Фалсафа
Фалсафа (юн.-қад. φιλοσοφία, таҳтуллафзӣ — «дӯстдори хирад; дӯстдори илм») — восита ва роҳҳои маърифати олами беруна, муҳит ва мақоми инсон дар он, илм дар бораи қонунҳои умумитарин ва робитаҳою инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад.
Дар доираи масъалаҳои муҳимтарини фалсафа - мабдаъ асоси бунёди олам (ҷавҳар), табиати арзишҳои инсонӣ (моҳияти ҳаёти инсонӣ), хусусияти методологии фалсафа - бунёди қоидаҳои умумитарини тадқиқоти олам умуман ва ҷараёнҳою ҳодисаҳои алоҳидаи ӯ қарор мегиранд.
Фалсафа чун тарзи махсуси инъикоси муносибат ба воқеият, аз замони пайдоишаш масъалаи «ҳастӣ чист»-ро ба миён гузошта ҷавоб меҷуст. Дар ҳамин ҷараён шаклҳои таърихии фалсафасозӣ – материализм ва идеализм ташаккул меёбанд.
Муноқишаи материалистон ва идеалистон дар атрофи таносуби моддиёту маънавиёт, ҳастию шуур, «мақсаднокию» фаъолияти одамон, ҳавасмандию талаботи объективӣ ва шуурнокӣ шурӯъ мегирифт. Дар ҳамин ҷараён мафҳуми масъалаи асосии фалсафа ҳамчун муносибати шуур ба ҳастӣ ва рӯҳ ба табиат муайян мегардад. Ин масъала ду тараф дорад: ҷиҳати аввалинаш – материя аввал аст ё шуур? (онтологӣ), ҷиҳати дуюмаш – маърифатшавандагии олам (гносеологӣ). Вобаста ба ҳалли ҳамин масъала файласуфон ба ду ҷараён ҷудо мешаванд – материализм ва идеализм.
Материализм моддиёт (материя)-ро аввалину шуурро дуюмин ва оламро маърифатпазир меҳисобанд.
Идеализм шуурро аввалину материяро дуюмин меҳисобад, инчунин маърифатпазирии оламро рад менамояд – ин ақида лоадрия (агностисизм) ном гирифтааст. Фалсафа чун ҷаҳонбинӣ донишҳои мушаххаси илмӣ, фарзия ва санадҳоро таҳлил ва муқоиса намуда, онҳоро ба низом медароварад ва манзараи мукаммали оламро таҷассум менамояд.
Вазифаҳои фалсафа: - ташреҳу тавзеҳи мафҳумҳои кулл, ҷамъбасти назарии комёбиҳои таҷрибаи инсон;
- -танқиди ҳамагуна мавҳумоту иштибоҳҳое, ки дар роҳи маърифати ҳақиқию фаъолияти инсон дучор мешаванд;
- -ҳифзи рушди тамоми аносири қобили қабул ва арзиши илмӣ дошта (вазифаи интиқолӣ);
- -дар низоми асосҳои илм дар қатори тасвири илмии олам фалсафа низ асоси илм мебошад. Асоси фалсафии илм идеяҳо ва қоидаҳое мебошанд, ки моҳияти ҳар як илмро ташкил медиҳанд ва тавассути таҳлилу ҷамъбасткунии фалсафӣ ба маданият ворид мешаванд;
- - мақоми методологии фалсафа дар низоми илмҳо фарқи назария аз метод,
- назарияи умумӣ – низоми кулли тарзу воситаҳои ба даст овардани дониши илмӣ мебошад. Ф. Бэкон методологгияи фалсафиро тимсоли чароғе меномад, ки ба роҳи торики мусофир равшанӣ медиҳад. Худи ӯ барои сохтани ҳамин тавр методе кӯшиш мекард, ки ҳамчун «органони» (олоти) маърифат ҳокимии инсонро аз болои табиат таъмин намояд. Қувваи таъсири фалсафа ба илм вобаста ба сатҳи маърифати худи илм ва рушду такомули муҳити иҷтимоии ӯ мебошад.
Фалсафа ва ҷамъият
[вироиш | вироиши манбаъ]12 августи соли 1882 ситорашиносони фаронса Пол ва Проспер Ҳенрӣ астероидро ба шарафи фалсафа номашро (227) Фалсафа номиданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ D. Bob Gowin, Marino C. Alvarez. The Art of Educating with V Diagrams. — Cambridge University Press, 2005. — С. 52. — 231 с. — ISBN 052184343X.
Хатои ёдкард: <ref>
tag with name "Buccellati" defined in <references>
is not used in prior text.
<ref>
tag with name "Ожегов" defined in <references>
is not used in prior text.Литература
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуссерль Э. Философия как строгая наука // Гуссерль Э. Философия как строгая наука. — Новочеркасск: Сагуна, 1994. — ISBN 5759301373; ISBN 5759301381.
- Хабермас Ю. 1. Философия как «местоблюститель» и «интерпретатор» // Хабермас Ю. Моральное сознание и коммуникативное действие. — СПб.: Наука, 2001. — С. 7—33. — ISBN 5-02-026810-0; ISBN 3-518-28022-8.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Институт философии РАН. Электронная библиотека по философии Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2006 сол.
- Журнал «Вопросы философии». Электронная библиотека публикаций
- Журнал «Философия и общество». Электронный архив
- Электронная библиотека по философии
- Книги по философии в библиотеке Мошкова
- Национальная философская энциклопедия Бойгонӣ шудааст 6 Декабри 2022 сол.
- Философская библиотека журнала «Скепсис»
- Библиотека русской философии журнала «Логосфера»
- Методологический альманах «Кентавр»