Jump to content

Нематодаи гандум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Anguina tritici)
Нематодаи гандум
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Anguina tritici, (J.G.Steinbuch, 1799) Chitwood, 1935

Нематодаи гандум (лот. Anguina tritici) — кирмчаест, ки касалии ангуллюлинози гандумро ба вуҷуд меорад. Ба ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра низ зарар мерасонад.

Нематодаи гандум дар Доғистон, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистони Шарқӣ, кишвари Краснодар, инчунин дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикҷистон вомехӯрад. Рустанӣ ҳангоми аз нематодаи гандум осеб дидан тамоман аз сабзиш мемонад ва ба ҷои дон дар хӯшаҳо бузғунҷ (ғалла) ҳосил мешавад.

Дар дохили ҳар як бузғунҷ аз 5 то 15 ҳазор кирмчаҳо мавҷуданд. Бузғунҷҳо ба замин рехта, аз намӣ мекафанд, кирмчаҳои онҳо аввал ба поя, баъд ба барг ва аз он ба ҷанини гул гузашта, рустаниро касал мекунанд. Нематодаи гандум бо дон, пахол ва инчунин олоти хоҷагии қишлоқ паҳн меша­вад.

  • Кирьянова Е. С., Кралль Э. Л., Паразитические нематоды расте­ний и меры борьбы с ними, том 1—2, Ленинград, 1969—71.