Бадавӣ, Шайхалӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шайхалӣ)
Бадавӣ, Шайхалӣ

Бадавӣ, Шайхалӣ (таваллуд 1867 – даргузашт номаълум) — хушнависи маъруфи мисрӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Қоҳира таваллуд шудааст. Пас аз хатми ҳифзи Қуръон, итмоми таҳсилоти ибтидоӣ ва ёдгирии наҳв, тафсир, ҳадис, фиқҳ назди шайх Дусавқи Арабӣ ва шайх Қандил, аз олимони динии Қоҳира ва шайх Муҳаммади Зағлул, машҳур ба Росам, ба машқи хат пардохт. Сипас аз Муҳаммад Афандӣ Мунисзода, бузургтарин устоди хат дар Миср, иҷозатнома гирифт ва чанде баъд ба ҷиргаи хаттотони пешоҳанги Миср пайваст. Соли 1894/95 дар Мадрасаи амирияи Обидин ба унвони устоди хат ба кор қабул шуд ва эҳтимолан то соли 1940 (ба далели канорагирӣ ё даргузашт номе аз ӯ дар миён нест) дар мадрасаҳои бисёре ба кори худ идома дод. Аз Бадавӣ осори бисёре ба ҷой мондааст, аз ҷумла: Қуръони карим, ки барои Ҳусайнпошо китобат кардааст; ҷузвиёте, ки барои яке аз ғуломони озодшудаи Исмоилпошо – подшоҳи Миср нусхабардорӣ кардааст; мусҳафи шариф, ки баъдҳо ба Масҷиди Набавӣ ҳадя шудааст; ҷузваҳое аз Қуръон, ки барои яке аз сарватмандони мисрӣ китобат кардааст; хатҳое ба хатти сулси ҷалӣ, ки бар рӯйи дарҳои вуруди масҷидҳо ва ҷомеаҳои Миср навиштааст; лавҳаи номҳои хиёбонҳо, шаҳрҳо ва кӯчаҳои Қоҳира, ки теъдоди зиёде аз онҳо ба хатти ӯ мавҷуд аст; ояи каримаи «Ва ҷаъално мин ал-моъи кулла шайъин ҳаййи» ба шакли доира бар рӯйи чашмае, ки Фуоди якум дар Мино барои ҳоҷиён бино кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • کامل بابا. روح الخط العربی. بیروت ۱۹۸۳؛
  • طاهر کردی. تاریخ الخط العربی و ادابه. الریاض، ۱۹۸۲؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. جلد ۲، تهران. ۱۳۷۵.