Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ҳуқуқи коститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳамчун соҳаи намоёни ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо се мазмун аҳамияти ба худ хос дорад:
- ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ, доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро мустаҳкам ва ба танзим андохта, соҳаи намоёни ҳуқуқи ҷумҳуриро тавсил менамояд;
- ҳамчун маҷмӯи назарияи илмӣ доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро меомӯзад ва соҳаи мустақили илми ҳуқуқи ҷумҳуриро ташкил менамояд;
- ҳамчун маҷмӯи донишҳои назарӣ ва амалӣ дар хусуси муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии онҳоро танзимкунанда, дар низоми муайян дароварда шуда фанни таълимиро ташкил медиҳад.
Хуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи намоёни ҳуқуқи ҷумҳурӣ буда, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки мувофиқи ирода ва манфиати халқ асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам намуда, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, усули таҷзияи ҳокимият, асосҳои пурраи ҳокимияти халқро танзим менамояд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 524