Ҳаёт
Jump to navigation
Jump to search
Ҳаёт (арабӣ: حيات) умр, зиндагӣ; муқобили мамот.
![]() |
Ба оби чашмаи ҳайвон ҳаёте Анвариро деҳ, Ки андар оташи ишқат бикуштӣ з-ин ҳавас моро. |
![]() |
Ҳаёт (зист, зиндагӣ), фосилаи миёни тавлид то марг; шакли махсус ва фаъоли мавҷудият. Ҳар мавҷуди зинда пас аз тавлид ба рушд ва такомул шурӯъ карда, дар ниҳоят ин раванд тавассути марг ба поён мерасад.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 2 П–Ҷ./Дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ. – Москва 1969, - c. 715