маддоҳони Лутфалихони Занд буда ва гӯё девоне ҳам дар мадҳи вай доштааст, ки пас аз воқеаи қатли бародараш (Мирзо Муҳаммадалӣ, мутахаллис ба Нотиқ) аз тарси ҷон онро фурӯхтааст.

Маликушшуаро Баҳор ва Абулҳасанхони Сабо аз хонадони вай буданд.

  • کتاب تاریخ ادبیات ایران و جهان ویژه رشته ادبیات و علوم انسانی سال دوم نظری.