Шаблон:Рӯйдодҳои рӯз:12-16

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури Қатъномаи (рақамаш) бар асоси пешниҳоди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро расман эълон кард

ДАР ФОНИ ЯК МУСИҚИИ ТАНТАНАВИИ СИЁСӢ ЧАНД ЛАҲЗА НАВОР АЗ НАҚШОФАРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МО ДАР ҶАҲОН (НИЗ НАВОРҲОИ МАРБУТ БА ОБ)

РОВӢ: Аз 12-ум то 17-уми апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея Форуми љањонии об баргузор гардид, ки дар он ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» пешниҳод карда шуд. Сипас, 11-уми июни соли 2015 дар Эъломияи поёнии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии имкониятҳои эълони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” (бо пешниҳоди Тоҷикистон) даъват ба амал оварда шуд. Пас аз як сол, аз 9-ум то 11-уми августи соли 2016 дар шањри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ташкил шуда буд, доир гардид. Ҳадафи асосии Ҳамоиш табодули афкор оид ба натиҷаҳои гирифташуда ва таљрибаи мусбат дар соҳаи беҳбуди дастрасї ба об ва беҳдошт, таъмини ҳамгироии идораи захираҳои об, такмили манфиатнокии истифодаи об, коҳиш додани ифлосшавии захираҳои об ва ҳимояи экосистемаҳои обї буд. Дар кори Ҳамоиш намояндагони беш аз 90 кишвар ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавї иштирок намуданд. Наздики 700 нафар шахсиятҳои воломақому сиёсатмадорон, олимону коршиносон аз манотиќи мухталифи љањон, намояндагони њукуматњо, сохторњои гуногуни СММ, созмонҳои байналмилаливу минтақавї, сохторҳои молиявї, муассисаҳои илмї, љомеаи шаҳрвандї ва бахши хусусї тайи ду рўз муҳимтарин масъалаҳои марбут ба обро дар љаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда муҳокима намуданд. Муҳим ва сариваќтї будани ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар бораи эълон намудани даҳсолаи байналмилалии нав тањти унвони «Об барои рушди устувор» дар санади нињоии Ҳамоиш махсус зикр гардид.

ПОРАЕ АЗ СУҲБАТИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ЯГОН ҲАМОИШ РОҶЕЪ БА ЗАРУРАТИ ЭЪЛОНИ ДАҲСОЛАИ НАВ (ин чиз дар Ҳамоишҳои солҳои 2015, 2016, низ дар Форуми Корея-2015 ёфт мешавад )

РОВӢ: Ҳамин тариқ, пас аз чандин даври музокира бо кишварҳо ва ниҳодҳои гуногуни СММ дар мавриди зарурати эълони даҳсолаи нав роҷеъ ба об, аҳамияти мавзӯи об ва таваҷҷуҳи бештар ба ҳалли масоили марбут ба об дар доираи боз як даҳсола оҳиста-оҳиста аз сӯи кишварҳо дарк ва қабул гардид. Ин ташаббуси навбатии Президенти кишвар чун се ташаббуси пешин дар мавриди об пазириши ҷаҳонӣ ёфт. Бояд гуфт, ќабули ташаббуси Президенти Љумњурии Тољикистон дар мавриди дањсолаи нав, обруву эътибори љањонии Эмомалї Рањмон ва наќши ўро дар њалли масоили башарият нишон дод. СИНХРОН (қабули Даҳсолаи нав ба мо чи медиҳад ва чи гуна имкониятҳои нав фароҳам меорад)

                                   П Е Р Е Б И  В К А

РОВӢ: Тољикистон мамлакати кўњсори дорои пиряхњои бузург, дарёњои пуртуѓён, кўлњои зебо, захирањои оби ширин, обанборњо ва мўъљизаи дар олам машњури табиат-кўли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои кишвари мо њифз ва истифодаи оқилонаи захирањои об яке аз афзалиятњои муњим ба њисоб меравад. Љумҳурии Тољикистон соҳиби захираҳои бузурги об дар минтаќа аст. Мутобиқи хулосаи коршиносон наздик ба 60 дарсади ҳаљми солонаи сарчашмагирии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба ќаламрави љумҳурии мо рост меояд ва ин обҳо дар маљмуъ 845 миллиард метри мукааб захираро ба вуљуд овардаанд. Аз ин љост, ки Тољикистон аз лиҳози захираҳои об дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия дар љои дуюм ва дар љаҳон баъди Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар љои ҳаштум меистад, ки барои Тољикистон захираи бисёр азимест. Ин аст, ки Љумњурии Тољикистон ба масълаи об таваҷҷуҳи махсус дорад ва то эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, се ташаббуси муҳими ҷаҳониро дар соҳаи об пешниҳод ва тавассути СММ амалӣ намудааст: Соли байналмилалии оби тоза, 2003 Дањсолаи байналмилалии амал «Об барои њаёт», 2005-2015 Ва Соли байналмилалии њамкорї дар соњаи об, 2013 СИНХРОН (Се ташаббуси гузаштаи обӣ ва таъсири онҳо ба ҷойгоҳи Тоҷикистон, низ заминагузорӣ барои ташаббуси навбатӣ)

                          САДОИ УМЕД НАЗАРОВ

Имрўз 1 миллиард нафар одамон дар дунё ба оби тозаи ошомиданї ва 2,6 миллиарди дигар ба шароити оддитарини санитарї дастрасї надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захирањои обро эњсос менамоянд. Дар як њафта 42000 нафар дар љањон аз беморињое, ки ба сифати пасти оби ошомиданї ва шароити ѓайрисанитарї вобастаанд, мефавтанд, ки беш аз 90 дарсади онњо кўдакони то 5-сола мебошанд. Хушксолї ва биёбоншавї њаёти 1,2 миллиард мардуми дунёро тањдид мекунад. Мувофиќи маълумоти СММ, то соли 2025 норасоии захирањои обро аз се ду њиссаи мардуми сайёраи Замин эњсос хоњанд кард.

Ровӣ: Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар бо об таваҷҷуҳи бузург зоҳир менамояд. Дар тӯли Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» барои татбиқи лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об аз сарчашмаҳои гуногун тақрибан як миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, аз ҷумла ҷиҳати роҳандозии лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нӯшокӣ як миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шуд. Дар ин давра дар кишвари мо якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард. Дар љумҳурии мо 9 обанбор мављуд аст ва ҳар кадоме аз 0,028 (нолу аз ҳазор бисту ҳашт) то 10,5 (даҳуним) миллиард метри мукааб обро гунљоиш медиҳанд. Обанборҳо захирагоҳҳое мебошанд, ки дар худ ҳам обро ҳифз мекунанд ва ҳам бо таҳшин шудани лойқа об дар онҳо тозаву мусаффо мешавад. Захира шудани об дар обанбор имкон медиҳад, ки љараёни об ба сурати ҳам шабонарўз ва ҳам солона танзим ёбад, то ҳам заминҳои мављуд обёрї ва ҳам заминҳои тоза аз худ шаванд. Ба ақидаи муҳаққиқони дохилию хориљї аз иқтидори мављуди ҳавзаи оби рўдхонаҳои Ому ва Сир ҳар сол ба арзиши 1,8 миллиард доллар об ба ҳадар меравад. Агар ин ҳаљми об захира шавад, ба буљети давлатҳои минтақа, сармояи зиёде ворид хоҳад шуд. Як роҳи асосии рафъи камбуди об дар минтақа, дар шароити феълї, бозсозию бозтаљҳизонии обанборҳои куҳан ва сохтмони обанборҳои нав мебошад. Дар он сурат минтақа бо об ба қадри кофї таъмин хоҳад шуд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки ҳангоми истифода аз захираҳои гидроэнергетикии худ, манфиати кишварҳои ҳамсояро ба назар мегирад ва ҳаргиз намегузорад, ки онҳо аз беобӣ танқисӣ кашанд. Ташаббусҳои Роҳбари давлати мо дар самти об низ маҳз ба хотири истифодаи дурусти ҳамагонӣ аз захираҳои об ва расидани манфиати он ба тамоми минтақа, ҳатто ҷаҳон аст.

СИНХРОН (Ташаббусҳои Тоҷикистон фақат ба нафъи Тоҷикистон не, балки ба нафъи кулли минтақа ва оламанд. Коршинос гуяд, ки мо соҳиби обем, ҳеҷ гоҳ танқисӣ намекашем, вале бо пешниҳоди ташаббусҳои нав ба нав мехоҳем, ки дигаронро ҳам бо об таъмин намоем. Ин яъне гуманизми воқеӣ)

                                       П Е Р Е Б И  В К А

Ровї: Барои таъмини ќисми зиёди ањолии давлатњои минтаќа ба оби ошомиданї Президенти Тољикистон Эмомалї Рањмон аќидаи интиќоли обро аз кули Сарез ба эњтиёљмандони давлатњои поёноб пешнињод намуд. Амалї сохтани аќидаи мазкур метавонад, шиддати норасоии оби нушокиро барои миллионњо нафар сокинони давлатњои поёноб аз байн барад. Ин кўли дар тамоми дунё машхур, ки дар маркази Помир дар баландии 3261 метр аз сатњи бањр воќеъ гардида, соли 2011 садсола шуд, 17 км3 оби тозаи ошомидани дорад. Соли 2010 дар шањри Душанбе дар Конфронси байналмиллалии сатњи баланд оид ба баррасии фарогирии миёнамўњлати рафти татбиќи –Дањсолаи байналмилалии амал « Об барои њаёт» барои солњои 2005-2015, Сарвари давлати мо дар хусуси масъалаи мазкур ќайд намуд; «Лоињаи мазкур дар шароити зиёдшавии норасоии об дар минтаќа аз љињати устуворї ва маќсаднокӣ ҷиҳати њалли масъалањои барои њаёти ањолии минтаќа муњим-таъмини оби ошомиданї метавонад, яке аз лоињањои натиљабахштарин оид ба кўмак ба эњтиёљмандон ба оби ошомидании бехатар бошад». Шояд имрўз лоињаи мазкур ба назар гаронбањо намояд, вале набояд ин воќеъиятро инкор кард, ки дар оянда арзиши оби тозаи ошомиданї бамаротиб меафзояд ва барои њаёти инсон моњияти аввалиндараљаро касб менамояд. СИНХРОН (Аҳамияти кӯли Сарез барои таъмини аҳолии минтақа бо оби тозаи нӯшокӣ)

Ровӣ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирёбии иқлимро ҳамчун таҳдиди асосӣ ба захираҳои об арзёбӣ намуда, дар Форуми 3-юми Ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август -4 сентябри соли 2009 дар Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйиёбии иқлим дар Копенгаген, Дания (7-18 декабри соли 2009) пешниҳод намуд, ки Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз 14 ҳазор пирях нест гаштани 1000 пирях танҳо дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда хатарҳову мушкилоти экологии шадид  гиребонгир мешаванд. Об шудану барҳадар рафтани ин захираи азими обӣ дар ҳолест, ки минтақа бо камбуди шадиди оби ошомиданӣ рӯ ба рӯст. Тибқи арзёбии коршиносон, шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, ба афзоиши истеъмоли об боис мегардад. Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Дар натиљаи афзоиши бошиддати демографии ањолї дар минтаќа талабот ба маводи ѓизої, оби ошомидании бехатар ва ќувваи барќ сол то сол зиёд мегардад. Љумҳурии Тољикистон аз оғози истиқлоли давлатї бо дарки нақши калидии худ дар њифзи захираҳои обу энергетикии минтақа фаъолияти муассир дорад. Кишвари мо соли 2006 барнома оид ба бењтар намудани таъминоти ањолї бо оби тоза барои солњои 2008-2020 ва соли 2010 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи оби нушокї»-ро ќабул намуд. Моњияти масъалањои мазкурро ба инобат гирифта, Њукумати Љумњурии Тољикистон соли 2010 барномаи давлатї оид ба омўзиш ва њифзи пиряхњои Тољикистон дар давраи солњои 2010-2030-ро ќабул намуд. СИНХРОН (ҳифзи пиряхҳо чи аҳамияте барои ояндаи минтақа доранд, онҳо бояд чи гуна ҳифз шаванд)

Ровӣ: Афзоиши босуръати аҳолӣ дар минтақа ба хеле зиёд шудани истифодаи об аз ҷониби аҳолӣ ва иқтисодиёти кишварҳо боис гардид. Чунончи, масоҳати заминҳои обёришаванда дар Осиёи Марказӣ, ки дар оғози асри XX-ум баробар ба 2,5 - 3 миллион гектар баробар буд, дар охири садсола ба 8,5 миллион гектар расид. Шумораи аҳолии минтақа низ, ки дар соли 1956 каме бештар аз 20 миллион буд, имрӯз ба 65 миллион нафар расидааст. Агар дар ибтидои солҳои 1960-ум минтақа дар як сол тақрибан 60 километри мукааб обро истеъмол мекард, пас имрӯз ин нишондиҳанда дар як сол беш аз 110 километри мукаабро ташкил медиҳад. Мувофиқи арзёбиҳо, то соли 2030-юм афзоиши истеъмоли об дар Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 15-20 фоиз зиёд мегардад. Ин аст, ки Тоҷикистон, бо дарназардошти моњияти захирањои об дар шароити иќлимаш хушки Осиёи Марказї, алалхусус дар њавзаи Амурдарё, њангоми бунёди обектњои гидроэнергетикї манфиати давлатњои поёнобро ҳатман ба инобат мегирад.

    СИНХРОН (Тоҷикистон бояд аз захираҳои гидроэнергетикии худ чи гуна истифода барад, ки ҳам ба нафъи худаш бошаду ҳам ба кишварҳои поёноб зарар наорад)
                               П Е Р Е Б И  В К А

Ровӣ: Дастёбї ба амнияти энергетикї яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мост. Ҳаљми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тољикистон беш аз 527 миллиард кВт соатро ташкил медиҳад, вале аз ин захираҳо ҳамагї 5-6 дарсад истифода мешавад. Бояд дар оянда тавлиди неруи барқ дар љумҳурї ба 57 миллиард кВт.соат расад, ки имкон медиҳад на танҳо ба истиқлоли энергетикии комил ноил шавем, балки қисме аз барқро ба Осиёи Марказӣ ва берун аз он бифурўшем ва яке аз содиркунандагони бузурги захираҳои гидроэнергетикї дар минтақа гардем. Ҳукумати љумҳурї дар сохтмони неругоҳҳои хурду миёна низ талоши зиёд дорад, то дар канори он дар деҳот саноати барқиро барпо созад. Аз рўи њисоби мутахассисон сохтани чунин неругоҳҳо аз љиҳати иқтисодї даромаднок буда, барои расидан ба ин ҳадаф ҳамаи шароит мављуд аст: ҳам неруи кории арзон, ҳам шароити табиию љуғрофии мусоид ва ҳам воситаҳо ва масолењи сохтмонии ватанї. Ин гуна неругоҳҳо дар муддати кўтоҳ харољоташонро мебароранд. Ба ақидаи мутахассисон, танҳо аз худ кардани 10 дарсади захираи энергетикии рўдҳои хурд дар манотиқи кўҳсор, метавонад 70 дарсади деҳоти хурдро бо неруи барқ таъмин намояд.

  СИНХРОН (Нақши об дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ )

Ровӣ: Таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар ҳадафи дигари стратегии давлати мо маҳсуб меёбад. Афзоиши босуръати аҳолӣ, кӯҳсор будани қаламрави он ва масоҳати маҳдуди қобили обёрӣ истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обу заминро тақозо менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар тадбиру василаҳои мухталифро истифода бурда, аз ҷумла барои беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳои корам саъю талоши зиёд намуда, захираҳои бузургро сафарбар месозад. Дар баробари ин, азхудкунии заминҳои нав дар шароити кишвари баландкӯҳи мо корест хеле гарону серхарҷ, вале Ҳукумати мамлакат тамоми зарфияту имкониятҳоро ба кор мебарад, то амнияти озуқаворӣ таъмин гардад ва барои ин нақшаву барномаи мушаххас низ дорад. СИНХРОН (Нақши об дар таъмини амнияти озуқаворӣ)

Ровӣ: Набояд фаромӯш кард, ки ташаббусҳои сарвари давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкориҳою танзими муносибатҳо нигаронида шуда, мавзӯи обро аз чаҳорчӯбаи фаҳмиши классикии ақибмондаи собиқи он раҳоӣ мебахшанд, дар навъи нигариш ва истифодаи обҳои фаромарзӣ миёни кишварҳои минтақа раванди муколама дохил карда мешавад, аз таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идоракунии захираҳои оби дарёҳои сарҳадгузар истифода карда мешавад. Ин иқдом метавонад ба ҳамкориҳои ҷиддии васеъ ва таҳия гардидани созишномаҳои одилона ва оқилона дар робита ба ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё оварда расонад. Албатта, бо чунин ташаббус баромад кардан заминаҳои худро дорад. Беш аз нисфи захираҳои оби равони ҳавзаи баҳри Арал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд. Ҷумҳурӣ ҳамеша барои дар ҳолати қаноатбахш нигоҳ доштани иншоотҳои воқеъ дар соҳилҳои дарёҳои дохили марзи худ корҳои хизматрасонӣ ва техникӣ ба анҷом мерасонад ва бо ин роҳ кишварҳои поёнобро бо захираҳои оби зарурӣ таъмин месозад. СИНХРОН (Чаро Тоҷикистон ба масъалаи об ин қадар таваҷҷуҳ дорад ва инак 4 ташаббуси ҷаҳонӣ дар соҳаи об амалӣ кардааст)

                           П Е Р Е Б И  В К А
         Ровӣ: Бешубҳа Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон ҳамчун роњбари ташаббускор эътироф гардидааст. Ӯ шахсиятест, ки дар айни дарки мушкилоти кишвари худ ва ёфтани роҳи ҳалли дуруст барои онҳо, ба ояндаи башарият низ таваҷҷуҳи махсус дорад. Зеро ӯ ҳамчун роҳбари оянданигар медонад, ки ҷаҳони имрӯза ҷаҳони ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад рушди босубот ва амнияти пойдор дошта бошад. Бинобар ин, дар чандин маврид мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Марказӣ ва муман ҷаҳони муосир гарданд, пешбинӣ намуда, барояшон роҳи ҳалли муносиб ба миён мегузорад. Роҳбарони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар аксар ҳолат аз пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамакнун дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст.

СИНХРОН (назари чанд тан аз шахсиятҳои шинохтаи хориҷӣ дар васфи Президенти мо) Ровӣ: 20 сентябри соли 2010 дар ш. Ню-Йорк дар иҷлоси умумии сатҳи олии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли СММ Ша Тсу Кан изҳор дошт: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад». Ин баҳои як мақоми аршади ҷаҳонӣ, як мутахассиси соҳа ва гузашта аз он, баҳои холисонаи як фарди ғайритоҷик ва ғайритоҷикистонист. Моҳи январи соли 2016 Дабири кулли СММ ва Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масоили обро таъсис дода, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шомил шудан ба сохтори мазкур даъват ба амал оварданд. Президенти Тоҷикистон дар баробари сарони 9 давлату ҳукумати дигар ба Панел шомил гардид. Узвият дар ин Панел боз як нишондиҳандаи эътирофи роҳбари давлати мо дар ҷаҳон ҳамчун ташаббускори масоили марбут ба об ва умуман проблемаҳои ҷаҳонист. СИНХРОН (идомаи назари чанд тан аз шахсиятҳои шинохтаи хориҷӣ дар васфи Президенти мо)

Ровӣ: Бояд гуфт, дар пайи ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад ва ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Аз оғози асри 21 то кунун, ба шарофати се ташаббуси ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон, кишвари мо дар ҳама гуна ҳамоишҳои марбут ба об дар ҷаҳон ибтикори байналмилалиро дар даст дорад. Акнун бо роҳандозӣ шудани ташаббуси нави Президенти мо, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ин раванд ҳамчунон идома ёфта, бо баргузории чандин нишасти ҷаҳонӣ ва амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои калонҳаҷм, назари ҷаҳониён ба мавзӯи об бештар ҷалб хоҳад шуд. Дар айни ҳол, Тоҷикистон имкон пайдо мекунад, ки тарњҳои гидроэнергетикии худро бо истифода аз майдонҳои васеи байналмилалї ба иљро расонад ва дар њалли масоили љањонӣ наќш гузорад. Метавон хулоса кард, ки бе ҳеҷ муболиғае, Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷаҳон бо ташаббусҳои созандааш мешиносанд ва тавассути ӯ номи Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст.