Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муҳрадорон (лот. Vertebrata) — ҳайвонҳои хордодор; яке аз муташаккилтарин гуруҳҳои гуногуни ҷонварон.
Мӯҳрадорҳо (40—45 ҳазор намуд) нисбат ба бемӯҳрагон (1,25—1,45 млн намуд) кам бошанд ҳам, дар ҳаёти биосфераи ҳозира аҳамияти калон доранд. Мӯҳрадорҳо аз рӯи хусусиятҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётӣ хеле гуногунанд Гуногунии навъҳои мутобиқӣ ва шаклҳои ҳаётии мӯҳрадорҳо на танҳо дар байни гурӯҳҳои калони таснифотӣ (гирддаҳонҳо, моҳиҳо, обхокиҳо, хазандаҳо, паррандаҳо, ширхӯрҳо), инчунин дар дохили гуруҳҳо низ мушоҳида мешавад. Ин на танҳо ба дараҷаи баланди инкишофу мураккабии сохти Мӯҳрадорҳо, инчунин ба қобилияти баланди ба шароити гуногуни ҳаёт мутобиқ, шуда тавонистани онҳо (аз даъри уқёнус то қуллаҳои баланди кӯҳу биёбонҳои беоб) алоқаманд аст.