Jump to content

Вики дӯстдори ёдгориҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Wiki Loves Monuments
логотип
сурат
Иттилооти асосӣ
Солҳои баргузорӣ аз 2010 то ин замон
Муассисон Бунёди Викимедиа
Тематика фотография
http://www.wikilovesmonuments.org/

Wiki Loves Monuments (Вики дӯстдори ёдгориҳо) — озмуни ҳарсолаи байналмилалии аккосӣ, ки моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон тавассути ҷомеаи Викимедиа ва бо кумака Викимидиаҳои маҳаллӣ баргузор мешавад. Иштирокдорон биноҳои таърихӣ ва тамошобобро аксбардорӣ карда, баъдан онҳоро ба Викианбор бор мекунанд. Ҳадафи баргузории озмун ҷалби диққати кишварҳои иштироккунанда ба мероси меъморӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Бори аввал Wiki Loves Monuments соли 2010 дар Нидерландия доир гардид. Дар соли оянда озмун боз дар якчанд кишварҳои Аврупо баргузор гардид ва рекорди ҷаҳониро ҳамчун фотоконкурс бо шумораи зиёди иштирокчиён ба Китоби рекордҳои Гиннесс гузошт[1]. Дар соли 2012 ин мусобиқа аз ҳудуди Аврупо фаротар рафта, дар он суратгирон аз 35 кишвар иштирок намуданд[2].

Инфографика, баёни раванди озмун, чӣ тавр ихтиёриён ба суратҳоро бор мекунанд.
Виадук Визен, Швейтсария.
Акс-ғолиби озмун-2013

Қоидаҳои асосии иштироки хеле одӣ аст. Кишвари иштирокчӣ бояд рӯйхати едгориҳоро бо нишонӣ ва идентификатор пешниҳод намояд ва иштирокчиён бояд тасвирҳоро дар давраи аз аввал то 30-юми сентябр боргузорӣ намоянд. Барои иштирок тасвирро дар Викианбор боргузорӣ кардан лозим аст ва ин маънои онро дорад, ки шумо ҳисоби корбарии худро сохта бошед. Суратҳои ҳар вақт бардошташуда қабул карда мешаванд, аммо боргузории онҳо бояд дар моҳи сентябр ва зери литсензияи озоди CC-BY-SA 3.0 (ё ягон дигар созгорӣ, масалан, CC-BY ё CC-0)[3] гузошта шаванд.


  1. Guinness World Records, Largest photography competition, 2012.
  2. Eglash, Ruth Hundreds of cultural sites to be visually documented during "Wiki Loves Monuments event.". Jerusalem Post (28 August 2012). 15 сентябри 2012 санҷида шуд.
  3. About the contest. Wiki Loves Monuments website. 9 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 сентябри 2013.