Jump to content

Кока-Кола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Coca-Cola)
Нишони тиҷории Кока-Кола
Кока-Кола, 1941, Montreal, Канада.

Кока-Кола (англ. Соса-Соla)- Кока-Кола нӯшобаи колаи газдори пуртарафдоре аст, ки дар пеш аз 200 кишвар ба фуруш мерасад. Ин нӯшоба маҳсули ширкати амрикоии Кока-Кола аст ва яке аз намодҳои фарҳангии кишвари ИМА ба шумор меравад. Кока-Кола шинохташудатарин номи тиҷорӣ дар дунё ва дувумин калимаи шинохташудаи забони инглисӣ дар дунё аст. Арзишин ин номи тиҷории беш аз 67 милиард долар тахмин зада шудааст.[1]

Зарфи машҳури Кока-Кола

Таърихи пайдоиши Кока-Кола аз соли 1886 дар Атлантаи Амрико оғоз мешавад. Ҷон Пембертон (John Pemberton) нӯшобаи наве ихтироъ кард. Таркиби он аз ду чиз- баргаи Кокаи Амрикои ҷанбуӣ ва чормағзи Африқоӣ иборат буд. Пембертон чанд муддат натавонист, то номи мувофиқе барои он интихоб кунад. Билохир, Франк Робинзон (Frank Robinson)- ҳамкори Пембертон номи Кока-кола(Соса-Соla)- ро пешниҳод намуд. Дар бадали се соли маъруфияти он афзуд. Бештар аз 100 сол аст, ки он истеҳсол мешавад. Солҳои 1960-ум ин нӯшобаҳои дигар, монанди Фанта (Fanta) ва Спрайт (Sprite) дар тобеияти Кока-Кола истеҳсол шуданд. Дорӯхати Кока-Кола дорои сири махсус аст. Ҳоло дар бештар аз 195 кишвар Кока-Кола ба фурӯш меравад.