Ҷек Ма
чинӣ: 马云 | |
Таърихи таваллуд | 10 сентябр 1964[1] (60 сол) |
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша | корофарин, башардӯст |
Ҳамсар | Zhang Ying[d] |
Фарзанд | Ma Yuankun[d] ва Ma Yuanbao[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ма Юн (чинии сода: 马云, пинйин: Mǎ Yún; тав. 10 сентябри 1964), маъруф бо номи Ҷек Ма, — соҳибкори чинӣ, асосгузори Alibaba Group. Аввалин тоҷир аз Чини қитъавӣ, ки аксаш дар маҷаллаи Forbes нашр шудааст[3]. Ба вазъи охири моҳи ноябри 2018, Forbes дороии ӯро 35,8 млрд доллар баҳогузорӣ кард[3], ва ба ҳамин тариқ ӯ шахси сарватмандтарини Чин ва 18-ум шахси сарватманди ҷаҳон дар рӯйхати сарватмандҳо гашт[4].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои аввал
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжэсзян дар оилаи мусиқидонон таваллуд шудааст; оила аз уезди Шэнсян пайдо шудааст. Дар солҳои наврасӣ ният кард забони англисиро биомӯзад ва мунтазам бо велосипед ба меҳмонхонаи наздик мерафт ва дар онҷо бо хориҷиҳо гап мезад. Барои беҳтар намудани таҷрибаи англисиаш чун раҳбалади бепул барои сайёҳон тавассути шаҳр кор мекард[5].
Се бор аз имтиҳонҳои дохилшавии коллеҷ афтид. Дар соли 1988 Донишгоҳи омӯзгории Ханчжоуро бо ба даст овардани бакалаври илмҳои гуманитарӣ аз забони англисӣ хатм кард[6]. Дар Донишгоҳи электроника ва техникаи Ханчжоу чун омӯзгори забони англисӣ ва савдои ҷаҳонӣ бо маоши 12—15 доллар дар як моҳ кор кардааст. Дар оғози солҳои 1990-ум кӯшиш мекард то соҳиби дилхоҳ кор шавад, аммо мегуфт, ки «ҳатто ёрдамчии менедҷер дар тарабхонаи KFC» гашта, натавонист[5].
Шуғл
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар с. 1995 чун тарҷумон дар таркиби ҳайати савдо ба Сиэтл равон шуд, ки дар онҷо яке пз дӯстонаш ба ӯ Веби ҷаҳониро нишон дод. Чунки кӯшишҳои ёфти маълумот ба воситаи системаи кофтукобии Yahoo! нишон дод, ки иттилое вуҷуд надорад, Ма, ки то ин дам бо компютер шинос набуд, ният кард, ки ширкати интернетии худро созад, ва бо кумаки зан ва рафиқаш сармояи ибтидоиро (рус. стартовый капитал) бо маблағи 2 ҳазор доллар ҷамъ кард[7]. Ширкатро, ки ба сохтани веб-сомонаҳо машғул буд, Ма «Саҳифаҳои зарди чинӣ» номид. Баъдан ӯ ба хотир меовард: «Рӯзе, ки мо ба Интернет пайваст шудем, ман ба наздам дӯстонамро даъват кардам. Мо се соат боркунии саҳифаро интизор мешудем. Дар замони интизорӣ мо менушидем, телевизор тамошо мекардем, қартабозӣ мекардем. Аммо ман фахр мекардам. Ман (ба меҳмононам) исбот кардам, ки Интернет вуҷуд дорад»[8]. Аз сабабҳои молиявии зич офиси ширкат дар ҳуҷраи Ма ҷойгир буд. Баъди 3 сол фоидаи ширкат 5 млн юанро (наздики 800 ҳаз. доллар) ташкил кард.
Аз с. 1998 то 1999 Маркази савдои электронии чиниро роҳбарӣ мекард, ки як бахши Вазорати савдои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодӣ буд. Дар соли 1999 аз кори давлатӣ рафт ва бо 17 рафиқаш ширкати Alibaba Group-ро таъсис дод, ки барои савдо байни ширкатҳои паст ва миёна пешбинӣ шуда буд[9]. Барои таъсиси ширкат 60 ҳазор доллар сарф шуд[4]. Ном аз сабаби талаффузи осон бо дилхоҳ забон интихоб шуд ва ҳиссиёти афсонаи машҳур дар бораи зарро ба хотир меовард[5].
Дар давраи аз моҳи октябри 1999 то январи 2000 сармояи венчуриро бо маблағи умумии 25 млн доллар ба даст овард, аммо ҳоло ҳам зарарҳои зиёд медид. Нокомиҳо баъди он, ки ширкат системаеро сохт, ки ба содироткунони чинӣ имкон медод, ки муштариёнашонро дар ИМА ёбанд, тамом шуданд. Дар с. 2002 даромади ширкат 1 долларро ташкил дод, ки баъди он афзоиши босуръат дар он оғоз шуд[5].
Дар давраи солҳои 2003—2005 ширкати Taobao (аналоги таърихи eBay), Alipay ва Ali Mama-ро таъсис дод. Баъди муваффақияти бузурги Taobao (дар соли 2006 eBay маҷбур шуд бахшии чинии ширкаташро аз сабаби бе муфид буданаш баст[10]) ва афзоиши минбаъдаи саҳмияҳои Taobao eBay ба Ма пешниҳод кард, то ин тиҷоратро аз ӯ бихарад, аммо ӯ қабул накад, чунки намехост идораи ширкатро аз даст диҳад. Ба ҷои ин Ма бо кумаки асосгузори Yahoo, Ҷеррӣ Янг соҳиб гашт, ки ӯ ба Alibaba 1 млрд доллар сармоя кард. Дар моҳи ноябри 2012 фоидаи «Alibaba» аз 1 трлн юан гузашт[11].
Дар соли 2013 вазифаи президенти ширкатро тарк кард,[7] аммо то сениябри 2020 раиси шӯрои директорон боқӣ монд. Дар моҳи сентябри соли 2014 эълон шуд, ки Alibaba ба ҷойкунии саҳмияҳояш дар Биржаи фонди Ню-Йорк тайёрӣ дида истодааст[12]. Дар нишасти матбуотии ширкат гуфта шуд, ки он ба ҷалбсозии 1 млрд доллар нақша мекашад, аммо сармояҳои ҳақиқӣ аз ин нишондод зиёдтар шуданд: Alibaba 25 млрд долларро ҷалб сохта, муваффақтарин IPO дар таърих гашт[13][14].
Нигоҳҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Муборизи фаъол барои ҳифозати табиат мебошад. Дар соли 2009 бо қарори ӯ фурӯши қанотҳои акулагӣ тариқи ҳамаи платформаҳои тиҷоратиро Alibaba манъ кард[15]. Дар соли 2010 баъди тарки курсии президенти Alibaba аз тарафи ӯ, Ма раиси Шӯрои муҳофизати табиати Чин гашт[16]. Баъдан ӯ изҳор дошт, ки Alibaba 0,3% фоидаи солонаашро барои барномаҳои гуногуни муҳофизати муҳити зист, барномаҳои беҳсозии сифати об ва ҳаво равона хоҳанд шуд[17]. Тибқи иттилои рӯзномаи «Жэнмин жибао», Ма — аъзои Ҳизби коммунисти Чин мебошад[18][19][20].
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар охири солҳои 1980-ум бо ҳамкурсаш Чжан Вэй издивоҷ кард. Онҳо соҳиби ду фарзанданд: писарашон Ма Юанкун ва духтарча бо номи Ма Юанбао.[21]
Дастовардҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ба рӯйхати «даҳгонаи беҳтарини тоҷирони роҳбари сол»-и Телевизиони марказии Чин дохил шудааст (2004)[22];
- Ба рӯйхати «25 тоҷирони пурқудрати Осиё» аз рӯи маҷаллаи Fortune дохил шудааст (2005);
- «Тоҷири сол» аз рӯи Businessweek (2007)[23];
- Шомили рӯйхати «30 CEO-и беҳтарини ҷаҳон» тибқи Barron’s аст (2008)[24];
- Ба рӯйхати «100 одамони бонуфузи ҷаҳон» аз рӯи нусхаи маҷаллаи Time мебошад[10] (2009 и 2014);
- Ба рӯйхати «одамони пурқудраттарини Чин»-и маҷаллаи Businessweek дохил шудааст (2009)[25];
- Ба рӯйхати «10 соҳибкорони пурҳурматтарини Чин» аз рӯи маҷаллаи Forbes China дохил шудааст (2009);
- Унвони «Қаҳрамони хайркуни Осиё»-ро дар соли 2010 аз тарафи Forbes Asia барои кумак ба шахсони камбизоат ва аз офатҳои табиӣ зарардида, гирифтааст[26];
- Доктори шоистаи илмҳо (Донишгоҳи илм ва технологияи Ҳонконг, 2013)[27];
- Дар рӯйхати «пурқудраттарин одамони ҷаҳон» аз рӯи маҷаллаи Forbes ҷои 30-юмро ишғол кард (2014)[28].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Gregersen E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ http://www.nytimes.com/2011/05/16/technology/16yahoo.html
- ↑ 3.0 3.1 Jack Ma(англ.). The World's Billionaires. Forbes (10 May 2016). 27 ноябри 2018 санҷида шуд.
- ↑ 4.0 4.1 Ma Says Alibaba Shareholders Should Feel Love, Not No. 3, Bloomberg, Bloomberg (10 ноябри 2014). Проверено 10 ноябри 2014.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 How I Did It: Jack Ma, Alibaba.com. Inc.com. 23 сентябри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Alibaba.com. About Jack Ma.
- ↑ 7.0 7.1 Alibaba без разбойников: как Джек Ма покорил китайский интернет-рынок. Forbes (13 май 2014). 18 марти 2015 санҷида шуд.
- ↑ Barboza, David. New Partner for Yahoo Is a Master at Selling (15 августи 2005). 1 май 2015 санҷида шуд.
- ↑ Popovic, Stevan. Jack Ma: The man leading the Chinese e-commerce market. «Hot Topics» (4 май 2014). 1 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 Январ 2016.
- ↑ 10.0 10.1 The 2009 TIME 100: Jack Ma. Time (30 апрели 2009). 23 сентябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 августи 2013.
- ↑ The Alibaba phenomenon. Economist (13 май 2013). 1 май 2015 санҷида шуд.
- ↑ IPO launch of Alibaba pushed back by a week, China National News (1 сентябри 2014). Бойгонӣ шудааст 3 сентябри 2014 сол. Проверено 1 сентябри 2014.
- ↑ Основатель Alibaba Джек Ма заработал на её IPO $867 млн (19 сентябри 2014). 18 марти 2015 санҷида шуд.
- ↑ IPO Alibaba стало крупнейшим в истории. Ведомости (22 сентябри 2014). 26 сентябри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Anti-shark finning campaigns. Stop Shark Finning. 1 май 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2015.
- ↑ The Alibaba IPO will set a record, but the company's founder has focused on China's environmental problems. Time (19 сентябри 2014). 1 май 2015 санҷида шуд.
- ↑ Who Is Jack Ma? Five Things To Know About The Alibaba Founder Before The IPO. International Business Times (6 май 2014). 1 май 2015 санҷида шуд.
- ↑ 关于改革开放杰出贡献拟表彰对象的公示, Жэньминь жибао (26 ноябри 2018).
- ↑ Alibaba's Jack Ma is a Communist Party member, China state paper reveals, Reuters (27 ноябри 2018).
- ↑ Джек Ма вступил в Коммунистическую партию Китая // Ведомости, 27.11.2018
- ↑ Zhang Ying, the wife of Alibaba founder Jack Ma. Want China Times (30 сентябри 2013). 23 сентябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 сентябри 2014.
- ↑ Alibaba.com: A Smiling Community with a Dream. Financial Times. 1 май 2015 санҷида шуд.
- ↑ «Businessperson of the Year 2007 Бойгонӣ шудааст 29 Декабри 2014 сол.». Bloomberg Businessweek. January 2, 2008.
- ↑ «World’s Best CEOs 2008». Barron’s. March 24, 2008.
- ↑ China’s Most Powerful People 2009. Businessweek. 23 сентябри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 сентябри 2014.
- ↑ In Pictures: 48 Heroes of Philanthropy. Forbes (5 марти 2010). 23 сентябри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Jack Ma Is the Loneliest Billionaire in China. Businessweek.com. 23 сентябри 2014 санҷида шуд.
- ↑ Putin Vs. Obama: The World's Most Powerful People 2014. Forbes (5 ноябри 2014). 18 Январ 2015 санҷида шуд.
Библиография
[вироиш | вироиши манбаъ]- Shiying, Liu; Avery, Martha. alibaba: The Inside Story Behind Jack Ma and the Creation of the World's Biggest Online Marketplace. — HarperCollins, 2009. — ISBN 0-06-167219-X.