Алии Шариатӣ
форсӣ: علی شريعتی | |
Таърихи таваллуд | 23 ноябр 1933[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 19 июн 1977[1][3] (43 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | ҷомеашинос, мақоланавис, шоир, фаъоли сиёсӣ, тарҷумон |
Падар | Mohammad-Taqi Shariati[d] |
Ҳамсар | Pouran Shariat-Razavi[d][4] |
Вебгоҳ | shariati.com |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алии Шариатӣ (форсӣ: علی شريعتی; 23 ноябри 1933 — 19 июни 1977) — ҷомеашиноси чап, инқилобӣ, исломшиноси барҷастаи эронӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Алии Шариатӣ дар 23 ноябри соли 1933 дар рустои Коҳак дар наздикии Сабзавори Эрон дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Аллома Муҳаммадтақии Шариатӣ, муассиси қонуни «Нашри ҳақоиқи ислом» буд.
Шариатӣ таҳсилоти ибтидоиро дар дабистони «Ибни Ямин»-и Машҳад сипарӣ кард ва ба дунболи он дар соли 1946 вориди дабиристони «Фирдавсӣ»-и Машҳад шуд ва пас аз итмоми давраи дабиристон, дар 16-солагӣ ба донишсарои муқаддамотӣ рафт.
Ин мутафаккири эронӣ дар соли 1952 ва дар ҷараёни рӯйдодҳои «21-уми июл» боздошт шуд ва ин нахустин рӯёрӯии ӯ бо низоми ҳокими шоҳ буд. Вай дар соли 1955 дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Машҳад ба таҳсил дар риштаи адабиёти форсӣ пардохт ва пас аз муддате бо яке аз ҳамкилосиҳои худ ба номи Пурони Шариъати Разавӣ издивоҷ кард ва сипас бо дарёфти мадраки коршиносӣ ва касби мақоми шогирдии мумтоз аз тарафи донишгоҳ, барои идомаи таҳсил дар мақтаъи дуктуро ба Фаронса рафт.
Иқомати ин андешаманди бузург дар Фаронсаро метавон давраи созандагии шахсияти сиёсии ӯ донист, зеро вай бо мутафаккирони машҳур ва барҷастае ҳамчун Луӣ Мосиниюн, Жон Пул Сортер, Жон Берг, Фронтс Фонун, Ҷурҷ Гуревич ва низ шуморе аз устодони барҷастаи Донишгоҳи Сурбон ошноӣ пайдо кард. Ҳамчунин бо ширкат дар фаъолиятҳои сиёсии донишҷӯёни эронӣ дар Порис, аз масоили ҷаҳони севвум огоҳӣ ёфт. Ӯ дар чандин тазоҳурот низ барои пуштибонӣ аз Инқилоби Алҷазоир ширкат кард.
Алии Шариатӣ дар соли 1964 ҳангоми бозгашт ба Эрон, дар марз дастгир ва ба зиндони Қизилқалъа дар Теҳрон мунтақил шуд, аммо пас аз муддате дар сентябри ҳамон сол озод ва ба Машҳад рафт ва дар Донишгоҳи Машҳад ба суханронии хирадмандона ва пурмағз дар миёни донишҷӯён шӯру нишот эҷод кард. Ҳамчунин Алии Шариатӣ дар Ҳусайнияи Иршоди Теҳрон ба суханронӣ пардохт ва дубора дастгир шуд.
Суханрониҳо ва осори мондагори ин устод таъсири муҳимме дар огоҳибахшӣ ба мардум ва масири пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дошт, ки аз он миён метавон ба «Худсозии инқилобӣ», «Абӯзар», «Бозгашт ба хештан», «Ниёиш», «Мо ва Иқбол», «Таҳлиле аз маносики ҳаҷ», «Торихи тамаддун», «Ҳубут дар кавир», «Зан», «Равиши шинохти ислом», «Ҳусайн — вориси Одам», «Чӣ бояд кард?», «Гуфтугӯҳои танҳоӣ» ва ғайра ишора кард.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Алии Шариатӣ дар солҳои поёнии умри хеш даврони сахту тоқатфарсои зиндагии худро пушти сар гузошт ва дар ин муддат ранҷу сахтиҳои зиёдеро таҳаммул кард. Фишорҳои СОВОК (Созмони амнияти шоҳи Эрон) бар вай сабаб шуд, то вай дар 15-уми майи 1977 Теҳронро ба мақсади Ангилис тарк ва ин гуна давраи тозае барои мутолеъа ва муборизаро оғоз кунад.
Аммо дар ҳоле ки танҳо чанд ҳафта аз сафараш ба ин кишвар мегузашт, дар 19-уми июни 1977 дар Совт-ҳемптун дида аз ҷаҳон фурӯ баст ва ба диёри Ҳақ шитофт. Пайкари ин мутафаккири номӣ бо машварати Аллома Муҳаммадтақии Шариатӣ ва кумаки дӯстон ва ёрони ӯ аз ҷумла Мустафо Чамрон ва Имом Мӯсо Садр, дар канори ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Зайнаб (с) дар Сурия ба хок супурда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ персидская Википедия (форс.) — 2003.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ali Rahnemā, An Islamic utopian : A political biography of Ali Shariati, London: I.B.Tauris, 1998.
- Сагадеев А. В. Али Шариати и «исламские левые». — В сборнике: Религия в изменяющемся мире (Серия: Философская мысль континентов). М.: Изд-во РУДН, 1994—224 с. — ISBN 5-209-00515-1 — c.81-95.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- shariati.com — вебгоҳи расмии Алии Шариатӣ
- Сайидюнуси Истаравшанӣ. Андешаманде бедор. Кимиёи саодат (17 июни 2017). 19 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 феврали 2018.