Сайид Қиёмиддини Ғозӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.1) (робот илова карда истодааст: fa:سیدقیام‌الدین غازی
No edit summary
Сатри 10: Сатри 10:
'''Сайид Қиёмиддини Ғозӣ''' ({{lang-fa| سيد قيام الدين غازی}}) ({{lang-ru| Сайид Киёмиддини Гози}})- рӯҳонии барҷастаи Тоҷик.

== Зиндагинома ==
== Зиндагинома ва фаолиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва таблиғӣ ==

[http://misboh.com/ Сайид Қиёмиддини Ғозӣ] соли [[1952]] дар деҳаи Қаламтуғайи ноҳияи [[Ҳисор]] ба дунё омадааст. Падараш яке аз рӯҳонии шинохтаи Тоҷикистон Сайид Имомиддини Ғозӣ мебошад, ки силсилаи аҷдодиашон ба паёмбар (с) мерасад. Падараш соҳиби чандин китобҳои динӣ, аз ҷумла девони ашъор бо номи «Ҷавониро ғанимат дон» ва романе бо номи «Таблиғ–ул–анбиё» ва «Мазҳария» мебошад.

== Вилодат ва насаб ==
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ аввал дар назди падар таҳсил гирифтааст, баъдан дар назди Мавлоно Ориф, Мавлоно Икромуддин, Қозидомулло Абдуррашид, [[Домулло Муҳаммадҷони Андиҷонӣ]] таҳсил кардааст.

[http://misboh.com/index.php?option=com_content&view=article&id=107:2012-09-24-07-01-15&catid=40:1&Itemid=161 Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ] фарзанди олими муҷоҳид ва муҷоҳиди олим, хатиб мабҳур, шоири машҳур, орифи маъруф, филсуф ва ҳакими суханвар, фақиҳи барҷаста ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) дар 21 марти 1952 дар ноҳияи Ҳисор, деҳаи Қаламтуғай дар хонаводаи комилан мазҳабӣ ва аз муборизони алайҳи Шуравӣ, аз ҳофизон Ислом ва аз бедоргарони миллат ба дунё омадаанд. Ишон аз содоти Тақавӣ маҳсуб шуда ва насабашон бо 40 восита ба ҳазрати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мерасад[2].
Соли [[1988]] то соли [[1992]] хатиби масҷиди марказии ноҳияи [[Хуросон]] (он замон [[Ғозималик]]), ҳамзамон мударриси мадрасаи ба номи Имом Тирмизӣ буд. Аз соли 1994 то соли 1999 дар комиссияи Оштии миллӣ фаъолият кардааст ва дар ин комиссия саҳми арзанда дорад. Бо шаҳодат ва эътирофи аксари донишмандони равшанфикр, дар суханварӣ моҳир мебошад.

== Таҳсилоти динӣ ==
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ яке аз 5 нафар муассисини ҲНИТ аст. Ҳатто мегӯянд, ки солҳои 1990-1992, дар оғози муборизаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ ӯ маъруфтар аз [[Сайид Абдуллоҳи Нурӣ]] буд. Худи ӯ дар ҷавоб ба як суол иброз медорад: «Дар оғози соли 1993, ки аксари сарони Наҳзат дар ин миён ҷамъ омада буданд, нахустин ҷаласа дар Толиқон баргузор шуд, ки раёсаташро ман бар ӯҳда доштам. Дар инҷо ҷаноби Нурӣ ҳам мехост ва ҷаноби Ҳимматзода ҳам мехост, ки калонтар бошанд. Ман суханронӣ кардам ва гуфтам, ки дар болои ду китф як сар меистад, ду сар истода наметавонад, зеро якеяш шояд ғарбро, дигараш шояд самти шарқро пеш бигирад, ки дар ниҳоят боиси шикасташавии поҳо мешавад. Баъд ояеро қироат ва пешниҳод кардам, ки ҷаноби Нурӣ сардори мо, ҷаноби Ҳимматзодаву дигарҳо дар симмати муовинати он кас пазируфта шаванд». Ва дар ҳамин Толиқон ӯ ба дастгирии муҳоҷирини тоҷик машғул будааст. Дар ин кор ба ӯ марҳум [[Аҳмадшоҳи Масъуд]] кӯмаки молӣ мерасондааст. Ба гуфтаи мавсуф: «Чун пулҳоямон тамом мешуд, бо номае, ки аз [[Аҳмадшоҳи Масъуд]] гирифта будем, мерафтем ба Қундуз ва Толиқон ва аз онҷо маблағи даркориро мегирифтем».

Дар ин маврид ишон ингӯна мефармоянд:” Аз кӯдакӣ ба улуми исломӣ ва динӣ бисёр алоқаи зиёд доштам. ҳар китоберо, ки ба дастам меомад онро мутолаа мекардам. Таҳсилоти муқаддамаоти исломии худамро пас аз ёдгирии илми абҷад аз падарабузургам, аз қиблагоҳам омӯхтам. Сипас аз муллоҳои барҷаста ва дар аймои навҷавонӣ ба Андиҷон сафар намуда дар онҷо низ аз бузургтарин олимон файзҳо бурдам. Дар айми муҳоҷарат, ки тақрибан ба муддати 2 сол дар сарзамини ваҳй иқомат доштам аз олимони бузурги ҳарамайни шарифайн камоли истифодаро бурдам. Ҳамчунин дар замони муҳоҷарат узви уламои давлати исломии Афғонистон будам. Дар идома барои акмили улумам соли 2001 ба Ҷ.И.Эрон сафар намудам ва дар маҳзари бузургони ин диёр низ зонуи шогирда зада камоли файзро бурдам. Ҳамчунин инҷониб бо лутф ва карами Худо 10 маротиба ба ҳаҷҷи фарзӣ ва 100 маротиба ба ҳаҷҷи умра ноил омадаам”[3].
Сайид Қиёмиддини Ғозӣ донандаи улуми динӣ буда, яке аз фақеҳони машҳур дар мазҳаби [[Абӯҳанифа]] (р) маҳсуб меёбад. Дар 65 фиттаи сабти аудиоӣ шарҳи Қофия бо забони форсӣ дорад. Ҳамчунин, дар амри маъруфҳояш мардумро ба ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва тарс аз рӯзи қиёмат, эҳтироми бузургон, омӯхтани илм даъват менамояд.

== Асотид ==

Монанди аксари олимон ва бузургони дигар аввалин устоди Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣи марҳум падари бузугворашон будаанд. Қуръони карим ва муқаддамоти баъзе аз улум монанди сарфу наҳв, ақоид, бӯстон, гулистон, ҳофиз ва бедил ва ғайраро назди қиблагоҳашон омӯхтаанд. Ҳамчунин аз падарбузургашон ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ),илми Абҷадро фаро гирифтаанд.

2.Махдум Абдулҳамид. 3. Мулло Сафаралӣ. 4. Мулло Қиёмуддин. 5. Мулло Давлатшоҳ. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди ин асотиди бузург илмҳои сарф, наҳв, фиқҳ, ақоди, аҳком ва ғайраро дар сатҳи муқаддамотӣ омӯхтанд.

6. [[Мавлоно Орифуллоҳуллоҳи Фарғоначӣ]]

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар соли 1963 ( 14- солагӣ ) ба ҳамроҳи мулло Неъматуллоҳ мурид ва шогирди падари бузургворашон ба Душанбе минтақаи якум Саветскӣ ба назди Мавлоно Орифуллоҳ барои фарогирии улум мераванд. Мавлоно Орифуллоҳ, шахсияти бузург ва маорифпарваре буданд, ки аз дасти Исталинчиҳо фирор карда ба Тоҷикситон ва дар Душанбе дар якум Саветскӣ иқомат доштанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ илми сарфу наҳвро дар сатҳи олӣ назди Ишон фаро гирифтаанд. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар васфи Устоди муҳтарамашон инчунин Мегуянд:” Мавлоно Орифуллоҳ дар ин фан (адабиёти араб) воқеан ҳам ҳозиқ ва назире надоштанд”. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ тақрибан як сол назди ин бузургвор машғул ба илм омӯзи буданд.

рӯзе Мавлоно Орифуллоҳ номаеро ба дасти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ медиҳанд ва мегӯянд чанд рӯзи баъд номаро боз карда бихон. Баъд аз чанд рӯзе Мавлоно Орифуллоҳ дори фониро видоъ мегӯянд. Мавлоно Орифуллоҳ дар он нома Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро ба Мавлавӣ Қорӣ Икроми Намангонӣ муаррифӣ карда буданд.

7. [[Мавлавӣ Икроми Намангонии Андиҷонӣ.]]

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз ин, ки Мавлоно Орифуллоҳ дори фониро видоъ мегӯянд, ба назди падари бузургворашон бозгаштанд. Марҳум падари бузургворашон ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) пас аз мушоҳадаи номаи Мавлоно Орифуллоҳ Ишонро ташвиқ карда ҳамроҳи мактубе, ки Мавлоно Орифуллоҳ ба Ишон қабл аз фавташон дода буданд дар 15- солагӣ ҳамроҳи мулло Неъматуллоҳ, ба Намангон ба назди Мавлавӣ Қорӣ Икроми Намангонӣ барои омӯхтани улум гусел медоранд.

Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ҳофизи кулли Қуръони карим ва аз маоарифпарварони барҷаста буданд ва сатҳи бисёр болоеро дар улуми мухталифи исломӣ доштанд, аксари шабҳо зиндадор ва як орифи комил буданд. Шогирдони зиёдеро аз тамоми қишри ҷомеа тадрис менамуданд. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ҳолоти ирфонии ин Орифуллоҳ ниҳояти истифодаро бурда ва улуми зиёдеро дар сатҳи боло назди ин олими раббонӣ омӯхтаанд аз ҷумла, фиқҳ, усули фиқҳ, илми ҳадис, тафсир, шабистон ва ғайра.

8. [[Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммаҷони Ҳиндустонии Андиҷонӣ.]]

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз он, ки як солу чанд моҳе дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ зонуи шогирди заданд , Мавлавӣ Икроми Намангонӣ чанд рӯз пеш аз фавташон (ҳамонанди Мавлоно Орифуллоҳ) номае ба дасти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ медиҳанд ва Ишонро ба Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ муаррифӣ мекунанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз бозгашт ба ватан, баъд аз чанд рӯз истироҳат соли 1967 дар сини 16- солагӣ ( онтавре, ки худи Ишон мегӯянд, ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам, ки он замон 16- сола будам чун рақами хонаи Мавлвӣ 16 буд, яъне кӯчаи Бедил, рақами хона 16) ҳамроҳи марҳум падари бузургворашон ва мулло Неъматуллоҳ[4] ба наздаи Мавлавӣи Ҳиндустонӣ мераванд.

Аммо Мавлавӣ Ҳиндустонӣ дар аввал ба сабаби ҷавви сиёсӣ ва сахтгириҳои бениҳоят сахти давлати Комунистӣ қабул намекунанд, аммо бо дидани номаи Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ва чанд савол аз Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, ки будани ишонро дар Намагон ва дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ собит мекард баъд аз чанд лаҳза гиря ва молидани номаи Қорӣ Икроми Намангонӣ ба чашмонаш бо оғуши боз пазиро мешаванд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1967 то 1973 ба сурати доим ва баъд аз он то ҳудуди 10 соли дигар ба сурати ғайри доим, яъне ҳар ҳафта ё ҳар даҳ рӯз ба хидмати Мавлавӣ мерасиданд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди ин олими барҷаста кутубе ҳамчун, Адаби дунё ва дин, Адаби дин ва дунё, Унвонул баён, Бустонул азҳон, Ахлоқи чалолӣ, Ахлоқи муҳсинӣ, Бедил, Маснавӣ, Дафтари дуюми шарҳи мулло Ҷомӣ, илми ҳадис, Қозӣ байзовӣ, луғати араб, адабиёти араб, панду андарзҳо, ҳикмат, Қутбия, фиқҳ, усул, тафсир, маонӣ, баён, мантиқ ва ғайраро омухтаанд.

8. [[Қозӣ Абдуррашид]]

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ҷаноби Қозӣ Абдуррашид низ файзи илм бурдаанд. Онтавре, ки худи Ишон мегӯянд:” Бо мулло Эшонҷон ба назди Қозӣ Абдуррашид барои касби илм мерафтем ӯ воқеан ҳам як замоне Қозӣ буданд ва аввалин касе буданд, ки фатво доданд, ки шавҳари ҳар зане, ки комунист шуд занаш талоқ мешавад, масалан домодаш, ки комунист шуд рафта духтарашро аз хонаи шавҳараш овард ”[5].

9. [[Мулло Аҳмади Бухороии Исфаҳонӣ (мулло Мурод)]]

Мулло Аҳмади Бухороӣ ( таваллуд ҳудудан 1895 ) дар ҳизби ҷавонони инқилобии муҷаддидони Бухоро узв буда аз падар Бухороӣ ва аз модар Исфаҳонӣ буданд. Инчунин падараш аз вузарои амири Бухоро буд. Мулло Аҳмад ҳофизи кулли Қуръони карим ва сиёсатмадори хибрае буданд.

Мулло Аҳмад ба сабаби фаъолиятҳои инқилобиаш ва ба хотири таҳти таъқиб буданаш аз тарафи давлати Бухоро ба Истанбул фирор намуда ва дар китобхонаи миллии Истонбул ба муддати даҳ сол машғул ба кор мешавад. Баъд аз даҳ сол бо висотати ҳизби Отатурк ба Бухоро бозгардонда мешавад.

Аз онҷо, ки мулло Аҳмад дигар шинохта шуда буд дар Бухоро зиндагӣ барояш мушкил мешавад барои ҳамин тасмим ба ҳиҷрат мегиранд. Дан натиҷа ба Тоҷикистон ҳиҷрат мекунад ва ноҳияи Ҳисорро барои зиндагӣ ва аҳдофаш интихоб менамояд. Дар Ҳисор ба дунболи сайидзодаҳо мегардад мардуми Ҳисор ӯро ба ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ ( раҳматулло алайҳ) муаррифӣ мекунанд. Мулло Аҳмад ҳудудан дар соли 1980 чашм аз дунё мебандад, ҳамакнун қабри Ишон дар ноҳияи Рудакӣ дар деҳаи Куктош мебошад.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1969 ҳамзамон аз Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ва мулло Мурод улми мухталиферо меомӯхтанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ин устоди азизашон ҳамвора ба бузурги ёд мекунанд ва улуме чун таърих, ҷуғрофиёи дунё, ошнои бо кишварҳо, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои исломӣ, маҷаллаот ва ҳафтаномаҳову рӯзномаҳои муҳими ҷаҳон, ошнои бо макотиби сиёсӣ ва сиёатмадорони бузурги он замон, Забури Қуръони карим, луғати араб, суханварӣ ( илми суханронӣ) ва мавизаро назди Ишон омӯхтаанд.

== Сафар ба ҶИЭ ==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, дар соли 2001 барои такмили улуми худ ба Ҷ.И.Эрон сафар намуда ва аз маҳзари бузургони ин диёр ҳамчун 10. Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ. 11. Оятуллоҳ Ҷавводии Омулӣ. 12. Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ. 13. Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ. Дар улуме ҳамчун фалсафа, калом, фиқҳ, тафсир ва ғайра ниҳояти истифода ва файзи комилро бурдаанд.

== Таҳсилоти донишгоҳӣ ==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ Соли 1996 риштаи сиёсат ва ҳуқуқи Донишгоҳи Кобулро хатм мекунад, ки дар як маросиме расман дипломашонро аз дасти ҷаноби Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт мекунанд. Аз Соли 1996 то 2000 дар Донишгоҳи Байналмиллалии Панҷоби Покистон (ба номи Иқболи Лоҳурӣ) дар шуъбаи Исломобод ва дар риштаи адабиёти форсу тоҷик таҳсил намуда ва дар ин сол муваффақ ба дарёти дипломи дуктурои худ шуданд.

== Сафарҳо ==

Аз онҷо, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ омӯхтани улум, зиёрати уламо, зиёрати бузургон ва пешвоёни дин ва зиёрати зиёратгоҳҳои онон, боздид аз кишварҳои исломӣ ва дидор бо андешмандонро дӯст медоранд ва ғанимат медонанд сафарҳои зиёде ба мамлакатҳои дунё кардаанд.

Ҳамчуин ишон дар солҳои авоили таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва наҳзати исломии Узбекистон барои таҳияи манобеи илмӣ ва кутуб барои ин ду Наҳзат ба баъзе аз кишварҳо сафар намуда ва тамоми манобеи илмии инду Наҳзатро таҳия менамуданд. Ин гуфтарро баъзе аз муҳаққиқин мисли пажӯҳишгари арҷуманд ҷаноби Сайид Юнуси Истаравшанӣ таъйид намудаанд[6]. Албатта баъзе аз сафарои Ишон барои тиҷорат, сафари корӣ ва ҷамъоварии кӯмакҳои хориҷӣ барои муҳоҷирондар тӯли солҳои ҳиҷрат(1992-1997) низ буда аст.

Сафарҳои Ишон ба кишварҳои ҳамчун: Арабистон, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Миср, Яман, Тунис, Судон, Сурия, Фалистин, Либия, Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Кашмир, Покистон, Жопон, Малайзия, Индунейзия, Олмон, Русия, Украйн, Беларус, Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Тотористон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманисон, Қирғизистон ва ғайра аз он ҷумла аст.

== Осори илмӣ ==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ қабл аз фурупошии Шуравӣ дар ҳалқаҳои дарсӣ ҷузваҳои зиёди дарсиро омода карда буданд, вале бо шуруъ шудани инқилоб ва муборазот ва ҷанги дохилӣаксаран нобуд шудаанд ва онҳоиям, ки боқӣ мондаанд дар дасти шогирдони Ишон мебошад. Аммо баъд аз соли 2000 ба ин тараф осоре доранд, ки ҳамакнун баъзе аз онҳо аз навор пиёда шуда ва дар дасти таҳия ва танзим аст, ки ба наздики чоп мешаванд мисли:

1. Тафсири баъзе аз сураҳои Қуръони Карим.

2. Дуруси адабиёти араб. 4. Маорифи исломӣ.

3. Ошнои бо шахсиятҳои ва ҷунбишҳо исломии муосир.

5. Шарҳ ва тафсири мавзуии аҳодис. 6. Зиндагинома ва хотироти шахсӣ.

7. Нигоҳе ба таърихи Наҳзати исломии Тоҷикистон. 8. Ҳафтаномаи Мисбоҳ.

9. Сомонаи ихтисосии Мисбоҳ (www.misboh.com).

Фаолиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ, таблиғӣ ва сиёсӣ

== Курсии тадрис ==

Онтавре, ки худашон мегӯянд ҳудудан аз сини 16- Солагӣ яъне пас аз бозгашт аз Андиҷон шуруъ ба тадрис намуданд. Дар ҷаласоти дарсии ишон муллоҳои бузург ва барҷаста низ ҳузур доштанд. Дар маконҳои зиёде ишон тадрис менамуданд, ки баъзе аз онҳо ишора мекунем:

Душанбе: 1. Док кӯчаи Қаротагин 2. Южнӣ 3. Чин теппа 4. Чор тут 5. Раёни Рӯдакӣ. Қургантеппа: 1. Куйбешак 2. Заводи кансерва 3. Астаханов 4. Ламаносо. 5. Савхозҳо. Кӯлоб: 1. Ҳул бук 2. Шаҳри кӯлоб 3. Атрофи фурудгоҳи Кӯлоб 4. Данғара атрофи масҷиди ҷомиъ 5. Сангтӯда 6. Себистон ва ғайра. Ноҳияи Ҳисор, Ёвон, ноҳияи Хуросон ва шаҳрҳо ва навоҳии дигар.

Дар соли 1988 Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ хатиби ноҳияи Хуросон ва мударриси донишгои исломии Имом Тирмизӣ буданд, ки дарсҳое чун, тафсир, ҳадис, адабиёти араб ва баъдан бо хоҳиши шогирдони хеш китобҳои сиёсиро тадрис менамуданд.

Эшон Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар даврони муҳоҷарат (1992 -1997), узви маҷмаи уламои исломии Афғонистон буданд.

Бад аз сулҳ дар соли 1997 ва пас аз ҷамъбасти комисиюни оштии миллӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дубора ба фаолиятҳои илмӣ машғул шуда ва ҳамакнун дар бисёре аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ва низ дар хориҷи кишвар ба фаолиятҳои илмӣ ва таблиғӣ машғулият доранд.

Таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳамонтавре, ки зикр намудем Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ асотиди мутааддиде доштанд ва дар назди асотиди фаровоне таламмуз намуда буданд, лизо ишон амалан таҷрибаҳои асотиди худро дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ махсусан мавзеъгириҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар кадомро амалан дида ва дарсу улгубардорӣ менамуданд.

Ва низ бояд таваҷҷӯҳ кард, ки ишон аз хонадоне ҳастанд, ки дар тӯли таърих фаолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсии фаровонеро доштанд. Ба унвони мисол метавон аз фаолиятҳои ҷадди бузургвори ишон марҳум ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ (рҳ) ва фарзандони он бузургвор, ки ҳар кадом корномаҳои равшани иҷтимоӣ ва сиёсиро доро ҳастанд ёд кард.

Ва инчунин ишон худ бо афрод ва андешмандоне аз мазоҳиб ва аҳзоби гуногӯни исломӣ, ки дар донишгоҳҳои саросари Шуравии собиқ таҳсил менамуданд дар иртибот буда ва осори дигар бузургонро бо сахтиҳо ва мушаққатҳои зиёд пайдо намдуа аввалан худ онро мутолаа менамуданд ва сониян онро ба дигар бузургон мисли устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ), ҷаноби Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ) ва ғайра мерасониданд, ки имрӯза бисёре аз бузургон ба он эътироф доранд.

== Оғози ошноии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Нурӣ (рҳ)==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ Соли 1970 ( охирҳои 1970 ) бо устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) шинос шуданд ва сабаби ошноии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) дар се чиз буда аст:

Аввал инки падарони онҳо бо ҳам дӯсту рафиқ буданд ва гаҳ - гоҳе падари устод Нурӣ (рҳ) омада падараи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро гирифта ба зиёрати Эшони Абдурраҳмон мерафтанд ва дустии байни падарҳо дар дустии байни писарҳо сабаби ин ошнои шуд.

Дӯстии байни падарони онҳо ингӯна ҳикоят шуда аст: Падари устод Нурӣ (рҳ) як замоне ё худашон ва ё каси дигарашон ба дарде мубтало мешаванд, ки бояд доруи гиёҳӣ аз кӯҳҳои атрофи ноҳияи Хуросон таҳия менамуданд барои ҳамин ба ин ноҳия омада ва суроғи бузурги ин диёрро мегиранду дар натиҷа ба падари Эшони Сайид Қиёмуддин яъне, ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) ошнои пайдо мекунанд.

Ва сабаби дуюм ошноии ин ду бузургвор дар он аст, ки мулло Раҳим, ки баъдан падарзани устод Нурӣ (рҳ) мешаванд китоби Нуруляқин ва Ҳидояро назди Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ меомӯхтанд. Замоне, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар Қурғонтеппа ба дасру тадрис машғулият доштанд дар як манзиле зиндагӣ мекарданд, ки духтари ҳамсояи соҳиби манзилро баъдан устод Нурӣ (рҳ) ба зани гирифтанд. Барои ошноии муқаддамоти арусӣ, ки барои ҳар як домоду арус расми маъмул аст дар манзиде, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ зиндагӣ мекарданд (Қурғонтеппа) муққаддамоти издивоҷашон фароҳам шуда аст.

Ва сабабе сеюме, ки ин ду олим ва муҷоҳидро бо ҳам амиқтару самимонатар ошно сохта он аст, ки соли 1970, ки нисбатан аз сахтгириҳои давлати Комунистӣ коста шуд, Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ ҷаласоти дарсии худро озодтар карда ва шогирдони зиёде қабул карданд. Яке аз аз касоне, ки ба ин ҷаласот тавасстуи домулло Сиёмуддини Наҷмуддин ба Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ муаррифӣ мешавад устод Нурӣ (рҳ) буданд.

== Сангбинои наҳзати исломии Тоҷикистон ==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар худ дардеро эҳсос намуданд ва он дард ҳамон дарде буд, ки тамоми ҷонҳоро мутаассир мекунад. Он ҳамон зулм бар мусалмонон ва фарҳанги исломӣ ва миллии тоҷикон буд. Лизо ишон дунболи ҳамдард ва ҳамроз мегаштанд то бо ҳам дарди диле дошта бошанд ва марҳаме бошад барои хахмҳои онҳо.

Авохири соли 71 баъд аз ошноии комили ин ду азиз, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аввалинбор ва барои аввалин кас ба устод Нурӣ (рҳ) баҳсҳои сиёсӣ, инқилоби кишварҳо ва ҳаракатҳои исломӣ, ошнои бо андешмандон ва мутафаккирони исломӣ, ошнои бо инқилобиюни Бухоро, Туркия, Миср, Покистон, Алҷазоир ва ғайраро, ки аз устоди хеш мулло Мурод омӯхта буданд матраҳ менамоянд ва дар ниҳоят ҳадафи хешро баён мекунанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ барои пешбурди аҳдофи исломӣ ва озодихоҳона ва мубораза алайҳи Комунист ва бедории миллат ва ҷамъоварии ҷавонони бо имон ва ғайюр пешниҳод доданд, ки созмони исломиеро таъсис бидиҳанд, то битавонанд миллатҳои мусалмони Осиёи Миёнаро бо исломи азиз ошно сохта ва миллатҳоро аз зери зулму ситам раҳои бахшанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар ин робита мегӯянд:” Баъд аз онки миёни мо эътимоди комил барқарор шуд аввалинбор масоили сиёсӣ ва инқилобҳои ҷаҳон аам аз инқилобҳои исломӣ ва ғайри исломиро, ба марҳум Нурӣ матраҳ намудам ва аз шахсиятҳое бузурги ҷаҳони Ислом ва ғайра бо ишон суҳбат намудам, албатта банда намедонистам, ки оё ишон низ аз ҷое илҳомоти сиёсӣ мегирифтанд ё на, вале аз ман мерусиданд, ки ин масоилро аз куҷо мегӯӣ аз кадом манбаъ фарогирифтаӣ? Дар ҷавобаш мегуфтам, ки як рӯз шуморо низ ба он манбаъ васл мекунам.

Охирҳои соли 1972 марҳум устод Нурӣ бандаро ба хонаи падариаш даъват карданд. Дар манзили падари марҳум Нурӣ ҳардуямон танҳои танҳо то саҳар дар бораи эҷод ва бунёди як ҳаракат ва ё як пойгоҳе барои бедории миллат, таълиму тарбият, савод омӯзии ҳамагонӣ ва ғайра баҳс ва гуфтугу кардемд ва дар охир ба ин натиҷа расидем, ки афрод ва ашхосеро бо худ ҳамроҳ ва ҳам фикру ақида кунем ва як маҷмуа ташкил бидиҳем. Сипас баъд аз пухта шудани ҳарфҳо ва барномаҳоямон ашки шодӣ рехтем ва аҳди бародарӣ баста ва дар пай ҷӯстуҷӯи ашхос ва афроди инқилобӣ ва муътамад гаштем”[7].

Баъд аз чанд моҳе Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мулло Қорӣ Муҳаммадҷонро ҳам фикру ҳам ақида карданд, ки одами фаҳмида, шуҷоъ ва ҳушёре буда аст ва устод Нурӣ (рҳ), дӯсти доимии худ ба номи мулло Неъматуллоҳ ва ҳамчунин мулло Қаландарро, ки бо мулло Неъматуллоҳ дар як мағоза кор мекарданд ҳамроҳи худ ҳам ақида намуданд.

Дар ҳамон сол (охирҳои соли 1972 ) ин созмони навпои исломӣ ҷаласаи дуюми худро дар шаҳри Қурғонтеппа ва дар манзили мулло Қаландар барпо намуд, ки аъзои онро ҳамин панҷ нафар ташкил медоданд: Саидабдуллоҳи Нурӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Неъматуллоҳ ва мулло Қаландар.

Онҳо барои расидан ба аҳдофашон 4 шуъба ташкил доданд шуъбаи аввал: таълим ва тарбият, ки Қорӣ Муҳаммадҷон масъулияти онро ба дӯш доштанд. Шуъбаи дуюм: Иршод, ки ба Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мавкул шуда буд. Шуъбаи сеюм: Пул ва мол, ки ба мулло Қаландар вогузор шуда буд. Шуъбаи ҷорум: Ахбор ва иттилоот, ки ба уҳдаи мулло Неъматуллоҳ гузошта шуда буд. устод Нурӣ (рҳ), ба ҳайси бузургтар назорат мекарданд.

== Асомии Наҳзат дар тӯли солҳо ==

Созмони исломие, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) дар соли 1972 поягузорӣ карда буданд дар тӯли таърих исмҳои гуногӯне дошта аст. Дар ин бора Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мефармоянд:” Наҳзат, аз аввал номаш ин набуд. Чанд боре исмаш ба сабабҳое тағйир карда аст. Дар аввал “ Бародарони Мусалмон “ буд. Сипас “ Ҷамъиятул исломӣ ” номгузорӣ шуд. Баъд аз он “ Ҷамоатул исломӣ ”. баъд аз муддате “ Наҳзатул исломӣ ” ва дар охир “ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ” номгузорӣ шуд[8].

== Раҳбари расмӣ пайдо кардани наҳзат ==

Дар ин робита Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мегӯянд:” Ҳудудан соли 1978 буд, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгир ва васеи наҳзатҳои исломии Тоҷикистон ва Узбекистон қарор бар он шуд, ки ҳардуи ин наҳзатҳо як кодри раҳбарӣ дошта ва дар сояи як раҳбар фаолиятҳои худро идома бидиҳанд. Аз тарафи наҳзати исломии Тоҷикистон марҳум Нурӣ номзад буданд ва аз тарафи наҳзати исломии Узбекистон ҷаноби Аллома.

Бар ҳамин сабаб дар ҳамон сол дар манзили қиблагоҳ Худо раҳматаш кунад ҷаласа доир шуд ва мо мунтазири ҷаноби Аллома будем, вале хабари шаҳодати ишонро шунидем. Баъд аз баъе аз аъзои аршади Наҳзат минҷумла мулло Амруддин, мулло Айёмуддин ва баъзе аз дӯстон номи аз банда ҳимоят намудаанд, вале банда бинобар абабҳое инсироф додам”[9].

== Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва ҷаноба Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ)==

Дӯстии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва ҷаноби Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ) ба солҳое, ки назди Малавии Ҳиндустонӣ таҳсил менамуданд бар мегардад. Дар ин бора Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ингӯна баён мекунанд:

”Бо Қорӣ Аллома (рҳ), ҳудудан соли 1969 ошно шудам. Ишон барои идомаи таҳсилоти худ ба назди Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ омада буданд. Дар аввоил забони форсиро намедонистанд, вале бисёр зуд онро ёд гирифта ва ба таври фусҳа ҳарф мезаданд. Баъд аз онки инҷониб бо мабоҳиси сиёсӣ ва инқилобӣ тавассути мулло Мурод ошно шудам, ҳамаи он матолибро ба Аллома интиқол медодам ва ишон низ ҳар се моҳ ба ватанаш сафар намуда матолибро ба Узбекистон интиқол медод.

Баъд аз хоҳишҳои мукаррарам аз мулло Мурод, ки баъзе аз дӯстонамро ба назди ишон биёварам, аммо ҳамеша мухолафат менамуданд ва танҳо ҷаноиб Алломаро боре ба ҳузур пазируфтанд. Шабе дар ноҳияи рудакӣ дар хонаи яке аз муридони қиблагоҳам, мулло Мурод, ҷаноби Аллома (рҳ) ва банда то субҳ суҳбат кардем. Тамомии кутуби сиёсӣ ва бузургоне чун Шаҳид Қутб, Аллома Мавдудӣ ва осор ва мақолоти Ихвонулмуслиминро банда аз Тотористон, Санкпитербург, Одеса ва ҷойҳои дигар таҳия намуда дар ихтиёри ишон ва дигар бузургони Наҳзат қарор медодам”[10].

== Тазоҳуроти соли 1986 ==

Фаолиятҳои Наҳзат идома дошт то ин, ки соли 1986 ҳазрати устод Нурӣ (рҳ) боздашт мешаванд. Дар ин замон Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷон ва мулло Амруддин аввалин тазоҳуротро дар Шуравӣ дар дифоъ аз устод Нурӣ (рҳ) роҳ андозӣ мекунанд.

Ин тазоҳурот ба муддати 3 рӯз тӯл кашида ва дар он болиғ бар бист ҳазор нафар ширкат доштанд. Ин тазоҳурот дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ хабараш расида ва барои кохи Крелин як шикасти асосӣ маҳсуб мешуд. Шиорҳои ин тазоҳуротро марҳум ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) омода мекарданд ҳамчун:” Роҳи мо роҳи Алист , бирав гумшав Комунист”. Ва ё ин шиори машҳури Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, ки мегӯянд:” Ё Аллоҳ ё Аллоҳ иҳфазлано Абдаллоҳ Абдаллоҳ”.

== Боздоштҳо ва шиканҷаҳо ==

Ба таври қатъӣ ҳар онки дар роҳи дин ва барои пешбурди аҳдофи динӣ ва исломӣ қадам монда аст бо мушкилот, шиканҷа, табъид, шаҳодат ва ғайра мувоҷеҳ шуда аст. Чун ин масири пур хатар ин машаққатҳои лаззатбахшро ба ҳамроҳ дорад. Аксари уламо ва бузургон аз ин қоида мустасно набудаанд дар тӯли таърих. Минҷумлаи он олимону бузургон ва муҷоҳидони роҳи ҳақ ҳазрати Эшони Сайид Қиёмуддин мебошанд, ки ишон низ борҳо ва борҳо боздошт шуда ва шиканҷа шудаанд. Худи ишон дар ин бора мефармоянд:

“ Банда борҳо дастгир шуда ва шиканҷа шудаам. Аввалинбор ба соли 1979 бар мегардад, ки ба Тирмиз сафар кардам ва дар онҷо бар алайҳи давлати Комунисм суханрони карда ҷавононро аз рафтан ба Афғонистн барҳазар доштам. Дар оғози ҳамлаи давлати комунистӣ онҳо ҷавонони мусалмонро фариб дода ба онҳо мегуфтанд, ки Амрико ба Афғонистон ҳамла карда аст ва бояд шумо ҷавонони мусалмон ба онҷо рафта ҷиҳод кунед аз ҳамин қабил ҳарфҳои дурӯғ мегуфтанд. Банда онҷо як ҳафта суханрони карда ба ҷавонон гӯшзад менамудам, ки шумо ба ҷанги бародаркушӣ меравед на ҷиҳод. Баъд аз як ҳафта боздошт шудам.

Борҳо ва борҳо боздошт шудаам шиканҷаҳои мухталиф шудаам назири нохункашӣ, хомушкардани сигор дар бадан ва ғайра. Албатта Худоро шокирам, ки ҳеҷгоҳ ба муддати зиёд ҳабс нашудаам. Дар он замон ҳар кадом аз Наҳзатиҳо номи мустаор доштанд. Барои инки Давлат моро шиносоӣ накунад. Масалан номи мустаори банда мулло Солеҳ буд ва номи мустаори Қорӣ Муҳаммадҷон Ҳамза буд”[11].

== Ҳукумати эътилофӣ ==

Бинобар нақл баъзе аз муҳаққиқон, пеш аз шуълавар шудани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 ҳизбҳои муҳим ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чандинбор бо аъзои давлат ва Раҳмон Набиев дидор дошта то давлати эътилофӣ ташкил диҳанд то ҷилави фитнаи хонумонсӯзро бигиранд. Дар ин боро Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ингӯна изҳори назар мекунанд:

” Дар замони инқилоб, Набиев Рамазон Мирзоевро фиристод ( албатта банда бо Рамазон Мирзоев ошноии дерина доштам), ки бо ҳам гуфту шунуд кунем ва ин нооромиҳо поён ёбад. Баъд аз машварат бо марҳум Нурӣ ва аъзои аршади Наҳзат қарор бар ин шуд, ки гуфтугӯ кунанда банда бошам. Банда пешниҳод кардам, ки ҳамин ҳукумати Набиевро то 4 соли оянда ба расмият бишносем ва мо дар тӯли 4 сол, ки вақт дорем ба кадрсозӣ муводират меварзем пас аз он расман ворди интихобот мешавем баъзеҳо аз ин пешниҳоди банда истиқбол карданд аз ҷумла мулло Амруддин.

Аз тарафи Наҳзат дар музокара банда будам, Махдум Исматуллоҳ, ва ду нафари дигар ҳам буданд( исмҳояшон алҳол дар зеҳнам намонда аст). Аз тарафи давлат худи Набиев, Рамазон Мирзоев, Ҳувайдуллоҳев ва як вазир ба номи Ғафуров буданд. Аввалин ҷаласаи мо дар вазорати Транспорт ва дуюуминбор дар Ташхис баргузор шуд. Хулоса мо чандин маротиба дидор ва гуфту шунид кардем ва як ҳукумати Эътилофӣ бунён кардем, ки аз 32 вазорат, риёсат ва кумитаҳо иборат будан, 16 вазорат таксим шуд. Қозиёт ва Қозӣ калон дар ҷои худ боқӣ бимонанд.

Аз ин гуфту шунидҳо Кенҷаев низ бо хабар шуда буд, ки ду бор бо ӯ низ дидор доштам. Бори аавал дар майдон баъд аз суханрони дар дохили мошин нишаста 2,3 соат суҳбат кардем, ки дар охир ҳарфҳоямон баланд шуд ва ба ягон тавофуқе нарасидем зеро, ки ӯ худхоҳ ва мутакаббир буд.

Бори дуввум дар хонаи яке аз ҷиҳанҳояш дар рустои Ҷуйбодом, ки аз аввали шаб то субҳ суҳбат кардем ва хостааш ин буд, ки 16 вазорат моли шумо, аммо тарафи музокараи шумо ман бошам на Набиев.

Яке аз ихтилофоти банда ба ӯ ин буд, ки ӯ хонадони Ҳазрати Тураҷонро нодида мегирифт. Банда ба ӯ гуфтам ту, ки парваришёфтаи ҳамин хонадони, ту ки нону намак хури ҳамин хонадони, ту ки инқадар бевафоӣ аз куҷо маълум, ки фардо ба миллат ва дигарон вафодор боши. Дар ин робита ҳарфҳо зиёд аст, ки чаро музокароти ҳукумати эътилофӣ ба натиҷаи ниҳоӣ нарасид ва ё масъалаи ҷанги дохилӣ ва таҳмилӣ ва ҳамчунин масъалаи сулҳ, ки мутаассифона замони гуфтани ҳақоиқ ҳанӯз ҳам фаро нарасида аст, иншоаллоҳ ба вақташ хоҳам гуфт”[12].

== Инқилоб ва муҳоҷарат ==

Ҷаноби Толибшоҳи Сайидзода воқеаҳои он солҳоро ингӯна нақл мекунанд:” Солҳои 1990-1992 дар оғози муборазаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ки осафо он ҳама талошҳо ба муқовамати мусаллаҳонаи байни гуруҳӣ табдил шуд, номи Эшони Қиёмуддини Ғозӣ дар радифи номҳои уламои саршиноси исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Сайидашраф, Қорӣ Муҳаммадҷон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, ҳатто баландовозатар ва маъруфтар аз ному пайкори Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

Мавсуф бо мавъизаҳои таҳрикбахш, бо шиорзаниҳои ранги ҷадид доштааш шӯҳрат ёфта то имрӯз шиори сардодаи Ишон "ИТТИҲОД ИТТИҲОД РАМЗИ ПИРӮЗИСТ", ки воқеъан беҳтарин даъват аст, маъниашро ҳеч гум накардааст. Ӯ-ро аз нахустин доъиёни сиёсии майдонҳои таҷаммӯъи тоҷикон дар охири қарни бистум шинохтаанд. Эшони Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрон, аз аввалинҳо буданд, ки таҷаммӯъи беш аз бистҳазораи Майдони Шаҳидон (Майдони назди Кохи Райёсатиҷумҳурӣ) баҳори соли 1992 барояшон унвони "генерали мардумӣ" дода буд”[13].

Дар соли 1992 замон шуруи инқилоб Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ муҳимтарин суханорони майдон ба ҳисоб меомаданд. Баъд аз он, ки аъзои Наҳзат шуруи ҷанги дохилиро хадс зада ва дарк карданд, ки фоҷиаи азиме дар роҳ ҳаст барои ҳамин аъзо тасмим мегиранд, ки намояндае ба давлати исломии Афғонистон бифристанд. Устод Нурӣ (рҳ) мегӯянд, ки ин масалаи хатир ҷуз аз уҳдаи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз уҳдаи каси дигар барнамеояд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бори аввал бо фиристодаи вижаи устод Раббонӣ (рҳ) мехостанд аз тариқи марзи ҷумҳурии Узбекистон вориди давлати исломии Афғонистон шаванд, аммо баъд аз 16,17 рӯз талош муваффқ нашуданд сипас ба Тоҷикистон бозгашта аз тариқи сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар таърихи 20,09,1992 ба ҳайси меҳмони вижа вориди Теҳрон мешванд ва баъд аз мулоқоти бо бузургони он замони Ҷ.И.Эрон ва бо кӯмакҳои фаровони онҳо барои муҳоҷирин вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд ва барои муҳайё кардани ҷойҳои зиндагии муҳоҷирон 6 моҳ талош мекунад ва баъд аз он ором - ором дигар бузургони Наҳзат вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд.

== Аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонистон ==

Пас аз онки марҳум Устод Нурӣ (рҳ) ва дигар аъзои аршади Наҳзат ба давлати исломии Афғонистон ворид мешаванд, аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонитон ба раҳбарияти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баргузор мегардад дар ин бора ишон мефармоняд:

” Тақрибан баъд аз гузаронидани 6,7 моҳи муҳоҷарат ва сахтиҳо ва ранҷҳо ва машаққатҳои тоқатфарсо билохара бузургони Наҳзат ташриф оварданд ва бо қабул кардани масъулиятҳо ва хадамот, фаолиятҳои банда камтар шуд ва эҳсоси оромиш кардам. Аввалин ҷаласа дар Толиқон баргузор гардида ва вазифаҳо тақсим шуд, албатта бандаи ҳақир бидуни ҳеҷ масъулияте монда ва мисли сарбози радавой шудам ( бо ханда ). Дар ҳамон ҷаласа ва то чанд вақти дигар баъзе аз бузургони Наҳзат дар пайи тақсимоти вазоиф махсусан раҳбарияти Наҳзат ихтилоф доштанд, ки банда дар ҳамон ҷаласа сароҳатан эълом гамудам, ки раҳбарият мисли гузашта ба дӯши марҳум Нурӣ мебошад ва раҳбар ду то буда наметавонад, ва илло ба фасод кашида мешавад. Ҳамон суханронии банда дар ин маврид, яъне агар дуто раҳбар шавад якеш ба шарқ тамоюл мекунад ва дигари ба ғарб ва натоиҷи бисёр бад ба ҳамроҳ дораад, дар он замон маъруф буд”[14].

== Масъалаи Сулҳ ==

Дар ин баҳси пур талотум Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ҳарфҳои нагуфта зид доранд ва ба қавли худашон бимонад барои баъд ва ба вақташ бисёр ҳарфҳо барои гуфтан дорам. Ишон тақрибан дар акс абармарди сулҳи Тоҷикистониёнро Устод Раббонӣ аст.

Дар ин маврид Толибшоҳи Сайидзода ингӯна изҳор медоранд:” Дар замони сулҳ саҳми Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997-2000-ум узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Барои хидматҳои арзандаашон дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст”[15].

== Сухани поёнӣ... ==

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи фаолияти худ баъд аз сулҳ ва то замони дар қайди ҳаёт будан устод Нурӣ (рҳ) ва баъд аз он дар Наҳзатро ингӯна баён медоранд:

“ Банда ҳеҷвақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам ин ҳарфи банда дар миёни авом машҳур аст, ки агар онқадар зури бар рӯи Наҳзати исломӣ хат бизан ва раъй худро ба каси дигар бидеҳ. Наҳзат фарзанд ва пораи тани ман ҳаст, бунёнгузошта шудаи худи ман ҳаст. Ин ҳаракат ҳаракати динӣ ва исломӣ аст ва муталлақ ба мардум аст. Аз Наҳзат ба монанди гавҳари чашм бояд муҳофазат шавад.

То замоне, ки марҳум устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буданд банда ба унвони мушовири аршади ишон маҳсуб мешудам ва аксаран бо ҳам хилват доштем ва масоъилро барраси менамудем. Ҳатто машҳур аст, замоне, ки модараи Ишон фавтидан ( дар он замон банда дар сафари корӣ будам ва ҳамон шаб иттифоқан баргаштам) марҳум устод Нурӣ ҳамонрӯз сароҳатан эълон карданд, ки ҳар вақт дар танги қарор мегирифтам ва ниёз ба машварат медоштам Худованди меҳрубон худи ҳамон лаҳза Эшони Сайид Қиёмуддинро бароям мефиристод.

Агар банда бо Наҳзат мухолиф бошам ҳамин алъон шогирдоне дорам, ки узви Наҳзат мебошанд ва дар онҷо фаолият мекунанд, бо як фармони банда қатъан онҷоро тарк мекунанд, аммо ҳеҷвақт ин корро накардам ва нахоҳам кард. Баъд аз даргузашти марҳум устод Нурӣ наҳзатиҳо ба банда муроҷаат накарданд ман ҳам фикр кардам, ки албат ба банда ниёзе нест барои ҳамин ман ҳам дигар ба Наҳзат нарафтам. Банда муътақидам, ки дар Наҳзат муҳраҳоро дар ҷои худ дуруст ва саҳиҳ истифода намебаранд ва кадрҳо ба таври истиъдод ва донишашон ҷо ба ҷо карда намешаванд”.

== Пайвандҳо ==
== Пайвандҳо ==

Нусха 12:02, 28 Январ 2013

Шаблон:Зиндагинома

Сайид Қиёмиддини Ғозӣ (форсӣ: سيد قيام الدين غازی‎) (русӣ: Сайид Киёмиддини Гози)- рӯҳонии барҷастаи Тоҷик.

Зиндагинома ва фаолиятҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва таблиғӣ

Вилодат ва насаб

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ фарзанди олими муҷоҳид ва муҷоҳиди олим, хатиб мабҳур, шоири машҳур, орифи маъруф, филсуф ва ҳакими суханвар, фақиҳи барҷаста ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) дар 21 марти 1952 дар ноҳияи Ҳисор, деҳаи Қаламтуғай дар хонаводаи комилан мазҳабӣ ва аз муборизони алайҳи Шуравӣ, аз ҳофизон Ислом ва аз бедоргарони миллат ба дунё омадаанд. Ишон аз содоти Тақавӣ маҳсуб шуда ва насабашон бо 40 восита ба ҳазрати Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мерасад[2].

Таҳсилоти динӣ

Дар ин маврид ишон ингӯна мефармоянд:” Аз кӯдакӣ ба улуми исломӣ ва динӣ бисёр алоқаи зиёд доштам. ҳар китоберо, ки ба дастам меомад онро мутолаа мекардам. Таҳсилоти муқаддамаоти исломии худамро пас аз ёдгирии илми абҷад аз падарабузургам, аз қиблагоҳам омӯхтам. Сипас аз муллоҳои барҷаста ва дар аймои навҷавонӣ ба Андиҷон сафар намуда дар онҷо низ аз бузургтарин олимон файзҳо бурдам. Дар айми муҳоҷарат, ки тақрибан ба муддати 2 сол дар сарзамини ваҳй иқомат доштам аз олимони бузурги ҳарамайни шарифайн камоли истифодаро бурдам. Ҳамчунин дар замони муҳоҷарат узви уламои давлати исломии Афғонистон будам. Дар идома барои акмили улумам соли 2001 ба Ҷ.И.Эрон сафар намудам ва дар маҳзари бузургони ин диёр низ зонуи шогирда зада камоли файзро бурдам. Ҳамчунин инҷониб бо лутф ва карами Худо 10 маротиба ба ҳаҷҷи фарзӣ ва 100 маротиба ба ҳаҷҷи умра ноил омадаам”[3].

Асотид

Монанди аксари олимон ва бузургони дигар аввалин устоди Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣи марҳум падари бузугворашон будаанд. Қуръони карим ва муқаддамоти баъзе аз улум монанди сарфу наҳв, ақоид, бӯстон, гулистон, ҳофиз ва бедил ва ғайраро назди қиблагоҳашон омӯхтаанд. Ҳамчунин аз падарбузургашон ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ),илми Абҷадро фаро гирифтаанд.

2.Махдум Абдулҳамид. 3. Мулло Сафаралӣ. 4. Мулло Қиёмуддин. 5. Мулло Давлатшоҳ. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди ин асотиди бузург илмҳои сарф, наҳв, фиқҳ, ақоди, аҳком ва ғайраро дар сатҳи муқаддамотӣ омӯхтанд.

6. Мавлоно Орифуллоҳуллоҳи Фарғоначӣ

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар соли 1963 ( 14- солагӣ ) ба ҳамроҳи мулло Неъматуллоҳ мурид ва шогирди падари бузургворашон ба Душанбе минтақаи якум Саветскӣ ба назди Мавлоно Орифуллоҳ барои фарогирии улум мераванд. Мавлоно Орифуллоҳ, шахсияти бузург ва маорифпарваре буданд, ки аз дасти Исталинчиҳо фирор карда ба Тоҷикситон ва дар Душанбе дар якум Саветскӣ иқомат доштанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ илми сарфу наҳвро дар сатҳи олӣ назди Ишон фаро гирифтаанд. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар васфи Устоди муҳтарамашон инчунин Мегуянд:” Мавлоно Орифуллоҳ дар ин фан (адабиёти араб) воқеан ҳам ҳозиқ ва назире надоштанд”. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ тақрибан як сол назди ин бузургвор машғул ба илм омӯзи буданд.

рӯзе Мавлоно Орифуллоҳ номаеро ба дасти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ медиҳанд ва мегӯянд чанд рӯзи баъд номаро боз карда бихон. Баъд аз чанд рӯзе Мавлоно Орифуллоҳ дори фониро видоъ мегӯянд. Мавлоно Орифуллоҳ дар он нома Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро ба Мавлавӣ Қорӣ Икроми Намангонӣ муаррифӣ карда буданд.

7. Мавлавӣ Икроми Намангонии Андиҷонӣ.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз ин, ки Мавлоно Орифуллоҳ дори фониро видоъ мегӯянд, ба назди падари бузургворашон бозгаштанд. Марҳум падари бузургворашон ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) пас аз мушоҳадаи номаи Мавлоно Орифуллоҳ Ишонро ташвиқ карда ҳамроҳи мактубе, ки Мавлоно Орифуллоҳ ба Ишон қабл аз фавташон дода буданд дар 15- солагӣ ҳамроҳи мулло Неъматуллоҳ, ба Намангон ба назди Мавлавӣ Қорӣ Икроми Намангонӣ барои омӯхтани улум гусел медоранд.

Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ҳофизи кулли Қуръони карим ва аз маоарифпарварони барҷаста буданд ва сатҳи бисёр болоеро дар улуми мухталифи исломӣ доштанд, аксари шабҳо зиндадор ва як орифи комил буданд. Шогирдони зиёдеро аз тамоми қишри ҷомеа тадрис менамуданд. Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ҳолоти ирфонии ин Орифуллоҳ ниҳояти истифодаро бурда ва улуми зиёдеро дар сатҳи боло назди ин олими раббонӣ омӯхтаанд аз ҷумла, фиқҳ, усули фиқҳ, илми ҳадис, тафсир, шабистон ва ғайра.

8. Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммаҷони Ҳиндустонии Андиҷонӣ.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз он, ки як солу чанд моҳе дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ зонуи шогирди заданд , Мавлавӣ Икроми Намангонӣ чанд рӯз пеш аз фавташон (ҳамонанди Мавлоно Орифуллоҳ) номае ба дасти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ медиҳанд ва Ишонро ба Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ муаррифӣ мекунанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баъд аз бозгашт ба ватан, баъд аз чанд рӯз истироҳат соли 1967 дар сини 16- солагӣ ( онтавре, ки худи Ишон мегӯянд, ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам, ки он замон 16- сола будам чун рақами хонаи Мавлвӣ 16 буд, яъне кӯчаи Бедил, рақами хона 16) ҳамроҳи марҳум падари бузургворашон ва мулло Неъматуллоҳ[4] ба наздаи Мавлавӣи Ҳиндустонӣ мераванд.

Аммо Мавлавӣ Ҳиндустонӣ дар аввал ба сабаби ҷавви сиёсӣ ва сахтгириҳои бениҳоят сахти давлати Комунистӣ қабул намекунанд, аммо бо дидани номаи Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ва чанд савол аз Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, ки будани ишонро дар Намагон ва дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ собит мекард баъд аз чанд лаҳза гиря ва молидани номаи Қорӣ Икроми Намангонӣ ба чашмонаш бо оғуши боз пазиро мешаванд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1967 то 1973 ба сурати доим ва баъд аз он то ҳудуди 10 соли дигар ба сурати ғайри доим, яъне ҳар ҳафта ё ҳар даҳ рӯз ба хидмати Мавлавӣ мерасиданд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди ин олими барҷаста кутубе ҳамчун, Адаби дунё ва дин, Адаби дин ва дунё, Унвонул баён, Бустонул азҳон, Ахлоқи чалолӣ, Ахлоқи муҳсинӣ, Бедил, Маснавӣ, Дафтари дуюми шарҳи мулло Ҷомӣ, илми ҳадис, Қозӣ байзовӣ, луғати араб, адабиёти араб, панду андарзҳо, ҳикмат, Қутбия, фиқҳ, усул, тафсир, маонӣ, баён, мантиқ ва ғайраро омухтаанд.

8. Қозӣ Абдуррашид

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ҷаноби Қозӣ Абдуррашид низ файзи илм бурдаанд. Онтавре, ки худи Ишон мегӯянд:” Бо мулло Эшонҷон ба назди Қозӣ Абдуррашид барои касби илм мерафтем ӯ воқеан ҳам як замоне Қозӣ буданд ва аввалин касе буданд, ки фатво доданд, ки шавҳари ҳар зане, ки комунист шуд занаш талоқ мешавад, масалан домодаш, ки комунист шуд рафта духтарашро аз хонаи шавҳараш овард ”[5].

9. Мулло Аҳмади Бухороии Исфаҳонӣ (мулло Мурод)

Мулло Аҳмади Бухороӣ ( таваллуд ҳудудан 1895 ) дар ҳизби ҷавонони инқилобии муҷаддидони Бухоро узв буда аз падар Бухороӣ ва аз модар Исфаҳонӣ буданд. Инчунин падараш аз вузарои амири Бухоро буд. Мулло Аҳмад ҳофизи кулли Қуръони карим ва сиёсатмадори хибрае буданд.

Мулло Аҳмад ба сабаби фаъолиятҳои инқилобиаш ва ба хотири таҳти таъқиб буданаш аз тарафи давлати Бухоро ба Истанбул фирор намуда ва дар китобхонаи миллии Истонбул ба муддати даҳ сол машғул ба кор мешавад. Баъд аз даҳ сол бо висотати ҳизби Отатурк ба Бухоро бозгардонда мешавад.

Аз онҷо, ки мулло Аҳмад дигар шинохта шуда буд дар Бухоро зиндагӣ барояш мушкил мешавад барои ҳамин тасмим ба ҳиҷрат мегиранд. Дан натиҷа ба Тоҷикистон ҳиҷрат мекунад ва ноҳияи Ҳисорро барои зиндагӣ ва аҳдофаш интихоб менамояд. Дар Ҳисор ба дунболи сайидзодаҳо мегардад мардуми Ҳисор ӯро ба ҳазрати Эшони Сайид Ғозӣ ( раҳматулло алайҳ) муаррифӣ мекунанд. Мулло Аҳмад ҳудудан дар соли 1980 чашм аз дунё мебандад, ҳамакнун қабри Ишон дар ноҳияи Рудакӣ дар деҳаи Куктош мебошад.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1969 ҳамзамон аз Мавлавӣ Ҳиндустонӣ ва мулло Мурод улми мухталиферо меомӯхтанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз ин устоди азизашон ҳамвора ба бузурги ёд мекунанд ва улуме чун таърих, ҷуғрофиёи дунё, ошнои бо кишварҳо, ҳаракатҳо ва ҷунбишҳои исломӣ, маҷаллаот ва ҳафтаномаҳову рӯзномаҳои муҳими ҷаҳон, ошнои бо макотиби сиёсӣ ва сиёатмадорони бузурги он замон, Забури Қуръони карим, луғати араб, суханварӣ ( илми суханронӣ) ва мавизаро назди Ишон омӯхтаанд.

Сафар ба ҶИЭ

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, дар соли 2001 барои такмили улуми худ ба Ҷ.И.Эрон сафар намуда ва аз маҳзари бузургони ин диёр ҳамчун 10. Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ. 11. Оятуллоҳ Ҷавводии Омулӣ. 12. Оятуллоҳ Ҷаъфари Субҳонӣ. 13. Оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ. Дар улуме ҳамчун фалсафа, калом, фиқҳ, тафсир ва ғайра ниҳояти истифода ва файзи комилро бурдаанд.

Таҳсилоти донишгоҳӣ

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ Соли 1996 риштаи сиёсат ва ҳуқуқи Донишгоҳи Кобулро хатм мекунад, ки дар як маросиме расман дипломашонро аз дасти ҷаноби Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд дарёфт мекунанд. Аз Соли 1996 то 2000 дар Донишгоҳи Байналмиллалии Панҷоби Покистон (ба номи Иқболи Лоҳурӣ) дар шуъбаи Исломобод ва дар риштаи адабиёти форсу тоҷик таҳсил намуда ва дар ин сол муваффақ ба дарёти дипломи дуктурои худ шуданд.

Сафарҳо

Аз онҷо, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ омӯхтани улум, зиёрати уламо, зиёрати бузургон ва пешвоёни дин ва зиёрати зиёратгоҳҳои онон, боздид аз кишварҳои исломӣ ва дидор бо андешмандонро дӯст медоранд ва ғанимат медонанд сафарҳои зиёде ба мамлакатҳои дунё кардаанд.

Ҳамчуин ишон дар солҳои авоили таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва наҳзати исломии Узбекистон барои таҳияи манобеи илмӣ ва кутуб барои ин ду Наҳзат ба баъзе аз кишварҳо сафар намуда ва тамоми манобеи илмии инду Наҳзатро таҳия менамуданд. Ин гуфтарро баъзе аз муҳаққиқин мисли пажӯҳишгари арҷуманд ҷаноби Сайид Юнуси Истаравшанӣ таъйид намудаанд[6]. Албатта баъзе аз сафарои Ишон барои тиҷорат, сафари корӣ ва ҷамъоварии кӯмакҳои хориҷӣ барои муҳоҷирондар тӯли солҳои ҳиҷрат(1992-1997) низ буда аст.

Сафарҳои Ишон ба кишварҳои ҳамчун: Арабистон, Қатар, Баҳрайн, Кувайт, Миср, Яман, Тунис, Судон, Сурия, Фалистин, Либия, Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Кашмир, Покистон, Жопон, Малайзия, Индунейзия, Олмон, Русия, Украйн, Беларус, Озорбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Тотористон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманисон, Қирғизистон ва ғайра аз он ҷумла аст.

Осори илмӣ

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ қабл аз фурупошии Шуравӣ дар ҳалқаҳои дарсӣ ҷузваҳои зиёди дарсиро омода карда буданд, вале бо шуруъ шудани инқилоб ва муборазот ва ҷанги дохилӣаксаран нобуд шудаанд ва онҳоиям, ки боқӣ мондаанд дар дасти шогирдони Ишон мебошад. Аммо баъд аз соли 2000 ба ин тараф осоре доранд, ки ҳамакнун баъзе аз онҳо аз навор пиёда шуда ва дар дасти таҳия ва танзим аст, ки ба наздики чоп мешаванд мисли:

1. Тафсири баъзе аз сураҳои Қуръони Карим.

2. Дуруси адабиёти араб. 4. Маорифи исломӣ.

3. Ошнои бо шахсиятҳои ва ҷунбишҳо исломии муосир.

5. Шарҳ ва тафсири мавзуии аҳодис. 6. Зиндагинома ва хотироти шахсӣ.

7. Нигоҳе ба таърихи Наҳзати исломии Тоҷикистон. 8. Ҳафтаномаи Мисбоҳ.

9. Сомонаи ихтисосии Мисбоҳ (www.misboh.com).

Фаолиятҳои иҷтимоӣ, илмӣ, таблиғӣ ва сиёсӣ

Курсии тадрис

Онтавре, ки худашон мегӯянд ҳудудан аз сини 16- Солагӣ яъне пас аз бозгашт аз Андиҷон шуруъ ба тадрис намуданд. Дар ҷаласоти дарсии ишон муллоҳои бузург ва барҷаста низ ҳузур доштанд. Дар маконҳои зиёде ишон тадрис менамуданд, ки баъзе аз онҳо ишора мекунем:

Душанбе: 1. Док кӯчаи Қаротагин 2. Южнӣ 3. Чин теппа 4. Чор тут 5. Раёни Рӯдакӣ. Қургантеппа: 1. Куйбешак 2. Заводи кансерва 3. Астаханов 4. Ламаносо. 5. Савхозҳо. Кӯлоб: 1. Ҳул бук 2. Шаҳри кӯлоб 3. Атрофи фурудгоҳи Кӯлоб 4. Данғара атрофи масҷиди ҷомиъ 5. Сангтӯда 6. Себистон ва ғайра. Ноҳияи Ҳисор, Ёвон, ноҳияи Хуросон ва шаҳрҳо ва навоҳии дигар.

Дар соли 1988 Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ хатиби ноҳияи Хуросон ва мударриси донишгои исломии Имом Тирмизӣ буданд, ки дарсҳое чун, тафсир, ҳадис, адабиёти араб ва баъдан бо хоҳиши шогирдони хеш китобҳои сиёсиро тадрис менамуданд.

Эшон Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар даврони муҳоҷарат (1992 -1997), узви маҷмаи уламои исломии Афғонистон буданд.

Бад аз сулҳ дар соли 1997 ва пас аз ҷамъбасти комисиюни оштии миллӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дубора ба фаолиятҳои илмӣ машғул шуда ва ҳамакнун дар бисёре аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ва низ дар хориҷи кишвар ба фаолиятҳои илмӣ ва таблиғӣ машғулият доранд.

Таъсиси Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Ҳамонтавре, ки зикр намудем Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ асотиди мутааддиде доштанд ва дар назди асотиди фаровоне таламмуз намуда буданд, лизо ишон амалан таҷрибаҳои асотиди худро дар арсаҳои мухталифи зиндагӣ махсусан мавзеъгириҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар кадомро амалан дида ва дарсу улгубардорӣ менамуданд.

Ва низ бояд таваҷҷӯҳ кард, ки ишон аз хонадоне ҳастанд, ки дар тӯли таърих фаолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсии фаровонеро доштанд. Ба унвони мисол метавон аз фаолиятҳои ҷадди бузургвори ишон марҳум ҳазрати Эшони Сайид Шогирдалӣ (рҳ) ва фарзандони он бузургвор, ки ҳар кадом корномаҳои равшани иҷтимоӣ ва сиёсиро доро ҳастанд ёд кард.

Ва инчунин ишон худ бо афрод ва андешмандоне аз мазоҳиб ва аҳзоби гуногӯни исломӣ, ки дар донишгоҳҳои саросари Шуравии собиқ таҳсил менамуданд дар иртибот буда ва осори дигар бузургонро бо сахтиҳо ва мушаққатҳои зиёд пайдо намдуа аввалан худ онро мутолаа менамуданд ва сониян онро ба дигар бузургон мисли устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ), ҷаноби Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ) ва ғайра мерасониданд, ки имрӯза бисёре аз бузургон ба он эътироф доранд.

Оғози ошноии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Нурӣ (рҳ)

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ Соли 1970 ( охирҳои 1970 ) бо устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) шинос шуданд ва сабаби ошноии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) дар се чиз буда аст:

Аввал инки падарони онҳо бо ҳам дӯсту рафиқ буданд ва гаҳ - гоҳе падари устод Нурӣ (рҳ) омада падараи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозиро гирифта ба зиёрати Эшони Абдурраҳмон мерафтанд ва дустии байни падарҳо дар дустии байни писарҳо сабаби ин ошнои шуд.

Дӯстии байни падарони онҳо ингӯна ҳикоят шуда аст: Падари устод Нурӣ (рҳ) як замоне ё худашон ва ё каси дигарашон ба дарде мубтало мешаванд, ки бояд доруи гиёҳӣ аз кӯҳҳои атрофи ноҳияи Хуросон таҳия менамуданд барои ҳамин ба ин ноҳия омада ва суроғи бузурги ин диёрро мегиранду дар натиҷа ба падари Эшони Сайид Қиёмуддин яъне, ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) ошнои пайдо мекунанд.

Ва сабаби дуюм ошноии ин ду бузургвор дар он аст, ки мулло Раҳим, ки баъдан падарзани устод Нурӣ (рҳ) мешаванд китоби Нуруляқин ва Ҳидояро назди Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ меомӯхтанд. Замоне, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар Қурғонтеппа ба дасру тадрис машғулият доштанд дар як манзиле зиндагӣ мекарданд, ки духтари ҳамсояи соҳиби манзилро баъдан устод Нурӣ (рҳ) ба зани гирифтанд. Барои ошноии муқаддамоти арусӣ, ки барои ҳар як домоду арус расми маъмул аст дар манзиде, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ зиндагӣ мекарданд (Қурғонтеппа) муққаддамоти издивоҷашон фароҳам шуда аст.

Ва сабабе сеюме, ки ин ду олим ва муҷоҳидро бо ҳам амиқтару самимонатар ошно сохта он аст, ки соли 1970, ки нисбатан аз сахтгириҳои давлати Комунистӣ коста шуд, Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ ҷаласоти дарсии худро озодтар карда ва шогирдони зиёде қабул карданд. Яке аз аз касоне, ки ба ин ҷаласот тавасстуи домулло Сиёмуддини Наҷмуддин ба Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ муаррифӣ мешавад устод Нурӣ (рҳ) буданд.

Сангбинои наҳзати исломии Тоҷикистон

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар худ дардеро эҳсос намуданд ва он дард ҳамон дарде буд, ки тамоми ҷонҳоро мутаассир мекунад. Он ҳамон зулм бар мусалмонон ва фарҳанги исломӣ ва миллии тоҷикон буд. Лизо ишон дунболи ҳамдард ва ҳамроз мегаштанд то бо ҳам дарди диле дошта бошанд ва марҳаме бошад барои хахмҳои онҳо.

Авохири соли 71 баъд аз ошноии комили ин ду азиз, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аввалинбор ва барои аввалин кас ба устод Нурӣ (рҳ) баҳсҳои сиёсӣ, инқилоби кишварҳо ва ҳаракатҳои исломӣ, ошнои бо андешмандон ва мутафаккирони исломӣ, ошнои бо инқилобиюни Бухоро, Туркия, Миср, Покистон, Алҷазоир ва ғайраро, ки аз устоди хеш мулло Мурод омӯхта буданд матраҳ менамоянд ва дар ниҳоят ҳадафи хешро баён мекунанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ барои пешбурди аҳдофи исломӣ ва озодихоҳона ва мубораза алайҳи Комунист ва бедории миллат ва ҷамъоварии ҷавонони бо имон ва ғайюр пешниҳод доданд, ки созмони исломиеро таъсис бидиҳанд, то битавонанд миллатҳои мусалмони Осиёи Миёнаро бо исломи азиз ошно сохта ва миллатҳоро аз зери зулму ситам раҳои бахшанд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар ин робита мегӯянд:” Баъд аз онки миёни мо эътимоди комил барқарор шуд аввалинбор масоили сиёсӣ ва инқилобҳои ҷаҳон аам аз инқилобҳои исломӣ ва ғайри исломиро, ба марҳум Нурӣ матраҳ намудам ва аз шахсиятҳое бузурги ҷаҳони Ислом ва ғайра бо ишон суҳбат намудам, албатта банда намедонистам, ки оё ишон низ аз ҷое илҳомоти сиёсӣ мегирифтанд ё на, вале аз ман мерусиданд, ки ин масоилро аз куҷо мегӯӣ аз кадом манбаъ фарогирифтаӣ? Дар ҷавобаш мегуфтам, ки як рӯз шуморо низ ба он манбаъ васл мекунам.

Охирҳои соли 1972 марҳум устод Нурӣ бандаро ба хонаи падариаш даъват карданд. Дар манзили падари марҳум Нурӣ ҳардуямон танҳои танҳо то саҳар дар бораи эҷод ва бунёди як ҳаракат ва ё як пойгоҳе барои бедории миллат, таълиму тарбият, савод омӯзии ҳамагонӣ ва ғайра баҳс ва гуфтугу кардемд ва дар охир ба ин натиҷа расидем, ки афрод ва ашхосеро бо худ ҳамроҳ ва ҳам фикру ақида кунем ва як маҷмуа ташкил бидиҳем. Сипас баъд аз пухта шудани ҳарфҳо ва барномаҳоямон ашки шодӣ рехтем ва аҳди бародарӣ баста ва дар пай ҷӯстуҷӯи ашхос ва афроди инқилобӣ ва муътамад гаштем”[7].

Баъд аз чанд моҳе Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мулло Қорӣ Муҳаммадҷонро ҳам фикру ҳам ақида карданд, ки одами фаҳмида, шуҷоъ ва ҳушёре буда аст ва устод Нурӣ (рҳ), дӯсти доимии худ ба номи мулло Неъматуллоҳ ва ҳамчунин мулло Қаландарро, ки бо мулло Неъматуллоҳ дар як мағоза кор мекарданд ҳамроҳи худ ҳам ақида намуданд.

Дар ҳамон сол (охирҳои соли 1972 ) ин созмони навпои исломӣ ҷаласаи дуюми худро дар шаҳри Қурғонтеппа ва дар манзили мулло Қаландар барпо намуд, ки аъзои онро ҳамин панҷ нафар ташкил медоданд: Саидабдуллоҳи Нурӣ, Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, Қорӣ Муҳаммадҷон, мулло Неъматуллоҳ ва мулло Қаландар.

Онҳо барои расидан ба аҳдофашон 4 шуъба ташкил доданд шуъбаи аввал: таълим ва тарбият, ки Қорӣ Муҳаммадҷон масъулияти онро ба дӯш доштанд. Шуъбаи дуюм: Иршод, ки ба Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мавкул шуда буд. Шуъбаи сеюм: Пул ва мол, ки ба мулло Қаландар вогузор шуда буд. Шуъбаи ҷорум: Ахбор ва иттилоот, ки ба уҳдаи мулло Неъматуллоҳ гузошта шуда буд. устод Нурӣ (рҳ), ба ҳайси бузургтар назорат мекарданд.

Асомии Наҳзат дар тӯли солҳо

Созмони исломие, ки Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва устод Саидабдуллоҳи Нурӣ (рҳ) дар соли 1972 поягузорӣ карда буданд дар тӯли таърих исмҳои гуногӯне дошта аст. Дар ин бора Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мефармоянд:” Наҳзат, аз аввал номаш ин набуд. Чанд боре исмаш ба сабабҳое тағйир карда аст. Дар аввал “ Бародарони Мусалмон “ буд. Сипас “ Ҷамъиятул исломӣ ” номгузорӣ шуд. Баъд аз он “ Ҷамоатул исломӣ ”. баъд аз муддате “ Наҳзатул исломӣ ” ва дар охир “ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ” номгузорӣ шуд[8].

Раҳбари расмӣ пайдо кардани наҳзат

Дар ин робита Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ мегӯянд:” Ҳудудан соли 1978 буд, бо вуҷуди пешрафтҳои чашмгир ва васеи наҳзатҳои исломии Тоҷикистон ва Узбекистон қарор бар он шуд, ки ҳардуи ин наҳзатҳо як кодри раҳбарӣ дошта ва дар сояи як раҳбар фаолиятҳои худро идома бидиҳанд. Аз тарафи наҳзати исломии Тоҷикистон марҳум Нурӣ номзад буданд ва аз тарафи наҳзати исломии Узбекистон ҷаноби Аллома.

Бар ҳамин сабаб дар ҳамон сол дар манзили қиблагоҳ Худо раҳматаш кунад ҷаласа доир шуд ва мо мунтазири ҷаноби Аллома будем, вале хабари шаҳодати ишонро шунидем. Баъд аз баъе аз аъзои аршади Наҳзат минҷумла мулло Амруддин, мулло Айёмуддин ва баъзе аз дӯстон номи аз банда ҳимоят намудаанд, вале банда бинобар абабҳое инсироф додам”[9].

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва ҷаноба Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ)

Дӯстии Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ва ҷаноби Аллома Раҳматуллоҳ (рҳ) ба солҳое, ки назди Малавии Ҳиндустонӣ таҳсил менамуданд бар мегардад. Дар ин бора Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ингӯна баён мекунанд:

”Бо Қорӣ Аллома (рҳ), ҳудудан соли 1969 ошно шудам. Ишон барои идомаи таҳсилоти худ ба назди Мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ омада буданд. Дар аввоил забони форсиро намедонистанд, вале бисёр зуд онро ёд гирифта ва ба таври фусҳа ҳарф мезаданд. Баъд аз онки инҷониб бо мабоҳиси сиёсӣ ва инқилобӣ тавассути мулло Мурод ошно шудам, ҳамаи он матолибро ба Аллома интиқол медодам ва ишон низ ҳар се моҳ ба ватанаш сафар намуда матолибро ба Узбекистон интиқол медод.

Баъд аз хоҳишҳои мукаррарам аз мулло Мурод, ки баъзе аз дӯстонамро ба назди ишон биёварам, аммо ҳамеша мухолафат менамуданд ва танҳо ҷаноиб Алломаро боре ба ҳузур пазируфтанд. Шабе дар ноҳияи рудакӣ дар хонаи яке аз муридони қиблагоҳам, мулло Мурод, ҷаноби Аллома (рҳ) ва банда то субҳ суҳбат кардем. Тамомии кутуби сиёсӣ ва бузургоне чун Шаҳид Қутб, Аллома Мавдудӣ ва осор ва мақолоти Ихвонулмуслиминро банда аз Тотористон, Санкпитербург, Одеса ва ҷойҳои дигар таҳия намуда дар ихтиёри ишон ва дигар бузургони Наҳзат қарор медодам”[10].

Тазоҳуроти соли 1986

Фаолиятҳои Наҳзат идома дошт то ин, ки соли 1986 ҳазрати устод Нурӣ (рҳ) боздашт мешаванд. Дар ин замон Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷон ва мулло Амруддин аввалин тазоҳуротро дар Шуравӣ дар дифоъ аз устод Нурӣ (рҳ) роҳ андозӣ мекунанд.

Ин тазоҳурот ба муддати 3 рӯз тӯл кашида ва дар он болиғ бар бист ҳазор нафар ширкат доштанд. Ин тазоҳурот дар бисёре аз кишварҳои хориҷӣ хабараш расида ва барои кохи Крелин як шикасти асосӣ маҳсуб мешуд. Шиорҳои ин тазоҳуротро марҳум ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳ алайҳ) омода мекарданд ҳамчун:” Роҳи мо роҳи Алист , бирав гумшав Комунист”. Ва ё ин шиори машҳури Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, ки мегӯянд:” Ё Аллоҳ ё Аллоҳ иҳфазлано Абдаллоҳ Абдаллоҳ”.

Боздоштҳо ва шиканҷаҳо

Ба таври қатъӣ ҳар онки дар роҳи дин ва барои пешбурди аҳдофи динӣ ва исломӣ қадам монда аст бо мушкилот, шиканҷа, табъид, шаҳодат ва ғайра мувоҷеҳ шуда аст. Чун ин масири пур хатар ин машаққатҳои лаззатбахшро ба ҳамроҳ дорад. Аксари уламо ва бузургон аз ин қоида мустасно набудаанд дар тӯли таърих. Минҷумлаи он олимону бузургон ва муҷоҳидони роҳи ҳақ ҳазрати Эшони Сайид Қиёмуддин мебошанд, ки ишон низ борҳо ва борҳо боздошт шуда ва шиканҷа шудаанд. Худи ишон дар ин бора мефармоянд:

“ Банда борҳо дастгир шуда ва шиканҷа шудаам. Аввалинбор ба соли 1979 бар мегардад, ки ба Тирмиз сафар кардам ва дар онҷо бар алайҳи давлати Комунисм суханрони карда ҷавононро аз рафтан ба Афғонистн барҳазар доштам. Дар оғози ҳамлаи давлати комунистӣ онҳо ҷавонони мусалмонро фариб дода ба онҳо мегуфтанд, ки Амрико ба Афғонистон ҳамла карда аст ва бояд шумо ҷавонони мусалмон ба онҷо рафта ҷиҳод кунед аз ҳамин қабил ҳарфҳои дурӯғ мегуфтанд. Банда онҷо як ҳафта суханрони карда ба ҷавонон гӯшзад менамудам, ки шумо ба ҷанги бародаркушӣ меравед на ҷиҳод. Баъд аз як ҳафта боздошт шудам.

Борҳо ва борҳо боздошт шудаам шиканҷаҳои мухталиф шудаам назири нохункашӣ, хомушкардани сигор дар бадан ва ғайра. Албатта Худоро шокирам, ки ҳеҷгоҳ ба муддати зиёд ҳабс нашудаам. Дар он замон ҳар кадом аз Наҳзатиҳо номи мустаор доштанд. Барои инки Давлат моро шиносоӣ накунад. Масалан номи мустаори банда мулло Солеҳ буд ва номи мустаори Қорӣ Муҳаммадҷон Ҳамза буд”[11].

Ҳукумати эътилофӣ

Бинобар нақл баъзе аз муҳаққиқон, пеш аз шуълавар шудани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992 ҳизбҳои муҳим ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чандинбор бо аъзои давлат ва Раҳмон Набиев дидор дошта то давлати эътилофӣ ташкил диҳанд то ҷилави фитнаи хонумонсӯзро бигиранд. Дар ин боро Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ингӯна изҳори назар мекунанд:

” Дар замони инқилоб, Набиев Рамазон Мирзоевро фиристод ( албатта банда бо Рамазон Мирзоев ошноии дерина доштам), ки бо ҳам гуфту шунуд кунем ва ин нооромиҳо поён ёбад. Баъд аз машварат бо марҳум Нурӣ ва аъзои аршади Наҳзат қарор бар ин шуд, ки гуфтугӯ кунанда банда бошам. Банда пешниҳод кардам, ки ҳамин ҳукумати Набиевро то 4 соли оянда ба расмият бишносем ва мо дар тӯли 4 сол, ки вақт дорем ба кадрсозӣ муводират меварзем пас аз он расман ворди интихобот мешавем баъзеҳо аз ин пешниҳоди банда истиқбол карданд аз ҷумла мулло Амруддин.

Аз тарафи Наҳзат дар музокара банда будам, Махдум Исматуллоҳ, ва ду нафари дигар ҳам буданд( исмҳояшон алҳол дар зеҳнам намонда аст). Аз тарафи давлат худи Набиев, Рамазон Мирзоев, Ҳувайдуллоҳев ва як вазир ба номи Ғафуров буданд. Аввалин ҷаласаи мо дар вазорати Транспорт ва дуюуминбор дар Ташхис баргузор шуд. Хулоса мо чандин маротиба дидор ва гуфту шунид кардем ва як ҳукумати Эътилофӣ бунён кардем, ки аз 32 вазорат, риёсат ва кумитаҳо иборат будан, 16 вазорат таксим шуд. Қозиёт ва Қозӣ калон дар ҷои худ боқӣ бимонанд.

Аз ин гуфту шунидҳо Кенҷаев низ бо хабар шуда буд, ки ду бор бо ӯ низ дидор доштам. Бори аавал дар майдон баъд аз суханрони дар дохили мошин нишаста 2,3 соат суҳбат кардем, ки дар охир ҳарфҳоямон баланд шуд ва ба ягон тавофуқе нарасидем зеро, ки ӯ худхоҳ ва мутакаббир буд.

Бори дуввум дар хонаи яке аз ҷиҳанҳояш дар рустои Ҷуйбодом, ки аз аввали шаб то субҳ суҳбат кардем ва хостааш ин буд, ки 16 вазорат моли шумо, аммо тарафи музокараи шумо ман бошам на Набиев.

Яке аз ихтилофоти банда ба ӯ ин буд, ки ӯ хонадони Ҳазрати Тураҷонро нодида мегирифт. Банда ба ӯ гуфтам ту, ки парваришёфтаи ҳамин хонадони, ту ки нону намак хури ҳамин хонадони, ту ки инқадар бевафоӣ аз куҷо маълум, ки фардо ба миллат ва дигарон вафодор боши. Дар ин робита ҳарфҳо зиёд аст, ки чаро музокароти ҳукумати эътилофӣ ба натиҷаи ниҳоӣ нарасид ва ё масъалаи ҷанги дохилӣ ва таҳмилӣ ва ҳамчунин масъалаи сулҳ, ки мутаассифона замони гуфтани ҳақоиқ ҳанӯз ҳам фаро нарасида аст, иншоаллоҳ ба вақташ хоҳам гуфт”[12].

Инқилоб ва муҳоҷарат

Ҷаноби Толибшоҳи Сайидзода воқеаҳои он солҳоро ингӯна нақл мекунанд:” Солҳои 1990-1992 дар оғози муборазаҳои миллӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, ки осафо он ҳама талошҳо ба муқовамати мусаллаҳонаи байни гуруҳӣ табдил шуд, номи Эшони Қиёмуддини Ғозӣ дар радифи номҳои уламои саршиноси исломии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, Эшони Сайидашраф, Қорӣ Муҳаммадҷон, Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, ҳатто баландовозатар ва маъруфтар аз ному пайкори Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд.

Мавсуф бо мавъизаҳои таҳрикбахш, бо шиорзаниҳои ранги ҷадид доштааш шӯҳрат ёфта то имрӯз шиори сардодаи Ишон "ИТТИҲОД ИТТИҲОД РАМЗИ ПИРӮЗИСТ", ки воқеъан беҳтарин даъват аст, маъниашро ҳеч гум накардааст. Ӯ-ро аз нахустин доъиёни сиёсии майдонҳои таҷаммӯъи тоҷикон дар охири қарни бистум шинохтаанд. Эшони Қиёмуддини Ғозӣ бо Қорӣ Муҳаммадҷони Ғуфрон, аз аввалинҳо буданд, ки таҷаммӯъи беш аз бистҳазораи Майдони Шаҳидон (Майдони назди Кохи Райёсатиҷумҳурӣ) баҳори соли 1992 барояшон унвони "генерали мардумӣ" дода буд”[13].

Дар соли 1992 замон шуруи инқилоб Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ муҳимтарин суханорони майдон ба ҳисоб меомаданд. Баъд аз он, ки аъзои Наҳзат шуруи ҷанги дохилиро хадс зада ва дарк карданд, ки фоҷиаи азиме дар роҳ ҳаст барои ҳамин аъзо тасмим мегиранд, ки намояндае ба давлати исломии Афғонистон бифристанд. Устод Нурӣ (рҳ) мегӯянд, ки ин масалаи хатир ҷуз аз уҳдаи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз уҳдаи каси дигар барнамеояд.

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ бори аввал бо фиристодаи вижаи устод Раббонӣ (рҳ) мехостанд аз тариқи марзи ҷумҳурии Узбекистон вориди давлати исломии Афғонистон шаванд, аммо баъд аз 16,17 рӯз талош муваффқ нашуданд сипас ба Тоҷикистон бозгашта аз тариқи сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар таърихи 20,09,1992 ба ҳайси меҳмони вижа вориди Теҳрон мешванд ва баъд аз мулоқоти бо бузургони он замони Ҷ.И.Эрон ва бо кӯмакҳои фаровони онҳо барои муҳоҷирин вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд ва барои муҳайё кардани ҷойҳои зиндагии муҳоҷирон 6 моҳ талош мекунад ва баъд аз он ором - ором дигар бузургони Наҳзат вориди давлати исломии Афғонистон мешаванд.

Аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонистон

Пас аз онки марҳум Устод Нурӣ (рҳ) ва дигар аъзои аршади Наҳзат ба давлати исломии Афғонистон ворид мешаванд, аввалин ҷаласа дар шаҳри Толиқони Афғонитон ба раҳбарияти Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ баргузор мегардад дар ин бора ишон мефармоняд:

” Тақрибан баъд аз гузаронидани 6,7 моҳи муҳоҷарат ва сахтиҳо ва ранҷҳо ва машаққатҳои тоқатфарсо билохара бузургони Наҳзат ташриф оварданд ва бо қабул кардани масъулиятҳо ва хадамот, фаолиятҳои банда камтар шуд ва эҳсоси оромиш кардам. Аввалин ҷаласа дар Толиқон баргузор гардида ва вазифаҳо тақсим шуд, албатта бандаи ҳақир бидуни ҳеҷ масъулияте монда ва мисли сарбози радавой шудам ( бо ханда ). Дар ҳамон ҷаласа ва то чанд вақти дигар баъзе аз бузургони Наҳзат дар пайи тақсимоти вазоиф махсусан раҳбарияти Наҳзат ихтилоф доштанд, ки банда дар ҳамон ҷаласа сароҳатан эълом гамудам, ки раҳбарият мисли гузашта ба дӯши марҳум Нурӣ мебошад ва раҳбар ду то буда наметавонад, ва илло ба фасод кашида мешавад. Ҳамон суханронии банда дар ин маврид, яъне агар дуто раҳбар шавад якеш ба шарқ тамоюл мекунад ва дигари ба ғарб ва натоиҷи бисёр бад ба ҳамроҳ дораад, дар он замон маъруф буд”[14].

Масъалаи Сулҳ

Дар ин баҳси пур талотум Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ҳарфҳои нагуфта зид доранд ва ба қавли худашон бимонад барои баъд ва ба вақташ бисёр ҳарфҳо барои гуфтан дорам. Ишон тақрибан дар акс абармарди сулҳи Тоҷикистониёнро Устод Раббонӣ аст.

Дар ин маврид Толибшоҳи Сайидзода ингӯна изҳор медоранд:” Дар замони сулҳ саҳми Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар роҳи расидан ба Сулҳ ва иттиҳоди миллӣ назаррас буда, мазкур солҳои 1997-2000-ум узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комисиюни оштии миллӣ буданд. Барои хидматҳои арзандаашон дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст”[15].

Сухани поёнӣ...

Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар бораи фаолияти худ баъд аз сулҳ ва то замони дар қайди ҳаёт будан устод Нурӣ (рҳ) ва баъд аз он дар Наҳзатро ингӯна баён медоранд:

“ Банда ҳеҷвақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам ин ҳарфи банда дар миёни авом машҳур аст, ки агар онқадар зури бар рӯи Наҳзати исломӣ хат бизан ва раъй худро ба каси дигар бидеҳ. Наҳзат фарзанд ва пораи тани ман ҳаст, бунёнгузошта шудаи худи ман ҳаст. Ин ҳаракат ҳаракати динӣ ва исломӣ аст ва муталлақ ба мардум аст. Аз Наҳзат ба монанди гавҳари чашм бояд муҳофазат шавад.

То замоне, ки марҳум устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буданд банда ба унвони мушовири аршади ишон маҳсуб мешудам ва аксаран бо ҳам хилват доштем ва масоъилро барраси менамудем. Ҳатто машҳур аст, замоне, ки модараи Ишон фавтидан ( дар он замон банда дар сафари корӣ будам ва ҳамон шаб иттифоқан баргаштам) марҳум устод Нурӣ ҳамонрӯз сароҳатан эълон карданд, ки ҳар вақт дар танги қарор мегирифтам ва ниёз ба машварат медоштам Худованди меҳрубон худи ҳамон лаҳза Эшони Сайид Қиёмуддинро бароям мефиристод.

Агар банда бо Наҳзат мухолиф бошам ҳамин алъон шогирдоне дорам, ки узви Наҳзат мебошанд ва дар онҷо фаолият мекунанд, бо як фармони банда қатъан онҷоро тарк мекунанд, аммо ҳеҷвақт ин корро накардам ва нахоҳам кард. Баъд аз даргузашти марҳум устод Нурӣ наҳзатиҳо ба банда муроҷаат накарданд ман ҳам фикр кардам, ки албат ба банда ниёзе нест барои ҳамин ман ҳам дигар ба Наҳзат нарафтам. Банда муътақидам, ки дар Наҳзат муҳраҳоро дар ҷои худ дуруст ва саҳиҳ истифода намебаранд ва кадрҳо ба таври истиъдод ва донишашон ҷо ба ҷо карда намешаванд”.

Пайвандҳо

Ин маълумотнома гирифта шуд аз ҳафтаномаи "Пайкон"

Сомонаи ихтисосии устод

Мисбоҳ