Jump to content

Википедиа:Ҳафтаи Вироиши Википедиа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Edit Wikipedia Week)
Ҳафтаи Вироиши Википедиа: Аз 22 май то 29 май, 2011


Ҳафтаи Вироиши Википедиа рӯзи 22 май то 29 май, 2011 баргузор мегардад. Мақсади ин чорабини ҳавасманд кардани одамони дунё барои иштирок дар лоиҳаҳои гуногуни Викимедиа мебошад. Барои мисол, фарде метавонад дар китобхона ва ё мактаб семинари Википедиа гузаронад, бо аккосон сӯҳбат карда аз онҳо хоҳиш кунад, ки ба Викимедиа Умумӣ бо ҷой додани аксҳо ҳиссагузорӣ кунанд, ё содда карда ба аъзоёни оила дар бораи лоиҳаҳои гуногуни мавҷудбуда маълумот расонанд.

Ҳар кас метавонад барои кӯмак кардани ба чорабиниҳои "Ҳафтаи Вироиши Википедиа" дар давоми як ҳафта машғул бошад. Ҳадаф аз ин ба пеш бурдани чорабиниҳои ҳавасмандкунии одамон дар тамоми ҷаҳон барои иштирок дар лоиҳаҳо мебошад.

Чорабиниҳо метавонанд ҳам гуна мавзӯъҳоро дар бар гиранд – хурд ё калон. Шумо метавонед дар мактаб дар бораи лоиҳаҳо баромад кунед; дар барномаи оинаи нилгун номнависӣ кунед; баҳсу мунозира дар маҳфили аккосон дар бораи ҳиссагузорӣ ба Умумӣ гузаронед; ҳафтаи тарҷумаи мақолаҳоро ташкил кунед; одамони навро метавон барои сар кардани ВикиЛоиҳа даъват кард, ё метавон барои падар ё модар тарзи вироиш карданро омӯзонд. Ҳар коре, ки ба фикри шумо метавонад барои беҳбудии лоиҳа кӯмак расонад: ақида ин аст, ки бештар одамоне, ки вироиш намекунанд ва ё маълумот дар бораи Википедиа надоранд кӯмак карда онҳоро барои ҳиссагузорӣ ҳавасманд кунем.

Ҳафтаи Вироиши Википедиа ин таҷрибаест. Мақсад ин аст, ки ҳар кас метавонад чорабинии худро барои Ҳафтаи Вироиши Википедиа ташкил кунанд, ва ин метавонад барои худи онҳо ҳам таъсири мусбӣ расонад. Ҳеҷ кас барои пурсиш ва ё иҷозат ниёз дорад: озодона иштикрок кунед.

Қоидаҳо сахт вуҷуд надоранд, ба ғайр аз инҳо:

  • Хабарро паҳн кунед дар Википедиаи маҳаллӣ, лоиҳа, дӯстон, ҳамкорон, оила ва ғайраҳо.
  • Ҳаракат кунед, ки ақидаҳое, ки пешниҳод шуданд дар Википедиаи маҳаллӣ, лоиҳа, дӯстон, ҳакорон, оила ва ғайраҳо сабт гарданд.

Чорабиниҳои ба нақшагирифта

[вироиши манбаъ]

Ин ҷо сабти рӯихати чорабиниҳо\пешниҳодҳои шумо ва дигарон барои Ҳафтаи Вироиши Википедиа бо мақсади пешкаш намудани маълумоти охирин. Пешниҳодҳои худро дар зер нависед:

  • {шаҳр, кишвар} {вақт(ҳо), сана(ҳо)} {маълумоти кӯтоҳи чорабинӣ}
  • {лоиҳа} {сана(ҳо)} {маълумоти кӯтоҳи чорабинӣ}

Фикру Ақоид

[вироиши манбаъ]

Озодона фикру андешаҳои ва пешниҳодоти худро барои ба нақшагирии дигарон инҷо нависед. Дархостҳо барои пешниҳодот ва кӯмакро инҷо метавонед нависед.Ман пешниход мекунам, ки шумораи сахифаҳои википедияи тоҷики аз 30 хазор ба 40 хазор расонида шавад.Каримов Сиёвуш (talk) 11:28، 7 Феврал 2015 (UTC)

Маводҳои пешбарӣ

[вироиши манбаъ]

Оё шумо метавонед барои пешбарии вироиш кӯмак кунед? Сохтани эълон\огаҳӣ\плакат, хабарҳо? Бо акс ва ё тасвир ва шиор дар сомонаҳои баҳсу мунозира нависед? Дар тахтаҳои эълони донишгоҳ ва шаҳр таклифҳои гуногунро барои иштирок дар лоиҳаи википедиа часпонед. Аз дигарон барои сохтани шиору хабарҳо қӯмак пурсед. Метавонед на фақат Википедиаро пешбаред, боз дигар лоиҳаҳо викикитобҳо, викилуғат ва дигаронро пешбарӣ кунед. Ҳамаи лоиҳаҳо бо даъвати дигарон рушд хоҳанд кард.

Эълонҳоро метавонед чоп кардан дар гирду атрофи маҳалла ва ё донишгоҳ паҳн кунед?

Сарчашмаҳо

[вироиши манбаъ]

Барои кӯмаки навкорбарон ҷои беҳтарин ин китобхона ва ё марказӣ Интернет аст. Дар вақти омӯзонидани вироишкунӣ ва гузоштани сарчашмаҳо, пеш аз захира кардани мақолаҳо борҳро пешбинӣ кардан мумкин аст.

Ҳафтаи Вироиши Википедиа дар Мета