Ёҳу

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
?Ёҳуҳо
A Silver Gull, Lakes Entrance
Классификатсияи илмӣ
Шоҳигарӣ: Animalia
Phylum: Chordata
Синф: Aves
Тартиб: Charadriiformes
Suborder: Lari
Оила: Laridae
Vigors, 1825
Genera

Pagophila
Larus
Rissa
Creagus
Xema
Rhodostethia

ЁҲУ (Larus), як навъ паррандаи обист. Дарозии танаш 17—55 см, вазнаш 0,55—2,5 кг. Қаноташ дароз,думаш кутоҳ, нӯлаш одатан зарди чангакшакл, пойхояш сиёҳ, сурх ё зард (панҷаҳои пешаш нардаи шиноварӣ доранд); пару болаш зичи сертибит (бештар сафед). Ранги Ёҳу вобаста ба синну сол ва мавсим тағир меёбад. Дар сохили бахр, дарьё ва кулҳо зиндагй мекунад. Шиноварй хубест, барои гирифтани тӯъма чуқур ғута мезавад. Ёҳуҳо дар шахҳоӣ соҳил, найзор, буттаву дарахт ва ё лона сохта, 1—4 дона тухм мегузоранд (тухмашон якранг ё хол-хол), Аа тухм чуҷаи патдор мебарояд. Ё чуҷаашро то паррончак шудан мехӯронад. Дар Тоҷикистон 5 намуди Ёҳуҳо дар чазира ва сохилхои дастнораси Зоркӯл, Яшилкӯл, Қарокӯли Помир (Ёҳуи сарсиёҳ — Larus ichtyetus ва Ёҳуи сарбур — Larus brunnicephalus), ҷариҳои соҳили кӯлу обанборҳои сунъӣ ва поёноби дарьёхо (Ёҳуи нуқрагун-Larus argentatus, Ёҳуи кабуд —Larus canus ва Ёҳуи кӯли — Larus ridibundus) маскун аст. Ҳашарот ва кирминаиҳо, нармбаданҳо, мушу каламушро хӯрда, ба хоҷагии қишлоқ фоида меорад. Ёҳу моҳӣ (асосан моҳиҳои камаҳмият) низ мехӯрад.

Ёҳу

Адабиёт[вироиш]

  • Абдусалямов И. А., Фауна Таджикской ССР, т. 19, ч. 1, Птицы, Душанбе., 1971; Степанян Л. С, Cocтав и распределение птиц фауны СССР, т. 1—2, М., 1975: Птицы, Москва-, 1883.