Ҷон Абраҳам
англ. John Abraham | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Farhan Abraham |
Таърихи таваллуд: | 17 декабр 1972 (51 сол) |
Зодгоҳ: | Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: | Ҳунарпеша,Продюсер,Модел |
Корнома: | 1997-то ҳол |
Ҷоизаҳо: | Filmfare Awards |
IMDb: | ID 1303433 |
johnabraham.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷон Абраҳам (ҳиндӣ: जॉन अब्राहम, англ. John Abraham; 17 декабр 1972)[1] — ҳунарпешаи синамо, продюсер ва модели ҳинд мебошад, ки дар филмҳои бо забони ҳиндӣ нақш мебозад.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷон дар ш. Мумбай, Ҳиндустон таваллуд шудааст; падари ӯ Абраҳам Ҷон, меъмор буда аҳли малаялӣ[2] ва модараш Фируза Эронӣ, парс мебошанд[3]. Ӯ коллеҷи Ҷай Ҳиндаро дар дараҷаи бакалавр ва соҳаи иқтисодиёт хатм намудааст[4].
Соли 1999, ӯ дар озмуни байналмилалии мардони зебо Gladrags Manhunt Contest, сипас кишварашро дар озмуни байналмилалии Manhunt International дар Филиппин муаррифӣ намуда ҷои дуюмро ишғол кардааст. Ӯ касби моделиро аз иштирок дар клипвидеои овозхони панҷобӣ Jazzy B оғоз намудааст.
Ӯ роҳбари тими футболи «Норт-Ист Юнайтед» мебошад[5][6].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ӯ дебюти худро соли 2003 дар филми Jism иҷро намудааст, ки ӯ ҷоизаи Filmfare Awards-ро дар номзадии беҳтарин ҳунарпеша бурд намуд[7]. Ҳамҷуфти ӯро Бипаша Басу бозидааст. Мунаққидон инчунин иҷрои ӯро дар филми «Water» -и Дипа Меҳта ситоиш карданд[8].. Соли 2006 бо иштироки ӯ чор филм бароварда шуд: «Kabul Express» (бо Аршад Варсӣ), «Taxi No. 9211» (бо Нана Патекар, Самира Редӣ), «Kabhi Alvida Naa Kehna» (бо Амитабҳ Баччан, Шоҳруххон, Притӣ Зинта, Абҳишек Баччан, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Киррон Кҳер) ва «Baabul» (бо Амитабҳ Баччан, Ҳема Малинӣ, Салмонхон, Ранӣ Мукҳерҷӣ, Ом Пурӣ, Шарат Саксена, Амон Верма), ки дутояш муваффақ гардиданд.
Соли 2012, ӯ бори аввал ҳамчун продюсер филми «Vicky Donor»-ро таҳия кардааст. Соли 2013, дар филми Shootout at Wadala бо Анил Капур, Кангана Ранаут, Тусшар Капур ва Сону Сун ҳунарнамоӣ намудааст, ки филм муваффақ шуд ва баҳои баланд гирифт. Ҳамон сол нақши Викрам Сингҳро дар филми «Madras Cafe», иҷро намуд, ки филм дар бораи сарбозе, ки ба ҷанги шаҳрвандии Шри-Ланка дахолат мекунад, нақл кардааст. Филмҳои дигари Ҷон «Rocky Handsome», мебошад, ки нақши асосиро бозидааст. Ин филм ремейки филми Кореяи Ҷанубӣ «The Man from Nowhere» буда ноком шуд. Соли 2016 филми дигари ӯ «Dishoom», бо иштироки ҳунарпешаҳо Варун Дҳаван, Жаклин Фернандес, Акшае Кҳанна, Паринитӣ Чопра ва дигарон рӯи навор баромадааст. Сарфи назар аз баррасиҳои манфии мунаққидон, муваффақияти тиҷоратӣ гардид. Ҳамон сол филми «Force 2», ки идамаи филми «Force» 2011 мебошад, низ муваффақ гардид. Ҳамҷуфти ӯро ҳунарпеша Сонакшӣ Синҳа бозидааст.
Филмҳои навбатии ӯ соли 2018 баромадаанд: Parmanu: The Story of Pokhran бо Диана Пентӣ ва Боман Иранӣ ва Satyameva Jayate бо Маноҷ Баҷпайӣ ва Айша Шарма. Соли 2019, ӯ дар триллерҳои Romeo Akbar Walter бо Ҷекӣ Шрофф ва Batla House бо Мрунал Тҳаккур ҳунарнамоӣ намудааст.
Продюсер
[вироиш | вироиши манбаъ]Дебюти Ҷон ҳамчун продюсер дар филми Vicky Donor (2012), буда нақшҳои асосиро Аюшман Хурроно, Анну Капур ва Ями Гаутам иҷро намуданд. Филми дуввуми ӯ Madras Cafe, мебошад ва филмро Шуҷит Сиркар коргардони намудааст. Нақшҳои асосиро худаш ва Наргис Фахрӣ иҷро намудаанд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳангоми банаворгирии филми Jism соли 2002, Ҷон бо шарикаш аз филм Бипаша Басу робитаро шурӯъ намуд[9]. Онҳо то аввали соли 2011 дар муносибат буданд[10]. Ҳангоми якҷоя будан, онҳорр аксар вақт дар расонаҳои Ҳиндустон ҳамчун «Ҷуфти беҳтарин» (англ. Supercouple), ном мебурданд. Ҷон гуфта буд, «Ман ҳамеша дар бораи ҳаёти шахсии худ хомӯш будам ва хомӯшии худро идома хоҳам дод. Ин хичлатро падару модарам ба ман омӯхтаанд». Ҷуфт соли 2011, барҳам хӯрд, ки ҳоло Бипаша бо Каран Сингҳ Гровер оиладор мебошад[11].
Соли 2010 Ҷон бо Прия Рунчал, шаҳрванди ҳиндутабори амрикоӣ дар Мумбай шиносоӣ пайдо намуда, муносибати ошиқонаро оғоз намуданд. Онҳо 3 январи соли 2014 дар Лос Анҷелес издивоҷ намуданд[12].
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпеша
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Филм | Нақш | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2003 | Jism | Кабир Лал | Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин дебюти мардона |
Saaya | Акаш/ «Акки» | ||
Paap | Саркомиссар Шиван | ||
2004 | Aetbaar | Арян Триведӣ | |
Lakeer — Forbidden Lines | Саҳил | ||
Dhoom | Кабир | Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ | |
Madhoshi | Аман | ||
2005 | Elaan | Абҳиманю | |
Karam | Ҷон | ||
Kaal | Криш Тҳапар | ||
Viruddh | Амар Патвардҳан | ||
Water | Нараян | ||
Garam Masala | Шям / Сам | ||
Shikhar | Худаш | Намоиши махсус | |
2006 | Zinda | Роҳит Чопра | Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин намоиш дар нақши манфӣ |
Taxi No. 9211 | Ҷай Миттал | ||
Kabhi Alvida Naa Kehna | Ди Ҷей | Намоиши махсус дар «Where’s The Party Tonight» | |
Baabul | Раҷат | Номзади дар Filmfare Award барои Беҳтарин нақши дуюмдараҷа | |
Kabul Express | Суҳел Хон | ||
2007 | Salaam-e-Ishq: A Tribute to Love | Ашутош Райна | |
Hattrick | Худаш | Намоиши махсус дар суруди «Wicket Bacha» | |
No Smoking | Кей | ||
Dhan Dhana Dhan Goal | Саннӣ Бҳасин | ||
2008 | Dostana | Кунал Чауҳан | |
2009 | Luck by Chance | Худаш | Намоиши махсус |
Little Zizou | Арҷун | Намоиши махсус | |
New York | Самир / «Сем» | ||
2010 | Aashayein | Раҳул Шарма | |
Jhootha Hi Sahi | Сид | ||
2011 | 7 Khoon Maaf | Ҷиммӣ Стетсон | |
Mere Brother Ki Dulhan | Худаш | Намоиши махсус | |
Force | Яшвардҳан Сингҳ | ||
Desi Boyz | Ник Матҳур / Шикорчӣ | ||
2012 | Housefull 2 | Макс | |
Vicky Donor | Худаш | Намоиши махсус дар суруди «Rum Whisky» | |
2013 | Race 2 | Арман Малик | |
I, Me Aur Main | Ишан Сабҳарвал | ||
Shootout at Wadala | Маня Сурве | ||
Madras Cafe | Викрам Сингҳ | ||
2015 | Welcome Back | Аҷай Барсӣ / Аҷҷу Бҳай | |
2016 | Wazir | Виҷай Маллик | Намоиши махсус |
Rocky Handsome | Кабир Аҳлават / Рокӣ / Зебо | ||
Dishoom | Кабир Шергилл | ||
Force 2 | Яшвардҳан Сингҳ | ||
2018 | Parmanu: The Story of Pokhran | Ашват Райна | |
Satyameva Jayate | Вирендра ‘Вир’ Ратҳод | ||
2019 | Romeo Akbar Walter | Ромео Алӣ / Акбар Малик / Волтер Хон | |
Batla House | Санҷай Кумар | ||
Pagalpanti | Раҷ Кишор | ||
2020 | Mumbai Saga | Ганпат Рой | [15] |
Attack | Никҳил Саҳай | ||
Satyameva Jayate 2 | Вирендра ‘Вир’ Ратҳод |
Продюсер
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Филм | Шарҳҳо |
---|---|---|
2012 | Vicky Donor | National Film Award for Best Popular Film Providing Wholesome Entertainment Filmfare Award барои беҳтарин филм (номзадӣ) |
2013 | Madras Cafe | |
2016 | Rocky Handsome | |
Force 2 | ||
2018 | Parmanu: The Story of Pokhran | |
2018 | Savita Damodar Paranjpe | Филб бо забони маратҳӣ |
2019 | Batla House |
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дигар комёбиҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Мукофот | Натиҷа | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
2006 | Rajiv Gandhi Award барои комёбии ӯ дар Болливуд | Баранда | [16] |
2007 | Giant International Awards барои саҳм дар синамои Ҳиндустон | [17] | |
2008 | Марди ҷаззоби Осиё | [18] | |
2009 | Lions Club Award | [19] | |
2011 | India’s Sexiest Bachelor by the BIG CBS PRIME | [20] | |
2012 | Most Stylish Man — GQ Awards (Ҳиндустон) | [21] | |
2013 | NDTV-Creative Entrepreneur of the Year | [22] |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Krishnan, Aishwarya Happy Birthday, John Abraham: 7 things to know about the Bollywood hunk!. 'india.com' (17 December 2016). 1 апрели 2017 санҷида шуд.
- ↑ John Abraham backs father and brother`s ‘Bombay Greenway Project’(англ.). Zee TV (6 June 2013). 23 Январ 2015 санҷида шуд.
- ↑ John Abraham: I have not been the greatest son to my mom(англ.). Hindustan Times (5 March 2013). 23 Январ 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2015.
- ↑ Lover, Movie John Abraham Latest Movies Videos Images Photos Wallpapers Songs Biography Trivia On. Gomolo.com. 13 июни 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 марти 2013.
- ↑ Basu, Saumyajit Stars embrace football through Indian Super League. The Times of India. 22 апрели 2014 санҷида шуд.
- ↑ Indian Super League sees interest from 30 franchise bidders, Business Standard (24 March 2014). Проверено 22 апрели 2014.
- ↑ John Abraham enters Bollywood with Jism(англ.). Times of India (003-01-10). 3 сентябри 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 марти 2013.
- ↑ Water (2005). Rotten Tomatoes. 3 сентябри 2010 санҷида шуд.
- ↑ Today's guys are all losers: Bipasha Basu – The Times of India. The Times of India. 5 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ Relationship with John over for good: Bipasha (25 July 2011). Проверено 31 Декабри 2011.
- ↑ It's London in spring time!, The Times of India (4 April 2007). Проверено 3 сентябри 2009.
- ↑ Wedding bells Kangra Mcleodganj (19 April 2012). Бойгонӣ шудааст 1 марти 2013 сол. Проверено 6 августи 2020.
- ↑ 10 Indian Celebs Who Are Proclaimed Atheists. MensXP.com. 15 ноябри 2015 санҷида шуд.
- ↑ My body is my religion: John Abraham. Test Sharma. CNN-IBN (July 20, 2012). 6 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2016.
- ↑ Mahurat shot of #MumbaiSaga.The journey begins. A 19th June 2020 release.. T-Series. 27 августи 2019 санҷида шуд.
- ↑ John Abraham awarded Rajiv Gandhi Award. Nowrunning.com (21 August 2006). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2007.
- ↑ John Abraham. Hindustan Times. 7 ноябри 2007 санҷида шуд.
- ↑ John Abraham voted sexiest Asian man. Apunkachoice.com (13 December 2008). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 Декабри 2008.
- ↑ Lions Club Award. Mapsofindia.com. 4 Январ 2015 санҷида шуд.
- ↑ John bags the title of 'India's Sexiest Bachelor', Glamsham Magazine. Бойгонӣ шудааст 28 сентябри 2011 сол. Проверено 16 сентябри 2011.
- ↑ 2012 GQ India Men of the Year. gqindia.com. 10 December 2013
- ↑ 11 Bollywood Actors Who Are Also Super Successful Entrepreneurs. MTV India (2 May 2014). 11 феврали 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2018.