Jump to content

Корбар:Oyatullo.Gayurov.tj

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кори тоҷик ҳама хом аст, худоё, мададе!

Дасту по бозу ғулом аст, худоё, мададе!

Лоиқ Шералӣ


Сатри зан ё завҷ ё хоки лаҳад,

Сатри мардон ҳифзи хеш аз ёри бад.

Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофиру муъмин ҳама халқи Худост.

Муҳаммад Иқболи Лохурй



Бе ранҷу ҷафо соҳиби унвон нашавӣ,

Бар тахт равӣ вале Сулаймон нашавӣ.

Дар асл агар нест Худо дар дили ту,

Сад бор ба хаҷ рави мусалмон нашавӣ.

Саъди Шерозӣ


Ҳар ки моро ёд кард, Эзид мар уро ёр бод,

Ҳар ки моро хор кард, аз умр бархурдор бод.

Ҳар ки андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,

Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.

Дар ду олам нест моро бо касе гарду ғубор,

Ҳар ки моро ранҷа дорад роҳаташ бисёр бод.

Мир Сайид Алии Хамадонӣ


Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад то ба худаш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бадии ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Умар Хайём


Яке нон дораду дандон надорад.

Яке дар амри маъруф аст ба минбар,

Агар таҳқиқ куни имон надорад.

Яке гул дораду гулдон надорад,

Дигар шарм дораду имон надорад.

Яке ёр дораду ҷонон надорад,

Дигар пул дораду виҷ дон надорад.

(Аз халқ)


Моро, моро, худо бубахшад моро -

ин миллати бесоҳибу бепарворо.

Як қатра гирифта, дода сад дарёро,

Як зарра гирифта, дода сад дунёро...

Лоиқ Шералӣ



Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,

Не бар падарон монаду не бар писарон.

То битавони умр ба тоат гузарон,

Бингар, ки фалак чи мекунад бо дигарон.

Абусаиди Абулхайр


Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёдаст,

Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дарозаст.

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,

Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,

Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,

Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули мадани нест.

Бар мурдадилон панд мадех, хеш маёзор,

Зеро ки Абу- Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд.

Ин ҷисми Халил аст, ки оташ задани нест.

Хушнуд машав, душман агар кард мухаббат,

Хандидани Ҷаллод зи ширинсухани нест.

Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,

Бегона барои ту бародар шудани нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,

Ғофил машав эй дуст, ки модар шудани нест,

Ҷалолиддин Румӣ



Визон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкил дорам зи донишманди маҷлис бипурс:

Товбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,

К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё раб, ин навдавлатнро бар хари худшон нишон,

К-ин ҳама ноз аз ғулом турку астар мекунанд

Эй гадои хонаҳақ, барҷаҳ, ки дар дайри мурон

Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.

Ҳусни бепоёни у чандон, ки ошиқ мекушад,

Зумари дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.

Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гуй,

К-андар он ҷо тинати одам муҳаммар мекунанд.

Субудам аз арш меомад хуруше, ақл гуфт:

«Қудсиён гуй, ки шеъри ҳофиз аз бар мекунанд».


Ҳофизи Шерозӣ