Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нилуфариҳо (лот. Nymphaeáceae ) — оилаи рустаниҳои дупаллагӣ.
Гиёҳҳои бисёрсолаи обӣ. Баргашон калон-калон (диаметраш то 2 метр) буда, одатан дар рӯи об шино мекунанд. Гули дуҷинса (диаметраш 35 сантиметр) доранд.
8 ҷинс — тугмачагули обӣ, нилуфар, гули садра, эвриала, камоба лаълигул (виктория), бразения ва барклая ва қариб 100 намудашон дар ҳама ҷо (ғайр аз Арктика, Антарктика, даштҳо ва баландкӯҳҳо) паҳн шудаанд. Дар ИҶШС намудҳои ҷинси тугмачагули обӣ, нилуфар ва эвриала месабзанд. Дар боғи ботаникии Институти ботаникаи Академияи Фанҳои ҶШС Тоҷикистон 11 намуд ва 4 навъи дурагаи нилуфар (кабомба — Cabomba caraliniana, тугмачагули обӣ — Nuphar luteum, эвриала — Euryale ferox, лаълигул — Victoria cruciana, гули садра — Nelumbo nucifera ва ғайра), ки мансуби в ҷинсанд, ҷамъ оварда шудаанд.
Дар замонҳои қадим дар Тоҷикистон гули садра мерӯид. Инро олимони тоҷик аз нишонаҳои баргҳои гули садра, ки дар таҳшинҳои давраи сеюм ёф шудаанд, муайян карданд. Ҳоло дар шароитҳои табиии Тоҷикистон нилуфариҳо намеруянд.