Катибаи Бесутун
Зоҳир
Катибаи Бесутун ё катибаҳои Дорои Бузург — катибаҳои Бесутун ё «катибаҳои Беҳсутун » (кӯҳе дар шаҳристони Кирмоншоҳ). маҷмаъи бостонӣ дар шаҳристони Кирмоншоҳи Эрон вокеъ аст. Катиба дар баландии як саду панҷ метр аз замин дар кӯҳи Бесутун бо хати мехӣ ва ба се забон - форсии қадим, бобулӣ ва аламӣ ҳаккокӣ гардидааст. Ин маҷмаъи бостонӣ ёдмонҳое аз Ҳахоманишиёнро дар худ ҷой додааст ва аз ҳудуди соли 523—521 пеш аз милод ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ будааст. Катиба бо фармони шоҳи Ҳахоманишиён Дopиуши Бузург (Дорои I) бунёд гардидааст. Солҳои 30—40-уми асри XIX аз ҷониби муҳақиқи англис Г. К. Роулинсон, катиба хонда шудааст ва бо ҳамин амал ба шурӯи хондани хати мехӣ дар хатҳои қадимаи халқҳои Шарқи Қадим такон додааст.[1]