Jump to content

Абдусаттор Нуралиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусаттор Нуралиев
Нуралиев Абдусаттор Нуралиевич
Таърихи таваллуд 22 август 1941(1941-08-22)
Зодгоҳ деҳаи Қушробод, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон
Таърихи даргузашт 20 март 2020(2020-03-20) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ журналистика,рӯзноманигорӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
медали «Ветерани меҳнат»

Абдусаттор Нуралиев (22 августи 1941, ноҳияи Қушробод, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон — 20 марти 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия (2011). Раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусаттор Нуралиев — (22 августи соли 1941, деҳаи Кушрабоди ноҳия Кушрабоди вилояти Самарқанди Узбекистон), Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм намуда, (1968) ба Шуъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омад. Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиаш дар факултети филология ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён ёфтааст. Аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996—2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз сентябри соли 2002 мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва минбаъд профессори кафедраи номбурда буд.[1] Абдусаттор Нуралиев 20 марти соли 2020 дар ш. Душанбе даргузашт.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самти пажӯҳиши Нуралиев масъалаҳои равобити адабии тоҷику қазоқ ва журналистика мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 200 мақолаву рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таалуқ доранд. Мақолаи «Журналистикаи миллатҳои шӯравӣ» дар китоби «Советская многонациональная журналистика» — М., 1975 доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст.

Инчунин рисолаҳову монографияҳои зер аз нигоштаҳои ӯянд:

  • «Жанрҳои ахбории матбуот» (1988),
  • «Журналистикаи советии тоҷик» (1989 ҳаммуаллиф),
  • «Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ» (1994),
  • «Абай ва адабиёти тоҷик» (1995),
  • «жанрҳои ахбории матбуот» (2007),
  • «Таджикско-казахские литературные связи» (2011),
  • «Информационные жанры печати» (2005),
  • «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (2005),
  • «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (2003),
  • «История зарубежной журналистики» (2014).
  • медали «Собиқадори меҳнат»,
  • медали «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Қазоқистон»,
  • медали «Хидмати шоиста»
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Ҷ.3. — Душанбе, 2004. — С.517.
  • Наша Элита./Энциклопедия КазНУ им. Аль-Фараби. — Алматы, 2014. — Т.2. — С.144.
  • Профессор Нуралиев Абдусаттор (Маҷмӯаи мақолаҳо). — Душанбе, 2011.

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусаттор Нуралиев дар фильми мустанади «Мо донишгоҳро таъсис намудаем» (русӣ «Мы создали университет») дар бораи таърихи таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ намудааст. Нигаред: «Мы создали университет»(рус.) Бойгонӣ шудааст 21 апрели 2021  сол.

  1. Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Ҷ.3. — Душанбе, 2004. С.517.