Jump to content

Уқоби ҳорпӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Harpia)
Уқоби ҳорпӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Harpia harpyja Linnaeus, 1758
Ареал
тасвир
Вазъияти ҳифз

Уқоби ҳорпӣ (лот. Harpia harpyja) — навъе уқоб аст, ки нерӯмандтарин ва бузургтарин парандаи шикории қораи Амрико ба шумор меравад.

Номи ҳорпӣ барои ин уқоб баргирифта аз номи як махлуқи аҳриманӣ дар афсонаҳои Юнони Бостон аст, ки ниме зан ва ниме парандаи шикорӣ буд[1]. Дар Бразилия уқобҳои ҳорпӣ бо номи «шоҳини салтанатӣ» шинохта мешаванд[2].

Тавсифоти умумӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Уқоби ҳорпӣ яке аз бузургтарин навъҳои уқоб аст, ки ҷинси модаи он 6 то 10 килограмм ва ҷинси нари он 5 то 8 килограмм вазн ва 95,5 сантиметр тӯл дорад.

Ин паранда гоҳе уқоби ҳорпии амрикоӣ номида мешавад то аз уқоби попуоӣ шинохта шавад, ки он ҳам гоҳе уқоби ҳорпии попуоӣ (гвинавӣ) номида мешавад. Ин ду уқоб аз назари зоҳирӣ ва навъи зиндагӣ шабоҳати зиёде ба уқоби филиппинӣ доранд.

Ин уқоби нерӯманд, ки тоҷе аз парҳои сафед бар рӯйи сар дорад, дар ҷангалҳои боронӣ ва гармсерии Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ аз ҷануби Мексика гирифта то Бразилия зиндагӣ мекунад ва дар баландтарин нуқтаи муртафеътарин дарахтон ошёна мекунад ва ҷонвароне чун тӯтиҳои мокоъу, маймунҳо ва танбалҳоро туъмаи худ месозад. Нимаи болои бадани уқоби ҳорпӣ сиёҳ ва нимаи поини баданаш сафед аст ва як хатти сиёҳ рӯйи синааш дида мешавад.

Уқоби ҳорпӣ ҳангоми парвоз

Ҷамъияти ин парандаи шикорӣ ба суръат дар ҳоли коҳиш аст ва ин коҳиш ба вежа дар Мексика ва Амрикои Марказӣ чашмгиртар аст[3]. Камтар аз 50 000 адад (бар пояи омори соли 2008)[4] аз ин паранда дар саросари ҷаҳон боқӣ мондааст.

  1. Мушорикаткунандагони Википедияи Форсӣ. عقاب هارپی. Википедияи Форсӣ.
  2. publisher1. عقاب هارپی | نیرومندترین و بزرگترین پرندهٔ شکاری قارهٔ آمریکا + عکس | خبرگزاری بین المللی شفقنا(форсӣ). 25 феврали 2020 санҷида шуд.
  3. eagle | Characteristics, Habitat, & Facts(англ.). Encyclopedia Britannica. 25 феврали 2020 санҷида шуд.
  4. Species factsheet: Harpy Eagle Harpia harpyja. BirdLife International.(пайванди дастнорас)