Тарбияи ҳуқуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тарбияи ҳуқуқӣ - фаъолияти мақсадноки мунтазами давлат, мақомотҳо ва хизматчиёни он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷамоаҳои меҳнатӣ барои ташаккул додан ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад. Таълими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқӣ миёни худ дар ҳоли пайвастагӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ бошад, таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ як қисмати раванди умумии ташаккули маънавии шахсият ба шумор меравад, ки бидуни он сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёд бо эълони арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ номумкин мегардад.

Тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Зарурияти мустаҳкам намудани пояҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар сатҳи сиёсати олии давлатӣ ба миён гузошта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15 – солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ин маврид чунин ибрози назар намуданд:

«Эҳтиром, риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.»

Ташаккули як шахсияти аз ҷиҳати ҳуқуқӣ бомаърифат зина ба зина сурат мегирад. Хишти аввалро дар ин раванд муҳити оила мегузорад. Чигунагии сатҳи тарбия дар оила пеш аз ҳама аз дараҷаи камолоти маънавии волидайн ва роҳу усулҳои тарбия дар оила вобастагӣ дорад.

Баъдтар ин ҷараён дар боғчаи кӯдакон ва ба дунболи он дар мактаби миёна идома пайдо мекунад. Воситаҳои ахбори омма низ бо назардошти минбари васеи таъсиррасониву иттилоотӣ ва омӯзишӣ – маърифатӣ доштани худ бояд мавзӯъҳои ҳуқуқиро бештар инъикос кунанд. Бо ҷалби ҳуқуқшиносон ба ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намоянд.

Тарбияи ҳуқуқӣ кори ҳамоҳанги тамоми сохторҳои дахлдори давлатӣ ва дигар бахшҳои ҷомеаро тақозо дорад. Чунин муқаррарот дар Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019 ҷой дода шудааст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қонун

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]