Ёсуман
| ?Ёсуман | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Jasminum polyanthum
|
||||||||||||
| Классификатсияи илмӣ | ||||||||||||
|
ЁСУМАН, ёсамин, ёсмин, с у-мав (Jasminum), буттаи хазоврез ё х.амешасабзи печанда. Барги сод-да, мураккаб <аз баргчахр иборат аст) ё себарга, гули сафед, зард, сурхтоби хушбӯй ва туза дорад. Қариб 200 намуди Ёсуман маълум буда, асосан дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикии Осиё, Африко ва Амрикои Ҷанубӣ мерӯяд. Дар СССР се намуди Ёсуман. (J. officinale — дар Кавказ ва Тоҷикистон; J. revolutum — танҳо дар к,-тсух.хри Дарвоз; J. fruti-cans — Қрим ва Кавказ вомехурад.
Аз гули шоҳсуман — Jasminum grandiflorum (Ҳимолой) ва Ёсумани хушбуй — Jasminum odoratissimus (ҷазираи Мадейра) равғани эфир мегиранд, ки дар атриёт фаровон истифода мешавад. Ёсумани ҳамешасабзи печактана — Jasminum sambac чун гули хонагӣ маъмул аст. Ёсумани сафед (Jasminum officinale) бутта-ест, ки навдахои хазавда ё печанда дорад. Баландя^п то 1 м. Шохчахсь яш камбарг, баргаш пармонавд (да-■розиаш то 10 см, бараш то 7 см) бу¬да, тамоми зимистон сабз мемонад; гули к,адахдпакли сафед (кутраш то 2,5—3,5 см), хушагули 2—4-гула въ гузаи гуч,уммевашакл дорад. Дар шароити табиии республика мобайн-х.ои июнь гул мекунад. Ёсумани сафеди худруй танхр дар нишебихои ч,ан. ц-куз;и Хисори хавзаи д. Варзоб вомехурад.
Ёсумани зард ё зарсуман (Jasminum revolutum) буттаи хамешасабз (баландиаш 2,5. м). Баргаш аз як ё се чуфт баргча таркиб ефтааст; дарозиаш то 8—10 см, бараш 5 см. Гули қадаҳшакли зард, хӯшагули 15— 19-гула, гузаи дутухма дорад. Дар шароити табии июл — август гул мекунад. Танҳо дар Дарвоз меруяд. Ёсуман сифатхои хуби ороиши дорад ва бесабаб нест, ки аз замонхои кадим хамчун гули писандидаи шарқиён маъмул гаштааст.
Адабиёт [вироиш]
- Ҳоҷиматов М., О л и м о в М., Чаҳорбоғи гулҳо. Душанбе, 1979; 3anpягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Ленинград 1976.