Соли 2011
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз 2011)
| Солҳо |
|---|
| 2007 · 2008 · 2009 · 2010 — 2011 — 2012 · 2013 · 2014 · 2015 |
| Даҳаҳо |
| 1990-ум · 2000-ум — 2010-ум — 2020-ум · 2030-ум |
| Садаҳо |
| садаи XX — садаи XXI — садаи XXII |
Соли 2011 (ду ҳазору ёздаҳум)-и тақвими григорӣ — соли маъмулӣ аст, ки аз рӯзи шанбе оғоз мешавад. Ин соли 2011-и мелодӣ, соли 1-уми даҳаи юми асри 21.1-и ҳазораи 3.01, соли якуми солҳои 2011-ум аст.
Рӯйдодҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 9 апрел — дар Тоҷикистон сохтори нави Созмони Милали Муттаҳид — UN Women муаррифӣ гардид.[1][2]
- 20 апрел — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар Паём масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди маорифу фарҳанг, беҳдошти вазъи иқтисодӣ ва дигар самтҳои сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.[3][4][5]
- 30 апрел — Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020 бо санади дахлдор тасдиқ гардид. Санади мазкур 30 апрели соли 2011, №227 тасдиқ шудааст ва дар муқаддимаи он мустақиман ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 ҳамчун яке аз асосҳои таҳияи барнома ишора шудааст. [6]
- 2 август — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд. 21 июли соли 2011 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро ҷонибдорӣ кард ва 2 августи соли 2011 он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.[7][8][9][10]
- 3 август — дар шаҳри Панҷакент корхонаи нави заршӯии назди Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба истифода дода шуд. Корхона дар як шабонарӯз то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳоро ҷудо мекард.[11][12]
- 6 август — дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардид. Баландии худи муҷассама 13 метр ва бо таҳкурсиаш 27 метрро ташкил медиҳад. Дар атрофи он фаввораҳо ва дигар иншооти шаҳрӣ бунёд гардиданд. [13][14]
- 25 август — дар шаҳри Душанбе муҷассамаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон[[]] ифтитоҳ гардид. Баландии муҷассама 45 метр ва паҳнои он 5 метр мебошад.[15][16]
- 5 сентябр — агрегати якуми НБО Сангтӯда-2, ки бо ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон сохта шудааст, ба истифода дода шуд.[20]
- 9 сентябр — Тоҷикистони мустақил 20-сола шуд.[21]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Соли 2011 дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Календарь НИАТ «Ховар»: сегодня 9 апреля(рус.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (9 апрели 2025).
- ↑ Тақвими АМИТ «Ховар»: имрӯз 9 апрел(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (9 апрели 2022).
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (20 апрели 2011).
- ↑ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (20 апрели 2011).
- ↑ Паёми Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2011(тоҷ.). Ҷумҳурият. Нашрияи расмии Тоҷикистон (21 апрели 2011).
- ↑ Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020(тоҷ.). ADLIA — Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқӣ. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 апрели 2011).
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»(тоҷ.). ADLIA. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2 августи 2011).
- ↑ Ҷонибдории қонуни муҳим аз сӯи ММ МО ҶТ(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 июли 2011).
- ↑ Қабули қонунҳои нав аз ҷониби Президенти ҶТ(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (4 августи 2011).
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2011
- ↑ Ифтитоҳи корхонаи муштараки Зарафшон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (3 августи 2011).
- ↑ Боздиди Э. Раҳмон аз корхонаи заршӯии «Зарафшон»(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (3 августи 2011).
- ↑ Сафари кории Э. Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (8 августи 2011).
- ↑ Суханронии Э. Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (8 августи 2011).
- ↑ Рӯйдоди муҳим ва таърихӣ(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (25 августи 2011).
- ↑ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи муҷассамаи Нишони давлатӣ(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (25 августи 2011).
- ↑ Баландтарин парчами ҷаҳон дар шаҳри Душанбе(тоҷ.). Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 августи 2011).
- ↑ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон гардид(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (31 августи 2011).
- ↑ Парчами баландтарини ҷаҳон(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (30 августи 2011).
- ↑ Баистифодадиҳии навбати аввали НБО «Сангтӯда-2»(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (Сентябр 2011).
- ↑ Тоҷикистони мустақил 20-сола шуд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (25 Январ 2012).
- ↑ Маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (Июн 2023).