Шамси Қайси Розӣ
Таърихи таваллуд: | асри XII |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | асри XIII |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | забоншинос |
Солҳои эҷод: | 1204[1] — 1230[1] |
Забони осор: | форсӣ |
Қайси Розӣ, Шамсуддин Муҳаммад ибни Қайси Розӣ (асри XII, Рай — асри XIII) — нависанда, шоир, адабиётшинос ва арӯзии форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Кайси Рози машҳур аст, назар ба гуфтаи худаш, дар шаҳри Рай (Эрон) ба дунё омадааст. Соли таваллуди Шамси Кайси Рози маълум нест. Аввалин соле, ки ба ҳаёти ӯ тааллук дораду дар китобхо сабт ёфтааст, ин соли 1205 мебошад. Дар ин сол, яъне 1205 вай ба Бухоро омада, чанд муддат дар он чо умр ба сар бурдааст. То соли 1205 барои такмили илму дониш чанд муддат дар шаҳрҳои дигари Мовароуннахру Хуросон, аз он ҷумла дар Хоразм истикомат кардаст. Аз руи ин далел тахмин меравад, ки синни вай дар ин вакт (1205) аз 20- 30 гузашта будааст, пас ӯ шояд дар солҳои 80- уми садаи XII таваллуд ёфта бошад. Шамси Кайси Рози таълими ибтидоиро дар зодгоҳаш шаҳри Рай гирифта, дар муддати хеле кӯтоҳ илмҳои маъмули замона, махсусан накди шеър ва арӯзро пурра аз худ кард. У барои такмили илму дониш соли 1205 ба шаҳри Бухоро меояд. Шаҳри Бухоро дар он давр аз марказҳои хеле бонуфузи илму адаби тоҷик буд ва аксари донишмандон дар доираҳои адабию илмии он ҷамъ омада буданд. Чунин шароити нисбатан мусоид барои Шамсуддин барин ҷавони илмдӯст хеле мувофик омад, аз ин ру вай то соли 1207 дар ин шаҳр пайваста дониши худро такмил медихад. Соли 1207 вакте, ки шохи Хоразм Мухаммади Хоразмшох ибни Такаш (вафоташ 1220) бо бахонаи пахш кардани шуриши Малик Санчар шаҳри Бухороро ишгол кард, Шамси Кайсро ба дарбори худ даъват намуд. Хаёт ва фаъолияти ӯ солҳои 1207—1219 асосан дар Хоразм гузаштааст. Соли 1219 баъди аз лашкари мугулхо шикаст хурдани давлати Хоразмшохиён Мухаммади Хоразмшох роҳи гурезро ихтиёр кард. Шамси Кайси Рози дар катори дигар шоирону мулозимони рикоби Мухаммади Хоразмшох ноилоч ба мулки Ирок хичрат намуд. Солҳои 1219—1226 дар ҳаёти ӯ душвортарин солҳо буданд. Дар тули 7-8 сол аз таъкиби лашкари мугулхо аз шаҳр ба шаҳр овора шуда, қатлу горатгариҳои бешумори мугулхоро бо чашми худ дид. Дар ин муддат ду маротиба дар шаҳри Рай асир афтода, азобу шиканчаҳои зиёдеро аз сар гузаронид. Соли 1226 Шамси Кайси Рози аз Ирок ба Форс омад ва ба хидмати Атобак Саъд ибни Занги ибни Мавдуд, ки хокими мамолики Форс ва музофоти он буд, даромад. Азбаски вай марди фозилу донишманд ва ҷаҳондида буд, дар муддати хеле кӯтоҳ дар ин дарбор обру ва эътибори зиёд пайдо кард ва аз надимони хоси шох гардид. Соли 1231, баъди вафоти Атобак Саъд ибни Занги ба дарбори писари ӯ Абубакр ибни Саъд ибни Занги дохил шуд ва мартабаю мақоми Шамси Кайси Рози хамоно мисли аввала буд. Ҷараёни зиндагии минбаъдаи Шамси Кайси Рози ба мо равшан нест. Факат дар як чои «Алмуъчам фи маъойири ашъорилачам» дар хусуси аз тарафи Абубакр ибни Саъд ибни Занги забт шудани Бахрайн, Уммон ва чанд ҷазираи халичи Форс сухан меравад, ки ин воқеа ба солхи 1238—1239 рост меояд.
Мероси адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз мероси илимию адабии Шамси Кайси Рози то замони мо факат бузургтарин асари ӯ «Алмуъчам фи маъойири ашъорилачам» боки мондааст. Илова бар ин китоб, осори вай бо номи «Тибёнуллугат аттурки ало лисон улкангали», «Алуюб фи мукаффи ашъорулараб» («Айбҳои кофияи араб»), «Китобулкофи фил арӯзайн вал кавофи» мутаассифона, то замони мо нарасидаанд. «Алмуъчам фи маъойири ашъорилачам» яке аз бостонтарин ва комилтарин асарҳои адабиётшиносии форсу тоҷик буда, доир ба назарияи шеъру шоири, муносибати мунаккиду шоир манбаи бебахое ба шумор меравад. «Алмуъчам» барои омузиши илми шеър: арӯзи ачам, тақтеъ, баҳрҳои арӯзи форси, саноеи бадеи ва ғайраҳо сарчашмаи муътамад махсуб мегардад. Илова бар ин, асари мазкур барои омухтани бисёр воқеаҳои муҳими замони муаллиф, яъне охири садаи XII ва аввали садаи XIII сарчашмаи муътамад маҳсуб мегардад. Зеро Шамси Кайси Рози дар ин асар бештар воқеа ва ходисахоеро чой додаст, ки худ шохиди онҳо будааст. Гайр аз ин, дар «Алмуъчам фи маъойири ашъорилачам» номи як зумра шоирони форсу тоҷики то истилои мугул ва намунаи ашъори онҳо, инчунин номи олимону донишмандон мисли Бахромии Сарахси, Амир Абумансур Косим ибни Иброҳими Койини, Имом Хасани Каттон ва таълифоти онҳо оварда шудааст. Махз тавассути ҳамин асар намунаи ашъору номи таълифоти онҳо то замони мо омада расидааст. Бояд кайд кард, ки илова бар ин боз дар ин асар номи дигар шоирони навэҷод мисли: Салим, Хамим, Котеъ, Муштарак ва ғайраҳо оварда шудааст. Асари Шамси Кайси Рози «Алмуъҷам» дар замони имрӯз низ кимати адабии хешро хифз намудаву ҳам сарчашмаи омузиш мавриди истифода ва таҳқиқ қарор дорад. Асари мазкур ба сифати маъхаз ва сарчашиам мӯтамад барии омузиши ҳаёт ва эҷодиёти бархе аз шуарои моқабл, ки чои дигар доир ба фаъолияти эшон маълумоти кофи ба даст надорем, аҳамияти калони илмӣ дорад.