Jump to content

Силоҳи лазерӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Силоҳи лазерӣ — навъе ҷангафзори энержии ҳидоятшуда аст, ки аз партави лазер барои тахриб ҳадаф истифода мекунад. Аз даҳаи 1970 токунун силоҳҳои лазерии бешумор ва гуногун тарроҳӣ ва тавлид шудаанд, аммо бештари онҳо аз марҳалаи таҳқиқ ва исботи технологӣ фаротар нарафтаанд. Имрӯза ҷангафзорҳои заминии лазерӣ тавоноии нобудии мушакҳо, паҳподҳо ва гулӯлаҳои тӯпу хумпораи дар ҳоли парвозро пайдо кардаанд. Силоҳҳои лазерии ҳавобурд низ озмоишҳои муваффақиятомезе доштаанд ва ҳатто системҳои лазерии фазоӣ барои нобуди моҳвораҳо ё мушакҳои баллистик низ пешниҳод шудаанд.

Навъҳои силоҳи лазерӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Силоҳҳои лазерӣ барои нобуд кардани ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд
  • Силоҳи маҳдуди лазерӣ
  • Силоҳи лазерии нобино
  • Дигар силоҳҳои лазерӣ

Силоҳҳои лазерӣ барои нобуд кардани ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эҷоди силоҳи лазерӣ, ки барои нест кардани мустақими ҳадафҳо пешбинӣ шудааст, аз сабаби миқдори зиёди энергия барои нест кардани унсурҳои сохторӣ ё вайрон кардани системаҳои дохилии радиоэлектроникии ҳадаф хеле мушкил аст.

HEL MD (Boeing, Lockheed Martin ва Northrop Grumman) MEHEL (Lockheed Martin ва Orbital ATK) HELLADS (General Atomics ва Lockheed Martin) YAL (Boeing, TRW, Lockheed)
Ҷопон JGSDF силоҳи лазерии миёнапарвоз