Андреа Дуро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Andrea Duro Flores)
Jump to navigation Jump to search
Андреа Дуро
испанӣ: Andrea Duro
Premios Goya 2018 - Andrea Duro.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд: Андреа Дуро Флорес
Таърихи таваллуд: 14 октябр 1991(1991-10-14) (29 сол)
Зодгоҳ: Фуэнлабрада, Испания
Шаҳрвандӣ:  Испания
Касб: ҳунарпеша
Корнома: 2007 — то ҳол
IMDb: ID 2863907
Commons-logo.svg Андреа Дуро дар Викианбор

Андреа Дуро Флорес (испанӣ: Andrea Duro Flores, тав. 14 октябри соли 1991, Фуэнлабрада, Испания) — ҳунарпешаи испанӣ, ки бо нақшҳои худ ҳамчун Йоланда "Ёли" Фрейр дар силсилафилми телевизионии "Физика ё химия" ва Мара дар филми "Tres metros sobre el cielo" ва идомаи он маъруф аст.

Фаъолият[вироиш]

Андреа фаъолияти телевизионии худро соли 2007, дар синни понздаҳсолагӣ, дар силсилафилми телевизионии "Саволҳо оиди алоқаи ҷинсӣ", дар ду қисм, ҳамчун Берта, оғоз кард. Пас аз як сол дар соли 2008, вай дар силсилафилми "Физика ё химия" нақши Ёлиеро, ки маъруф намудааст мебозад, ки то соли 2011 дар тӯли ҳафт фасл нақш офарид.

Дар соли 2010, ҳунарпеша дар мутобиқсозии "Tres metros sobre el cielo" бо Марио Касас ва Мария Валверде кор кардааст. Худи ҳамон сол, вай дар филми мустанади Canal+ "Ҳунарпешазанҳо", барномаи "Лона" ва "Чие, ки мо ҳастем" баромад кардааст. Инчунин дар муқоваи маҷаллаҳои FHM ва Overlay ҷой дода шудааст.

Дар соли 2011, пас аз ба итмом расонидани силсилафилми "Физика ё химия", ӯ фаъолияти худро дар филмҳо идома дод: "Juan de los muertes", ки дар Куба ба навор гирифта шудааст; "Саргузашти арвоҳ" ва идомаи "Tres metros sobre el cielo" - "Ман туро мехоҳам", ду филми охирини он соли 2012 ба навор гирифта шудааст. Худи ҳамон сол соли 2011, вай дар нақшофарии "Tres metros sobre el cielo" дар маросими Капитал дар бахши "Дебюти беҳтарин" мукофотонида шуд[1].

Аз моҳи феврали соли 2011 вай дар силсилафилми "Асрори пули кӯҳна", шабакаи телевизионии Antena 3, ки дар он духтари ҳушёр ва сабуки Энригеттаро бозидааст.

Соли 2013 вай дар силсилафилми "The Grand Hotel" нақши Селия Веледурро бозӣ кардааст.

Филмнома[вироиш]

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2010 Three Steps Above Heaven Мара Tres metros sobre el cielo
2011 Juan of the Dead Камила Juan de los muertos
2012 Ghost Graduation Маривӣ Promoción fantásma
2013 Al final todos mueren Диана
2013 Pixel Theory
2014 Por un puñado de besos Марта
2014 Los amigos raros Палома
2014 En apatía
2014 Perdona si te llamo amor Оливия "Олӣ"
2015 Los miércoles no existen Паула
2015 The Solitude Марта Филми хурд
2017 Pasaje al amanecer Клара

Силсилафилм[вироиш]

Телевизион
Сол Номгӯй Нақш Шарҳҳо
2007 Cuestión de sexo Берта 2 қисм ("Independencia", "Las reglas del juego")
2008–2011 Física o química Ёланла "Ёли" Фрейре 77 қисм
2012 El secreto de Puente Viejo Энрикета 33 қисм
2013 Gran Hotel Селия Веледур 1 қисм ("Valtejar")
2014 Víctor Ros Нурия 1 қисм ("El misterio de la casa Aranda")
2014 El Rey 1 қисм ("1969-1993")
2014–2015 Amar es para siempre Лусия Барбате 72 қисм
2015–present Olmos y Robles Нурия Атиза
2016 Perdóname, Señor Клаудия
2017 La catedral del mar Алидис Сабра 6 қисм
2018 "Velvet Colección" Мария

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]