Абдулло Яъқубов
Абдулло Яъқубович Яъқубов | |
Таърихи таваллуд | 16 май 1932 |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2003 |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошт, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Ҷоизаҳо | Аълочии нигоҳдории тандурустии ИҶШС (1974) |
Абдулло Яъқубов (16.05.1932 – 2003, Хуҷанд) — пизишки муолиҷакунанда, доктори илмҳои тиб (1982), профессор (1987). Аълочии нигоҳдории тандурустии ИҶШС (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст (1958). Ходими хурди илмии Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошти Тоҷикистон (1958-61), унвончуи Пажуҳишгоҳи беҳдошти АИ ИҶШС ва Пажуҳишгоҳи беҳдошти меҳнат ва бемориҳои касбии ш. Киев (1961-64), мудири ташхисгоҳ ва мудири шуъбаи Пажуҳишгоҳи эпидемиология ва беҳдошт (1964-84), мудири кафедраи зообеҳдошти Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон (1984-87), мудири кафедраи беҳдошти умуми ва иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1992-97), мудири кафедраи беҳдошти умуми ва иҷтимоии БХ ДДТТ (1997-2003).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи бештар аз 140 асари илми ва илмию методи. Ташкилкунанда ва иштироккунандаи як қатор ҳамоиш ва конфронсҳои байналхалқӣ оид ба масоили беҳдошт ва токсикологияи нестетсидҳо.
Осори илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пешгири кардани заҳролудшави аз ядохимикатҳо. -Д., 1965;
- Гигиена применение нестецидов в условиях Таджикистана. - Д., 1975.[1]