Шаблон:Рӯйдодҳои муҳим

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Мавзӯи муҳим: Ҷоми миллатҳои Африқо


Эмомалӣ Раҳмон, дар саммити BRICS 2015
  • 18 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғд Пак” ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 18.11.2017).
  • 6 ноябри соли 2017, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-ро баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.(khovar.tj/ 6.11.2017).
  • 26 октябр, Оғози корҳои таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди “Душанбе — Қӯрғонтеппа”. Марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.(khovar.tj/ 26.10.2017).
  • 25 октябр, Бар асоси қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеъмоли сигор дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.(khovar.tj/ 25.10.2017).
  • 14 октябр, 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 14 октябр, Мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ (khovar.tj/ 14.10.2017).
  • 12 октябр, Аз 11 то 14 октябр дар ш. Тошкент, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардиданд.(khovar.tj/ 12.10.2017).
  • 11 октябр, ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №591 аз 09.10.2017 "Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»" дар ш. Душанбе дар торномаи Ҳукумати ш. Душанбе нашр шуд. Ҷойи нуқтаҳои савдои муқарраршуда - Маркази савдои "Меҳргон", воқеъ дар минтақаи шарқии Душанбе, тавсия дода шудааст. (dushanbe.tj/ 11.10.2017).
  • 8 октябр, Википедияи Тоҷикиро сарзаниш карданд ва иваз кардани калимаи «энсиклопедия»-ро пешниҳод намуданд. (RuWikiNews)
  • 28 сентябр, Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон бо 51 медал – 3 тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо аз рӯи сифат миёни 65 дастаи иштирокчӣ ҷои 17-ум ишғол мекунад. Аз рӯи шумораи медалҳо бошад, дар ҷои 8-ум аст. Туркманистон бо 245 медал, аз ҷумла 89 тилло ҷои аввалро ишғол кард. Чин, ки 97 медал, аз ҷумла 42 медали тилло ба даст овард, дар ҷои дуюм, Эрон бо 118 медал, аз ҷумла 36 тилло дар ҷои сеюм қарор гирифтанд. Умуман, варзишгарони 36 даста (35 давлат, дастаи паноҳандагон зери парчами Шӯрои олимпии Осиё) сазовори медали бозиҳо гардиданд.(tajikistantimes.tj/28.09.2017)
  • 25 сентябр, Дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод намояндагони Тоҷикистон 3 медали тилло ба даст оварданд. 2 медали тиллоро дар намуди самбо Акмалиддин Каримов дар вазни -57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд. Дастаи Тоҷикистон бо касби 45 медал миёни 65 дастаи иштирокчӣ зинаи 16-умро ишғол мекунад.(news.tj/26.09.2017)
  • 21 сентябр, дар рӯзи шашуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, варзишгарони тоҷик 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд....Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт.(tajikistantimes.tj/22.09.2017)
  • Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз санаи 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо (роудшоу) бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейcария ширкат варзида, муариффии (презентатсияи) барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо муваффақият таъмин намуданд.(nbt.tj /15.09.2017)
  • Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.(/akhbor.com /23.08.2017)
  • Дар Кобул таҷлили 98-умин солгарди истиқлоли Афғонистон баргузор гардид: (видео дар [youtu.be/19.08.2017])
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон ба панҷгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки осонтарин низоми гирифтани раводид доранд.(/tvt.tj /17.08.2017)
  • Вазишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазиши сабук (2017, Лондон) мақоми 7-умро касб кард.(/tvt.tj /12.08.2017)