Jump to content

Терескен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Krascheninnikovia)
Терескен
Krascheninnikovia lanata
Krascheninnikovia lanata
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Krascheninnikovia Gueldenst. (1772), nom. cons.
Мутародифот
Номенклатурный тип
Krascheninnikovia ceratoides (L.) Gueldenst. (Axyris ceratoides L.)

Тереске́н, ё Крашениннико́вия (лот. Krascheninnikovia) — як ҷинси буттаву нимбуттаҳост аз оилаи шураҳо.

Дар СССР (ҷануби Қисми аврупоӣ, Сибир, Кавказ, Осиёи Миёна, аз он ҷумла ҶШС Тоҷикистон) 2 намуди терескен — С. latens ва С. еvercmanianna дар маҳалҳои санглоху регзор, дашт, нимбиёбону биёбон месабзад. Июл — август, гул карда, август— сентябр тухм мебандад.

Терескен рустании хуби хӯроки чорвост. Дар Помир беш аз 1 млн га терескензор ҳаст. Терескензор чарогоҳи хуб ба ҳисоб меравад. Баргу пояи терескенро бузу гӯсфанд, аслу шутур нағз мехурад. Хошоки терескен 14,7— 18,1 % протеин, 11,8—25,1 % сафеда,I, 5—4,8 % равған, 0,2—1,3 % оҳар (крахмал), 0,6—6,1 % қанд, 29,5— 42,6 % моддаҳои киёмии бенитроген, 11, 9—14,9 % моддаҳои минералӣ дорад. Терескени хушкро чун ҳезум ҳам истифода мебаранд.

  • Флора Таджикской ССР. том 3, Л., 1968;
  • Юсуфбеков X. Ю., Касач А. Е., Терескен на Памире, Душанбе. 1972.