Jump to content

ТАЛКО Кемикал (корхона)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ҶДММ «ТАЛКО-КЕМИКАЛ»)

ҶДММ «ТАЛКО-КЕМИКАЛ»

[вироиш | вироиши манбаъ]

ҶДММ «Талко Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои «криолит ва алюминийи фтордор» ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шурӯъ намуд.

Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар 11 моҳи соли равон ба монанди фториди алюминийи 3761,2 тонна, криолит 632,8 тонна ва коагулянт 173,1 тонна истеҳсол гардидааст. ҶДММ «Талко Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 2496,8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34,3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 417,1 тонна криолит ба маблағи 2961,5 ҳазор сомонӣ ва 1107,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209,4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ ба маблағи 16171,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.[1].