Абдулло Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Қурбонов
Сурат
Таърихи таваллуд 17 сентябр 1985(1985-09-17) (38 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша корманди бонк
Падар Убайдулло Қурбон

Абдулло Қурбонов (Қурбонов Абдулло Убайдуллоевич; зод. 17 сентябр 1985, душанбе) — бонкдор, яке аз бунёнгузорон ва роҳбари Алиф Бонк[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Қурбонов 17 сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 2002 Литсейи тоҷикӣ-туркии Душанберо хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи Босфори Туркияро бо ихтисоси менеҷмент хатм ва ду сол дар магистратураи Донишгоҳи иқтисодии Лондон таҳсил кардааст.

Пас аз таҳсил як муддат дар Британияи Кабир ва Муғулистон ба ҳайси таҳлилгари Бонки UBS кор кард. Солҳои 2012—2014 муовини раиси «Ориёнбонк» буд. Соли 2014 бо чанд нафари дигар муассисаи молии «Алиф Сармоя»-ро таъсис дод, ки ҳоло номи «Алиф-Бонк»-ро дорад ва аз ҳамон сол мудираш мебошад.

Ӯ ҳамчунин яке аз муассисони тарҳои «Somon.tj» ва бунёди хайрияи «Пешрафт» низ дониста мешавад[2].

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулло Қурбонов ҳамсар ва 3 фарзанд дорад[3][4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бонкҳо. nbt.tj. 18 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Аз набераи Эмомалӣ Раҳмон то мудири "Алиф Бонк": 30 ҷавони муваффақи Тоҷикистон кистанд?. asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 Январ 2022). 6 Январ 2022 санҷида шуд.
  3. Мудири "Алиф Сармоя" як дарди бонкҳои Тоҷикистонро шарҳ дод.ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 18 ноябри 2021 санҷида шуд.
  4. Абдулло Курбонов - биография, образование, карьера, награды(рус.). Медиа о людях и жизни в Душанбе. dushanbe.me (30 ноябри 2023). 26 Декабри 2023 санҷида шуд.