Jump to content

Миямото Мусошӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

 

Миямито Мусошӣ, ҳамчунин, Синмэн Такэдзо, Миямото Бэнносукэ, Синмэн Мусошӣ-но-Ками Фудзивара-но-Гэнсин, ва ё бо номи будоии Нитэн Дораку — рунин ва сомуройи машҳури ҷопонӣ. Ӯ ба хотири маҳораташ дар шамшерзанӣ ва низ пирӯзиҳои чашмгираш дар набардҳои дунафара бо шамшер шинохта шудааст.

Ӯ нахустин муборизаашро дар синни сездаҳсолагӣ анҷом дод ва пирӯз шуд. Мусошӣ бунёнгузори сабки шамшерзании нитенриу ва низ нависандаи китоби "Панҷ ҳалқа"  дар бораи стратегия, токтик ва фалсафаи шамшерзанӣ аст, ки ҳанӯз ҳам тадрис мешавад. Ӯ китобҳои дигаре аз ҷумла "Докодо" (独行道, тариқати танҳоӣ) низ навиштааст. Ҳамчунин, дар охирин набарди давраи сангуку маъруф ба Муҳосира Осоко ба унвони яке аз сарбозони туиутуми Ҳида Юрӣ ҳузур дошт, ки тавонист пас аз шикаст хӯрдани сипоҳиёни Ҳида Юрӣ дар он набард сахт, зинда бимонад.

Миямото Мусошӣ нуэро мекушад, рассом Утагва Куниёши (1798-1861).
Дуэл байни Мусошӣ ва Бокуден
  • Маслов А. А. «Святой меча» — Миямото Мусаси // Дзэн самурая. — Ростов-на-Дону: Феникс, 2005. — С. 269—283.