Jump to content

Бофта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бофта (Textus) — маҷмӯи ҳуҷайраҳое, ки пайдоиш ва сохтори ба якдигар монанд дошта, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд.

Сохт ва ҷойгирии бофтаҳоро гистология меомӯзад. Бофта эпителиявӣ, пайвандӣ, мушакӣ ва асабӣ мешавад. Вазифаи бофтаи эпителиявӣ муҳофизат, ихроҷ ва ҷаббиши моддаҳо аст. Ба бофтаҳои пайвандӣ хун, лимфа, бофтаҳои тӯрмонанд, ковок, зич, тағоякӣ ва устухонӣ мансубанд. Бофтаҳои тӯрмонанд узвҳои махсуси муҳофизатӣ ва хунофар (сипурз, лимфағуддаҳо, мағзи устухон)-ро ташкил мекунанд. Бофтаҳои пайвандии ковок аз ҳуҷайраю нахҳои гуногун ва моддаи байни ҳуҷайраҳо иборат буда, насҷи зери пӯст ва қабатҳои ковоки байни узвҳоро ба вуҷуд меоранд. Рагу пайҳо аз бофтаҳои пайвандии зич таркиб ёфтаанд. Бофтаҳои пайвандии тағоякӣ, ки аз ҳуҷайраҳои калон иборатанд, ба пайдоиши бандҳо, қабурға, бинӣ, гӯш ва диг. узвҳо замина мегузоранд. Бофтаҳои пайвандии устухонӣ вазифаи такягоҳро иҷро мекунанд. Бофтаҳои мушакӣ ду навъ – суфта ва кӯндаланграх мешаванд. Мушакҳои суфта аз ҳуҷайраҳои дарози дукшакл иборат буда, ҳаракати узвҳои дохилиро таъмин месозанд. Мушакҳои кӯндаланграх аз торҳои мушакӣ (мушакҳои скелетӣ) ё ҳуҷайраҳо (мушаки дил) иборатанд; онҳо қобилияти тез кашиш хӯрданро доранд. Бофтаҳои асабӣ аз ҳуҷайраҳои асаб (нейронҳо) ва ёрирасон иборат буда, барои дарк, таҳлил ва ҷавоби ангезиши аз муҳит ё аз узвҳо омада мусоидат мекунанд. Ангезиш тавассути ретсепторҳо қабул шуда, ба импулсҳои асаб мубадал мегардад ва ба воситаи торҳои асаб ба системаи асаби марказӣ мегузарад. Дар ин ҷо импулсҳои ҷавобӣ ташаккул ёфта, ба воситаи дигар торҳои асаб ба узвҳо мераванд.

  • Гаврилов Л. Ф., Татаринов В. Г.'' Анатомия: Учебник. — 2-е изд. перераб. и доп. — М.: Медицина, 1986. — 368 с
  • Энсиклопедияи мухтасари тиб (Иборат аз 5 ҷилд) . – Душанбе, 2011. – Ҷ.1. – 504 с.