Ҷанг
Зоҳир
Ҷанг (форсӣ: جنگ < порсии миёна: jang) — пайкору набард миёни ду ё чанд кишвар, ки дар он ҳама тавони низомии кишварҳои даргир аз роҳи замину дарёву ҳаво барои пирӯзӣ бар душман ба кор гирифта шавад[1].
Ҷанг ба ҷанги одилона ё қонунӣ (дифоъи фардӣ ва дастаҷамъӣ аз таҷовузҳо; бо қарори Шӯрои Амнияти СММ қабул намудани санксияи ҳарбӣ нисбати давлати таҷовузкор) ва ҷанги беадолат ё ғайриқонунй (таҷовузкорӣ) тақсим мешавад. Ҳама гуна ҷанги беадолат ё ғайриқонунӣ чун ҷинояти байналмилалӣ дар олами башар эътироф мешавад.[2]
Гунаҳои ҷанг
[вироиш | вироиши манбаъ]- ҷанги чирагии иттилоъотӣ: амалиёте, ки дар он ҳар як аз тарафҳои даргирӣ кӯшиш мекунад аз назари иттилоъотӣ бар тарафи дигар мусаллат шавад;
- ҷанги иттилоъотпоя: ҷанге, ки дар он сомонаҳои вижае тарроҳӣ мешавад то дастёбӣ ба иттилоъоти кофӣ барои тасаллут бар майдони набард ва пешгирӣ аз дастрасии душман ба чунин иттилоъоте муяссар шавад[1];
- ҷанги вижа: маҷмуъаи иқдомоту фаъолиятҳои низомие, ки се навъи ҷанги номуназзам, амалиёти нозир бар густариши нерӯҳо, падофанди дохилӣ ва ҷанги равониро дар бар мегирад[1];
- ҷанги ноҳамгун: набарде, ки дар он нерӯҳои заъифтар бо истифода аз нуқоти заъфи душману равишҳои мубтакирона ба мубориза бо нерӯҳои қавитар мепардозанд[1];
- ҷанги микрубӣ: ҷанге, ки бо роҳи паҳн кардани микробҳои бемориҳои гузаранда бурда мешавад[1];
- ҷанги зистӣ: корбурди омилҳои зистӣ барои осеб задан ба касон, ҷонварон ё гиёҳон[1];
- ҷанги ҳамагонӣ: даргирии мусаллаҳонаи густарда миёни қудратҳои бузург бо корбурди ҳама манобеъву имконот[1];
- ҷанги шаҳрӣ: ҷанги мусаллаҳонаи мардум бо истифода аз бофти шаҳр бо нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ё нерӯҳои ишғолгар[1];
- ҷанги иттилоъотӣ: амалиёте, ки ё манобеъи иттилоъотиро ҳадаф қарор медиҳад ва ё аз он истифода мекунад[1];
- роёҷанг (роёвард): 1. разм дар қаламрави иттилоъот, 2. ҳидоят ё омодагӣ барои ҳидояти амалиёти низомӣ бар тибқи мабонии иттилоъотӣ[1];
- ҷанги мураккаб: ҷанге, ки ду ё чанд кишвари муттаҳид дар иқдоме ҳамоҳанг барои дастёбӣ ба ҳадафҳои муштарак ба он даст мезананд[1];
- ҷанги маҳдуд: кашмакаши мусаллаҳонаи маҳдудтар аз ҷанги ҳамагонӣ; ҷанги маҳоршуда[1];
- ҷанги шигирдӣ: ҷанге, ки бе истеҳкомоти доимӣ бурда мешавад ва нерӯҳои даргир бо ҳадафи гирифтани мавқеъи беҳтар зуд-зуд ба ҳар тараф ҷобаҷо мешаванд[1];
- ҷанги мин: истифодаи роҳбурдӣ, амалиётӣ ва роҳкунишӣ аз минҳо ва подкуниши онҳо аз тариқи мингузорӣ барои коҳиши тавонмандиҳои душман дар роҳандозии ҷанги заминӣ, ҳавоӣ ва дарёӣ ё аз тариқи муқобила бо минҳои гузоштаи душман[1];
- ҷанги ноодилона: ҷанге барои истисмори миллатҳо ва тавсеъаталабӣ[1];
- ҷанги номутаъориф (пинҳонӣ): тайфи васеъе аз амалиёти низомӣ ва шибҳинизомии дарозмуддат, ки нерӯҳои бумии маъмулан ғайринизомӣ онро ба анҷом мерасонанд ва созмондеҳиву омӯзишу таҷҳизу пуштибониву ҳидояти он бар уҳдаи нерӯҳои хориҷӣ аст[1];
- ҷанги сангарӣ: ҷанги дуру дарозе, ки тарафҳо дар истеҳкомҳо рӯ ба рӯи ҳамдигар дергоҳ истода задухӯрд мекунанд[1];
- ҷанги пешгирона: таҳоҷум ба душман барои коҳиши хисорат дар шароите, ки ҳамлаи душман қатъӣ шавад[1];
- ҷанги равонӣ: истифодаи равишманд аз таблиғот бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар андешаву эҳсосоту нигаришу рафтори нерӯҳои душман барои дастёбӣ ба ҳадафҳои миллӣ[1];
- ҷанги шабакамадор: гунае аз ҷанги электруникӣ, ки дар он ҳиссгарҳои сомонаҳои фармондеҳӣ ва вопоишу таслиҳотӣ бо истифода аз шабакаҳои додаии ин се сомона ба якдигар пайваста мешаванд то имкони табдили иттилоъоту дастурҳои фармондеҳӣ миёни ин шабакаҳо ба ҳаддаксари мумкин бирасад[1];
- ҷанги одилона: ҷанге бунёдёфта бар далелҳои одилона ва ҳамроҳ бо рафтори инсонӣ[1];
- ҷанги тасбитшуда: ҷанге, ки дар он амалиёти ҳар ду тарафи даргир мунҳасир ба иҷрои таҳрикоти маҳдуд аст[1];
- ҷанги умумӣ: ҷанге, ки бе риояи тамоми меъёрҳои хуқуқи байнулмилалие, ки бар зидди нерӯҳои мусаллаҳ ва ҳам аҳолии осоишта бурда мешавад[1];
- ҷанги сард: вазъияти душмании сахт миёни ду абарқудрат ҳамроҳ бо мусобиқаи таслиҳотӣ ва бархурди диплумотӣ ва ҷанги равонӣ ва анвоъи иқдомоти душманона, ки ба амалиёти ошкору мустақими низомӣ миёни онҳо мунҷар намешавад[1];
- ҷанги электруникӣ: иқдоме низомӣ бо истифода аз энержии электрумағнотисии ҳидоятшуда, ки барои вопоиши тайфи электрумағнотисии душман ё ҳамла ба душман сурат мегирад[1];
- ҷанги электруникии омил: истифода аз сомонаҳое, ки дорои манбаъи тавлиди мавҷҳои электрумағнотисӣ ҳастанд ва барои пешгирӣ ё хадшадор кардани истифодаи душман аз василаҳои электруникӣ ё гумроҳ кардани душман дар тафсири иттилоъоти бадастомада ба кор мераванд[1];
- ҷанги электруникии ғайриомил: истифода аз сомонаҳое, ки манбаъи тавлиди мавҷҳои электрумағнотисӣ надорад ва аз мавҷҳои тобишӣ дар фазо барои таҷассус ва ташхису таъйини манбаъи тобиш истифода мекунанд. Ин сомонаҳо аломатҳоеро дарёфт мекунанд, ки нишон медиҳанд душман тайфи электрумағнотисӣ ба кор мебарад[1];
- ҷанги партавӣ: иқдоме низомӣ бо истифода аз силоҳҳо, дастгоҳҳо ва иқдомоти нигаҳдоштӣ барои садама задан ба таҷҳизоту таъсисоту коркунони душман ва нобудии онҳо ё пешгирӣ аз корбурди душман аз тайфи электромагнитӣ[1];
- фароҷанг: ҷанги бисёр сареъ ва маҳорнашуданӣ[1];
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.00 1.01 1.02 1.03 1.04 1.05 1.06 1.07 1.08 1.09 1.10 1.11 1.12 1.13 1.14 1.15 1.16 1.17 1.18 1.19 1.20 1.21 1.22 1.23 1.24 1.25 1.26 1.27 1.28 Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.. 26 сентябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2022.
- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 552