Jump to content

Решашиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Этимология)

Решашиносӣ (форсӣ: ریشه‌شناسی‎), этимоло́гия (юн.-қад. ἐτυμολογία аз ἔτυμον — ҳақиқат, маънои аслии вожа ва λόγος — омӯзиш) — як соҳаи забоншиносӣ, ки таърихи пайдоиши калимаҳо, сохти мабдаъӣ, ваҷҳи тасмия ва робитаи маънавии онҳоро меомузад.

Ин истилоҳро файласуфони давраи атиқа тақрибан 2 ҳазор сол пеш ҷорӣ намудаанд. Решашиносӣ тавассути методи муқоисавӣ-таърихӣ алоқаҳои морфемаҳо ва калимаҳоро муайян менамояд. Решашиносии забонҳои дар асоси методи муқоисавӣ-таърихӣ омухташуда (ҳиндуаврупоӣ, финнуугорӣ ва ғайра) бештар инкишоф ёфтааст; решашиносӣ ба маънои дигараш натиҷаи тадқиқот оид ба таърихи пайдоиши калима мебошад. Мас., муайян кардани алоқаи калимаҳои бохтан ва бозидан, равзани тоҷикӣ ва rucok-и яғнобӣ, алоқаи калима ва морфемаҳои «пи», «пид», (шир, равған, ғизо, озуқа) ва калимаҳои «пистон», «пиёба», «фарбеҳ» ва ғ.

Дар тадқиқоти этимологӣ тағйироти фонетикӣ ва морфологии калимаҳо (мас., ҷойивазкунии овозҳо — «канор» — «карой», «пардез — «шаҳрез» (дар забони паҳлавӣ — pahrec), «таспидан» — «тапсидан»), аз калимаҳои забонҳои гуногун сохта шуданн як калимаи мураккаб («чойхоначӣ», аз калимаи хитоии «чой», тоҷикӣ — «хона» ва суффикси калимасозӣ туркӣ — «чӣ») ва ғ. ба назар гирифта мешаванд. Ба воситаи решашиносӣ решаи ягонаи калимаро дар ягон оилаи забонҳо пайдо кардан мумкин аст. Мас., калимаи «таппак», «тапидан», «тафта», «тафтон», «тафсон», «таб», «това» ва «топить»-и русӣ аз як решаанд. Тағйироти гуногуни фонетикӣ ва морфологиро ба назар гирифта решашиносии калимаҳои гуногун аз ҷумли «ангишт» (литвонӣ—anglis, санксрит — angarah, русӣ — «уголь»), «кярм» (дар забонҳои помирӣ—cirm, русӣ «червь», чехй —сегу), «корд», «курта», «калтак» (русӣ — «кроить», «кройка», «край», «окраина», «короткий», «черта», «чертить», калимаҳои юнонию лотинии «кризис», «критика», «декрет», «секрет» ва ғ., ки маънои ибтидоиашон «буридан», «реза кардан», «пора кардан» мебошад) па ғ. дарёфтан мумкин аст.

Ба ғайр аз решашиносии илмӣ боз решашиносии халқӣ вуҷуд дорад, ки дар он пайдоиши калимаҳо дар асоси ҳамоҳангии тасодуфии онҳо ба назар гирифта мешавад. Мас., дар решашиносии халқӣ калимаи «даҳмарда»-ро ба «даҳ» (шумора) ва «мард» ҷудо мекунанд, ҳол он ки ин калима аз dahm — «донишманд» ва martak — «мард», «одам»-и забонҳои қадимии эронӣ таркиб ёфтааст.

  • Фасмер М., Этимологический словарь русского языка, т, 1— 4, М., 1964—1973;
  • Трубачев О. Н, Из славяно-иранских лексических отношений. - Этимология. 1965. М., 1967, с. 78 и сл.