Jump to content

Гваделупа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гваделупа
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-gcf" does not exist.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Бас-Тер[d]
Роҳбар Ary Chalus[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 21 март 1946
Масоҳат
  • 1 628 км²
Вақти минтақавӣ UTC−04:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 FR-971
Домени интернет .gp
Гваделупа дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гваделу́па (фр. Guadeloupe) — минтақаи моварои Фаронса (аз соли 1973). Аз соли 1946 департаменти хориҷии моварои Фаронса.

Дар қисмати марказии ҷазираҳои Антили Хурди баҳри Кариб ҷойгир шудааст. Ба ҳайати он ҷазираи Гваделупа, ки аз ду ҷазира — Бас-Тер ва Гранд-Тер иборат аст ва ҷазираҳои ҳамҷавори он — Мари Галант, Дезирад, Ле-Сент, Птит-Тер, Сен-Бартелми ва қисми шимолии ҷазираи Сен-Мартен дохиланд. Сарҳадди ягонаи хушкиаш (10, 2 км) аз ҷазираи Сен-Мартен мегузарад ва қисмати шимолии Фаронсаро аз ҷазираҳои Антили Нидерландӣ ҷудо мекунад. Аз ғарб бо баҳри Кариб, аз шарқ бо уқёнуси Атлантик, аз шимол бо халиҷи Гваделупа, аз ҷануб бо халиҷи Доминика иҳота шудааст. Дарозии хатти сарҳадди соҳилӣ — 306 км. Масоҳаташ 1628 км². Аҳолиаш 469,3 ҳазор нафар (2014), асосан дурага ва зангиҳо. Забони расмӣ — фаронсавӣ. Дини ҳукмрон — мазҳаби католикӣ. Пойтахташ — шаҳри Бас-Тер. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба се музофот, ки аз кантонҳо иборатанд, тақсим шудааст. Ҷашни миллӣ — Рӯзи ишғол кардани Бастилия — 14 июл (1789). Воҳиди пул — евро (аз январи 2002).

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гваделупа ҳамчун мулки моварои Фаронса дар мақоми олии ҳокимияти қонунгузор — Маҷлиси миллии Фаронса — 4 намоянда дар Палатаи намояндагон ва 2 сенатор дорад. Сарвари ҳокимияти иҷроияи марказӣ — Президенти Ҷумҳурии Фаронса, дар ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ — префектҳо, ки аз ҷониби ҳукумати Фаронса таъйин мешаванд. Мақомоти идораи маҳаллӣ — Шӯрои умумӣ (42 аъзо) ва Шӯрои минтақавӣ (41 аъзо) — ба муҳлати 6 сол тариқи раъйпурсии мустақими умумихалқӣ интихоб мешаванд. Шӯрои минтақавӣ дар асоси қонун «Дар бораи ғайримарказонии маъмурӣ» интихоб шуда, барои ҳаллу фасли масоили иқтисодӣ ва маъмурӣ салоҳият дорад.

Қисми ғарбии Гваделупа-ро кӯҳҳои паст фаро гирифтаанд (нуқтаи баландтаринаш вулкани Суфриер, баландиаш 1467 м), ки аз ҷинсҳои вулканӣ таркиб ёфтааст. Қисми шимолу шарқии Гваделупа аз пуштакӯҳҳои начандон баланди оҳаксангҳои неогенӣ таркиб ёфтааст. Қад-қади соҳилҳоро обсангҳои марҷонӣ фаро гирифтаанд. Иқлими Гваделупа тропикии рутубатнок ва пассатӣ. Ҳарорати миёнаи солона 26°С, бориши солона дар ҳамвориҳо — 1500—2000 мм, дар кӯҳҳо то 3000 мм, мавсими бориш сентябр — октябр. Дарёҳои доимӣ надорад. Олами набототи Гваделупа бо фаровонии навъҳои гуногуни рустаниҳои эндемикӣ афзалият дорад. Танҳо дар ҷазираи Бас-Тер 340 навъи рустанӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. 48,5 дарсади ҳудуди Гваделупа-ро ҷангалзор ташкил медиҳад. Дар Гваделупа чор навъи ҷангалзор мавҷуд аст: ксерофитӣ (ҷазираҳои Гранд-Тер, Мари-Галант, Дезирад, Ле-Сент), камнам, сернам бо тақсимбандии зина ба зина; дар соҳилҳо анбаҳзорҳо ба қайд гирифта шудааст. Олами ҳайвоноташ чандон ғанӣ нест, вале еноти хазанда, агути, росу, кӯршабпарак хеле бисёр аст. Соли 1989 қонуни махсус барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот қабул гардид. Аз парандаҳо тӯтӣ, дурроҷҳои хушхон, пашшахӯракҳо, инчунин, ҷонварони дубаҳра (қурбоқа ва моҳиён), ҳашарот, хазандагон, буғумпойҳо мавҷуданд. Минтақаҳои ҳифзшавандаи Гваделупа Боғи миллӣ (дар ҷазираи Бас-Тер) ва чаҳор мамнуъгоҳи табиӣ буда, барои ҳифзи навъҳои нодири олами набототу ҳайвоноти тропикӣ ва баҳрӣ ташкил карда шудаанд. Дар ҷазираҳои Птит-Тер мамнуъгоҳи бузурги табиӣ мавҷуд аст, ки 148 га замини хушкӣ ва 842 га ҳавзаи баҳриро ишғол менамоянд. Дар ҳудуди он ҳамчунин олами ҳайвоноту набототи эндемикии ҷазираҳои Антил ҳифз мешаванд, аз ҷумла, игуанаҳои антилӣ, рустаниҳои қадимӣ ва парандагон. Тӯфонҳои тропикӣ, ки аз моҳи июн то октябр ба амал меоянд ва вулкани амалкунандаи Суфриер аз хатарҳои табиии Гваделупа буда, мушкили асосии экологиаш нобуду кам шудани ҷангалзорҳост, ки боиси бодлесии хок мегарданд.

90,6 дарсади аҳолии Гваделупа-ро амрикоиҳои африқоинажод ва мулатҳо (дурагаҳо), 5 дарсадро сафедпӯстон, боқимондаро ҳиндуҳои амрикоӣ (дравилҳо), хитойиҳо, вйетнамиҳо ва халқҳои дигар ташкил медиҳанд. Забони расмии Гваделупа фаронсавӣ буда, дар гуфтугӯи муқарарӣ забони креолӣ истифода мешавад. 95 дарсади аҳолӣ пайрави мазҳаби католикӣ буда, 1 дарсадро муътақидони протестантизм ва 4 дарсадро пайравони ҳиндуия ва парастандагони вуду ташкил медиҳанд. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ 77,4 (мардҳо — 74, занҳо — 80,7) сол. Суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ 1,6 %, таваллуд 16 %, фавт 6 %, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар 7 кӯдак (2014). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² — 260 нафар. 99,7 дарсади аҳолии Гваделупа шаҳрнишинанд. Ш.-ҳои бузургтаринаш — Бас-Тер, Абим, Сент-Ани, Пуэнт-а-Питр. 163 ҳазор нафар аҳолии Гваделупа аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол буда, аз онҳо 84 дарсад дар соҳаи хидматрасонӣ ва ҳамагӣ 3 дарсад дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекунанд. Сатҳи бекорӣ 24,7 дарсад буда, асосан ҷавонони то 30-соларо дар бар гирифтааст.

Сокинони аҳди қадими Гваделупа асосан қабилаҳои аравакҳои аз ноҳияҳои халиҷи Ориноко омада буданд. Дар садаи VIII онҳоро қабилаҳои ҳиндуҳои карибӣ аз ин ҷо берун карданд. Ин ҷазираҳоро соли 1493 Колумб барои аврупоиҳо кашф намуда, ба шарафи дайри испании Марями Муқаддаси Гваделупӣ дар Эстрамадур номгузорӣ намуд. Мустамликакунии ҷазираҳои Гваделупа соли 1635 аз тарафи Ширкати фаронсавӣ оғоз ёфт. Соли 1674 фаронсавиҳо онро мулки зертобеи худ эълон карданд. Соли 1685 «Ойинномаи сиёҳ» интишор гардид, ки он ғуломдориро дар мустамликаҳои Фаронсавӣ қонунӣ намуд. Ба таври оммавӣ ворид намудани зангиён — ғуломон аз Африқо барои кор дар киштзорҳо оғоз ёфт. Соли 1759, ҳангоми ҷанги Ҳафтсола (1756-63) неруҳои низомии англис Гваделупа-ро ишғол намуда, бандари Пуэнт-а-Питрро бунёд намуданд. Англисҳо солҳои 1666, 1691 ва 1703 кӯшиш карданд, ки Гваделупа-ро ба даст дароранд. Онҳо соли 1759 Гваделупа-ро забт намуданд, аммо мувофиқи аҳдномаи Порис (1763) он ба Фаронса баргардонда шуд. Соли 1794 англисҳо боз ба Гваделупа зӯран ворид шуданд, аммо комиссари Конвент дар Гваделупа Виктор Юг аҳолии зангии ҷазираро озод эълон карда, ба дасташон яроқ дод ва худи ҳамон сол онҳо англисҳоро аз Гваделупа ронданд. Гваделупа то соли 1802 ҷумҳурии мустақил буд. Дертар Наполеон экспедитсия фиристода тартиботи пешинаи мустамликавӣ, аз ҷумла ғуломдориро барқарор намуд ва он соли 1848 бекор карда шуд. Соли 1805 дар Гваделупа кодекси граждании Фаронса ҷорӣ гардид. Соли 1810 англисҳо Гваделупа-ро бори дигар забт карда, соли 1816 мувофиқи шартномаи Порис ба Фаронса баргардониданд. Ҳукмронии мустамликадорон боиси тараққиёти яктарафаи иқтисодиёти Гваделупа шуд. Соли 1871 Гваделупа дар парламенти Фаронса намояндагӣ ба даст овард. Дар охири садаи XIX якчанд корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд шуданд, ки ин барои пайдоиши пролетариат дар Гваделупа замина гузошт. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939-45) дар Гваделупа аввалин гурӯҳҳои коммунистӣ ба вуҷуд омаданд. Соли 1947 аввалин префекти Гваделупа таъйин гардид. Соли 1958 Ҳизби коммунистии Гваделупа таъсис ёфт. Конститутсияи соли 1958 қабулгардида мақоми Гваделупа-ро ҳамчун департаменти моварои баҳрӣ ба тасвиб расонд. Декабри 1999 аҳдномаи Бас-Тер ба имзо расид, ки он шароитро барои эътироф гардидани Гваделупа ҳамчун мулки дорои ҳуқуқҳои боз ҳам бештар дар ҳайати кишвари Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо ба таври куллӣ фароҳам овард. Соли 2003 дар раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод дар бораи сохторҳои минтақавӣ ва департаментӣ, бунёди мақомоти воҳиди идорӣ инкор карда шуд. Дар ҷазираҳои Сен-Бартелми ва Сен-Мартин баргузор намудани ислоҳот дар бораи аз ҳудуди Гваделупа ҷудо гардидани онҳо дастгирӣ ёфт ва феврали 2007 ҷазираҳои мазкур воҳиди мустақил гардиданд. Ҳизбҳои асосии сиёсии Гваделупа: Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби коммунистӣ, Ҳизби демократии тараққихоҳ, Иттиҳоди миллӣ барои озодии Гваделупа, Иттиҳоди ҳимояи ҷумҳурӣ, Иттиҳод барои демократияи Фаронса.

Асоси иқтисодиёти Гваделупа-ро соҳаи хидматрасонӣ ва сайёҳӣ ташкил медиҳад. Ҳаҷми ММД 3,9 млрд доллари амрикоӣ буда, 15 дарсади он ба соҳаи кишоварзӣ, 17 дарсад ба ҳиссаи маҳсулоти саноат, 68 дарсади он ба соҳаи хидматрасонӣ ва дигар соҳаҳо рост меояд. Иқтисодиёти Гваделупа ба сармоягузорӣ ва воридоти маҳсулот аз Фаронса вобастагии зиёд дорад. Соҳаҳои асосии саноат: хӯрокворӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ. Корхонаҳои хурди коркарди найшакар, нассоҷӣ ва кимиёӣ мавҷуданд. Истеҳсоли солонаи неруи барқ — 1,4 млрд кВт соат. Барои саноати коркард ду навъи корхонаҳо хос аст — саноатӣ ва косибӣ. Дар саноат асосан дар коркарди ашёи хом, аз ҷумла истеҳсоли қанду шароб барои содирот афзалият дорад. Ду корхонаи коркарди найшакар (истеҳсоли қанд) дар Гардел ва Гранд-Ансе соле 75 ҳазор т қанд истеҳсол мекунанд. Дар шаҳри Бас-Тер ду корхонаи чӯянрезӣ ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти филиззӣ мавҷуд аст. Бештари корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Жери ҷойгиранд. 37 дарсади корхонаҳои истеҳсолоти дастӣ ба соҳаи сохтмон марбут буда, асосан дар минтақаи бандарӣ, дар шимоли ҷазираи Гранд-Тер ва дар ҷанубу шарқи ҷазираи Бас-Тер ҷойгир шудаанд.

Соҳаи кишоварзӣ нисбатан суст тараққӣ карда, талаботи мамлакатро қонеъ намесозад ва маҳсулоти хӯрокворӣ бештар аз Фаронса ворид карда мешавад. Маҳсулоти асосии кишоварзӣ банан буда, 45 дарсади ҳаҷми ММД-ро ташкил медиҳад. Солҳои охир парвариши меваю сабзавоти тропикӣ афзоиш ёфтааст. Масоҳати тамоми заминҳои кишоварзӣ 460 км², ки аз он 43,5 дарсадро киштзор, 10,8 дарсадро зироатҳои бисёрсола, 45,7 дарсадро чарогоҳ ташкил медиҳад. Заминҳои обёришаванда — 60 км². Масоҳати умумии ҷангалҳо — 820 км² буда, дар 200 км² дарахтони нодир парвариш ва коркард мешаванд. Дар Гваделупа соҳаи чорводорӣ рушд кардааст. Саршумори чорво — 152,6 ҳазор сар, ки аз он 48,2 дарсадро гов, 29,5 дарсадро буз ва 19,7 дарсадро хук ташкил медиҳад. Моҳигирӣ (асосан кӯсамоҳӣ ва самак) ва саноати коркарди маҳсулоти баҳрӣ рушд кардаанд. Истеъмоли маҳсулоти баҳрӣ ба ҳар сари аҳолӣ 35 кг дар сол (баландтарин дар Аврупо) аст.

Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард — 2560 км. Дар Гваделупа роҳҳои нақлиёти баҳрӣ ва ҳавоӣ аҳаммияти бештар доранд. Бандари асосии Гваделупа Пуэнт-а-Питр (аз аввалин бандарҳои сайёҳии Фаронса) буда, дар Бас-Тер, Мариго, Густавиа (ҷазираи Сен-Бертелми) низ бандарҳо мавҷуданд. Гваделупа 6 фурудгоҳ дорад: фурудгоҳи байналмилалии Пе-Резе (дар Пуэнт-а-Питр), дар ҷазираҳои Мари Галант, Дезирад, Ле-Сэн, Сэн-Бартелми ва фурудгоҳи нави «Қутби Кариб». Тариқи нақлиёти ҳавоӣ соле то 2 млн мусофир кашонда мешаванд. Савдои берунӣ дар иқтисоди Гваделупа нақши бештар дошта, ҳаҷми содирот 196,8 млн ва воридот 2,46 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Гваделупа асосан қаҳва, найшакар, шароб, банан (муз) содир карда (асосан ба Фаронса ва Мартиника), аз хориҷа маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, либосворӣ, масолеҳи бинокорӣ ва худрав, таҷҳизот ворид мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Гваделупа Олмон, Фаронса, Мартиника мебошанд. Сайёҳӣ низ яке аз соҳаҳои даромаднок буда, соле ба Гваделупа 720 ҳазор сайёҳ ворид мешавад. Тандурустӣ. Соҳаи тандурустии Гваделупа ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ аст. Маркази тиббии давлатӣ, минтақавӣ (дар Пуэнт-а-Питр), ду шифохонаи маҳаллӣ, 6 маркази тиббӣ, 2 беморхонаи минтақавии ҳарбӣ, маркази такмили ихтисоси духтурон ва 16 дармонгоҳи хусусӣ мавҷуд аст.

Маориф, илм ва осорхонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дараҷаи маълумотнокӣ дар мамлакат 90 дарсад (аз 15-сола боло)-ро ташкил медиҳад. Низоми таълимии Гваделупа мувофиқи меъёрҳои фаронсавӣ асос ёфта, таълим ба забони фаронсавӣ сурат мегирад. Мактабҳои давлатӣ ва хусусии дараҷаи аввал (томактабӣ ва ибтидоӣ) ва дараҷаи 2 (коллеҷҳо ва маълумоти касбӣ) амал мекунанд. Гваделупа дорои 350 мактаби дараҷаи аввал, 82 коллеҷ ва 24 литсей буда, бештари онҳо давлатианд. Мактаби олии асосии Гваделупа — Донишгоҳи ҷазираҳои Антили Гвиана, ки дар шаҳри Пуэнт-Питре ҷойгир аст. Дар шаҳри Пуэнт-а-Питре осорхонаҳои инфиродии Сен-Жан Перс (барандаи мукофоти Нобел дар соҳаи адабиёт, 1960) ва В. Шёлчер (яке аз муборизони барҳам додани ғуломдорӣ дар Гваделупа) мавҷуд аст. Инчунин осорхонаҳои қаҳва ва садафҳои баҳрӣ мароқангезанд. ВАО. Бузургтарин рӯзномаҳо дар шаҳри Пуэнт-а-Питра ба нашр мерасанд. Рӯзномаи минтақавии «France-Antilles» (25 ҳазор нусха), «Match» (дар ду ҳафта 1 бор; 6 ҳазор нусха), «Etincelle» (1944; 5 ҳазор нусха) намоёнтарин нашрияҳои даврианд. Радиошунавонӣ ва телевизиони давлатӣ дар Гваделупа тариқи ду шабака аз ҷониби хадамоти Фаронса барои минтақаҳои моварои баҳрӣ (Reseaux France Outre-mer — RFO) пахш карда мешаванд. Ширкатҳои хусусии радиошунавонӣ ва телевизион низ фаъолият доранд.

  • Ковальская А. С. На пути к свободе. М., 1973;
  • Политическая система общества в Латинской Америке. М., 1982;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.